Сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон аз шеваи баргузории бархе аз озмунҳои ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ба кор қабул кардани мутахассисон, изҳори нигаронӣ намуд.
Бино ба иттилои Грез Қосимов, сардори ин раёсат, ҳамаи озмунҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар хусуси ба кор қабул намудани мутахассисон бояд бо иштироки намояндаи раёсати хизмати давлатӣ гузаранд.Аммо ба гуфтаи Қосимов, на ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ қабл аз баргузории озмунҳояшон ба раёсат мактуб ирсол менамоянд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин номбурда бархе аз озмунҳоро ношаффоф ва ғайривоқеъӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки набудни намояндаи раёсати хизмати давлатӣ зимни озмунҳо, ин худ шаффоф ва воқеӣ нагузаштани озмунҳо мебошад.
Мӯҳр