Дар ин бора ба Озодагон аз раёсати Донишкадаи давлатии санъат иттилоъ доданд.
Тағоймурод Назаров, ноибрайиси ин мактаби олӣ ба мегӯяд, омӯзгори ҷавони кафедраи санъати тасвирии факултаи театри бадеии ДДСТ Беҳрӯз Забиров соҳиби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва диплому мукофоти пулии кумита гардид. Ҳамчунин, ҳунармандони студияи «Аҳорун»-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, хатмкунандагони шуъбаи актёрии донишкада бо ҷоиза ва мукофотпулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сазовор шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ҳунармандони студияи «Аҳорун»-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон »-ро дар Театри академии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоиш дода буданд.
Мӯҳр