Бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон як донишҷӯъ ҳалок гардида, як тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш ВР 33-55 РТ 01, Абдуҷалил Мусоев ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Данғара ба ноҳияи Ҳамадонӣ дар километри 124-уми роҳ аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба қафои бордони трактори Т 28, ки таҳти идораи Маҳмадамин Ҳакимов қарор дошт, бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи «Опел-Астра» Файзиддин Давлатови 18 сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, донишҷӯи бахши 1-уми Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтанаш дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Бобоҷон Собирови 19 сола, сокини ноҳияи Данғара ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мӯҳр