Дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати IV баргузор гардид.
Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ медиҳад, дар кори он аз ҷумлаи 70 вакил 62 нафар ширкат доштанд. Бояд гуфт, ҳисоботи Қоҳир Расулзода, раиси вилоят қаблан дар матбуоти даврии вилоятӣ ба табъ расида буд, аз ин рӯ вакилон якбора ба муҳокимаи он гузаштанд.
Қайд гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят тӯли 5 соли охир 3,8 маротиба, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3 маротиба, ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ва хориҷӣ мутаносибан 2,5 маротиба, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4,6 маротиба афзуда, сатҳи тавварум ба ҳисоби миёна -1,3 дарсад коҳиш ёфт. Тайи ду соли ахир дар соҳаи саноати вилоят қариб 170 корхонаҳои хурду миёна бо теъдоди зиёда аз 7000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ва дар давраи сипаригаштаи сол қариб 2000 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, наздик 500 гектар заминҳо ва намудҳои нави хизматрасонӣ аз худ карда шуданд, ки ин ҷиҳати дарёфт намудани захираю имкониятҳои иловагӣ барои ташаккули манбаи нави андозбандӣ шароит фароҳам овард.
Дар ин иҷлосия ҳамчунин зикр шуд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети вилоят дар соли 2013 ба маблағи 884 миллион сомонӣ ва хароҷоти он ба маблағи 832,4 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ мутаносибан 234,0 миллион сомонӣ ва 220,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад: «Соли оянда афзоиши даромадҳои умумии вилоят 36 дарсадро ташкил намуда, дар як вақт маблағи ҳиссагузориҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли ҷорӣ беш аз 13,6 млн.сомонӣ меафзояд, ки ин ҳам саҳми вилоят дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад».
Мӯҳр