Муовини вазири хориҷаи Покистон ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шудааст.
Дар ин бора ба Озодагон аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд.Гуфта мешавад, ҷаноби Бабар имрӯз бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон мулоқот карда, сӯҳбати гуфтугӯи ӯ бо масъулини дигари ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст: «Интизор меравад, дар ҷараёни дидори 3 рӯзаи худ аз Тоҷикистон оқои Бабар бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дидор дошта бошад».
Маврид ба ёдоварист, имрӯз, Зубайдулло Зубайдов, сафири қаблии Тоҷикистон дар Покистон, ки ваколати ӯ дар ҳафтаи гузашта дар ин кишвар анҷом ёфт, бо вазири хориҷаи Покистон дидори худоҳофизӣ дошт.Зубайдов, ки тайи чаҳор соли ахир роҳбарии сафорати Тоҷикистон дар Покистонро бар ӯҳда дошт, сафири Тоҷикистон дар Кувайт таъйин шуд. Бо фармони президенти кишвар, алъон Шералӣ Ҷононов сафири Тоҷикистон дар Покистон таъин гардидааст.
Мӯҳр