Дар ҳамин росто 44 нафар афсарони қисми низомии тобеи Вазорати мудофиа дар гарнизони вилояти Суғд ва комиссариатҳи ҳарбии вилоят дар арафаи соли нави милодӣ соҳиби манзилҳои худ шуданд.
Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Суғд иттилоъ медиҳад, дар маросими ба истифода додани бино барои хизматчиёни ҳарбӣ Қоҳир Расулзода, райиси вилоят ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ширкат доштанд. Шералӣ Хайруллоев хизматчиёни низомиро бо соли наву хонаи нав таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки ин бино бо дастури президенти мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа таъмиру азнавсозӣ шудааст.
Ҳамзамон, Қоҳир Расулзода зимни сухани муборакбодӣ икдоми мазкурро нишонаи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳукумат маънидод кард ва афзуд, ки сол то сол ҳукумати мамлакат барои беҳтар кардани шароити хизматӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Мӯҳр