Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 08:26

То 31-уми декабр ҳаво камабру бебориш хоҳад буд. 1-уми январи 2013 барф меборад

28 декабр 2012, 07:30

Дар ин бора ба Озодагон Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба қавли ӯ, «то 31-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш, рӯзона ва бегоҳӣ туманфароӣ, яхбандӣ  дар роҳҳо дар назар аст. Ҳаво шабона 12-14 дараҷа хунук, рӯзона бошад, -2 дараҷа хунукӣ мешавад ва баъдан то 31-уми декабр ҳарорати ҳаво каму беш гарм шудан мегирад. 1-уми январи соли 2013 дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво паст шуда, рӯзона -1 дараҷа хунукиро ташкил дода ва эҳтимолияти боридани барф дар қисми зиёди ҷумҳурӣ дар назар аст».

-Ҳарорати ҳаво шабона дар вилояти Хатлон  аз 9 то 14 дараҷа хунук, рӯзона бошад, аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм. Дар доманакӯҳҳо бошад, шабона то 20 дараҷа хунук, рӯзона бошад, 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд шабона 9-14 дараҷа хунук рӯзона 05 дараҷа дар водиҳо хунук, дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад, шабона то 20 дараҷа хунук рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук мешавад»-афзуд манбаъ.

Гуфтанист, дар ғарби вилояти Бадахшон аз 13 то 15 дараҷа хунук, рӯзона 6 дараҷа хунук ва дар шарқи ин минтақа то 20-25 дараҷа хунук дар минтақаи Булукул бошад , ҳаво то 31 дараҷа сард хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!