Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Қатар бо шайх Аҳмад Бин Муҳаммад Аттанӣ, муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот намуд.
Давлат Назриев, сардори депортаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни сӯҳбат масоили инкишофи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз тарафи ширкатҳои қатарӣ ду лоиҳаи муҳим – сохтмони масҷиди ҷомеъ ва «Шаҳраки диёр» амалӣ мегарданд.
Ҷонибҳо қайд намудаанд, ки бояд ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Мӯҳр