Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумати шаҳр иброз гардид.
Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт аснои тафсири ин хабар ба Озодагон гуфт, нишасти мазкур дар бинои «Маркази равобити пойтахт» , таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва бо иштироки муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатову масъулини субъектҳои хоҷагидории зертобеи шаҳрдорӣ, раисони Шўрои маҳаллаву шаҳрак, роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, сохторҳои худидораи биноҳои бисёрхонагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеи шаҳр сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар ҷаласа қайд шуд, ки дар соли 2013 сохтмони манзил, мактаб, толорҳо ва майдончаҳои варзишию фароғатӣ, қасрҳои теннис барои 3000 ва намудҳои варзишии обӣ барои 2000 ҷойи нишаст дар сатҳи меъёрҳои олимпию байналмилалӣ бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, иншооти соҳаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз қабили марказҳои савдо ва «минимаркет»-ҳо, бозори замонавӣ, дар соҳаи иҷтимоӣ беморхонаи бисёрсоҳавӣ барои 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як бахш ва осоишгоҳ барои 200 нафар дар назар дошта шудааст.
Манбаъ афзуд, дар нишаст вазъи нақлиёт ва ҳаракати он дар пойтахт низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо мақсади мусоидат ба ҳаракати бемайлони нақлиёти ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз танбашавӣ (пробка) ва ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хусусии дар роҳҳои сайри нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ тибқи талаботҳои қонунгузорӣ машғулиятдошта, бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Алма-атои Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои мамолики мутараққӣ, ки ин тадбир нек амалӣ мешавад, роҳандозии пулакии истифодаи муваққатии таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ (паркинг)-ро мувофиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар шаҳрамон ҷорӣ карда мешавад.
Мӯҳр