Бахшҳо

Омодагии Фаронса ба сармоягузорӣ дар бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН, Сафири Фаронса дар  Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон ба Озодагон иттилоъ дод, Зуҳуров бо хоҳиши дипломати фаронсавӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва табиқи раванди демократикунонии ҷомеъа маълумоти мукаммал дод. Райиси парлумон иброз дошт, ки моҳи октябри соли гузашта МН протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро   тасдиқ кард: «Фаронса яке аз он давлатҳои аврупоист, ки соли 1991 истиқлолияти   Тоҷикистонро эътироф кард ва то ба имрўз муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ густариш меёбанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Вазорати мудофиаи Фаронса маблағгузории сохтмони манораи нави  назоратӣ-диспетчерӣ, ки дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе  бунёд карда мешавад, ба ӯҳда гирифтааст.

Дар нишасти мазкур Дидйе Леруа иброз дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар заминаҳои ҷалби сармояи Фаронса ба соҳаҳои гидроэнергетика, электротехникӣ, кишоварзӣ, туризм, коркарди захираҳои маъдании кишвар бо  Фаронса ҳамкорӣ дошта бошад.

Маврид ба ёдоварист, дар чорчӯби муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронса 12 ҳуҷҷат имзо шудааст, ки  заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро ташкил медиҳанд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)