Бахшҳо

Сафири ИМА: Ғизои нокифоя яке аз омилҳои гирифторшавӣ ба маризии сил аст

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кӯмаки навбатиашро ба касалхонаи бемориҳои сил ироа кард.


Дар робита, ба ин Кен Гросс сафири Амрико дар ҷумҳурӣ, муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов  ва  роҳбари созмони хайриявии  «Авасто» Фирӯза Абдуллоева ба муштариёни беморхонаи ҷумҳуриявии табобати бемории  сил дар доираи  барномае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)   маблағгузорӣ карда мешавад,  980 кг  хӯрокаи хушки  наску сабзавотро  дастрас  намуданд. Гуфтанист, Агентии мазкур дар ҳамкорӣ бо созмони ғайриҳукуматии «Авасто»  ва созмони амрикоии "Resource and Policy Exchange, Inc.» (RPX) то имрӯз зиёда аз 37 тонна хӯроквории сервитамин барои зиёда аз 22000 нафар  шаҳрвандони  Тоҷикистон дастрас кардааст.
Ҷаноби Гросс зимни маросими имрӯза аз ҷумла гуфт: «Касалии сил яке аз масъалаҳои муҳими тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ғизои нокифоя бошад, яке аз омилҳои маъмули хавфи беморшавӣ бо касалии сил аст. Мусаллам аст, ки  беҳтар кардани ғизо  барои беҳтар намудани саломатии ин қабил беморон ва наҷот додани онҳо аз марги бемаҳал таъсири мусбии калон хоҳад расонд.  Истеъмоли микдори зарурии микронутриентҳо дар намуди  витаминҳо ва минералҳо  масунияти сустшудаи  беморони  силро беҳтар мекунад.  Барномаи «Озуқаворӣ баҳри  сулҳ», ки аз ҷониби   USAID маблағгузорӣ карда мешавад, дар Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 2011 барои таъмин намудани  амнияти озуқавории кӯдакони маъюб, беморони касалии сил ва дигар муштариёни  муассисаҳои табобатӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.Тавассути ин ёрии башардӯстона, ки 93049 доллари ИМА арзиш дорад, ба   беморони 77 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои махсусгардонидашудаи  Тоҷикистон кӯмак расонида мешавад.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи мазкур яке аз тарҳҳои сершумори ёрирасони Агентии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад.  Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)