Варзишгарони Тоҷикистон дар риштаи таэквондо (WTF) маҳорати худро дар Амрико сайқал медиҳанд.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин бора ба Озодагон иттилоъ дода афзуд: «10-уми январ ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон - Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, ҳамчунин Хисрав Ғиёсов, ки дар Бозиҳои Осиёӣ-2010 мақоми панҷумро касб карда буд барои омодагӣ ба мусобиқаҳои оянда ба ИМА сафар хоҳанд кард»
Тамриноти таълимии таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Денвери иёлати Колорадо таҳти раҳбарии мураббии таэквандо- Комил Латифов баргузор мешавад. Маврид ба тазаккур аст, ки Латифови тоҷикистонӣ аз соли 2005-ум дар ИМА ба сар мебарад ва чандин маротиба ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо (WTF) гардидааст.
Мӯҳр