Гуфтӣ, ки кори халқ ба сомон шавад, нашуд,Кишвар зи адлу дод гулистон шавад, нашуд.
Ҳар ҷо ситамкашест, раҳад аз бало, нараст,
Ҳар ҷо, ки золимест, ба зиндон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, зимоми кор чу дар дасти мо фитод,
Бисёр мушкилот, ки осон шавад, нашуд.
Гуфтӣ ба ҳукми ақлу шариат аз ин сипас,
Кишту замину об зи деҳқон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, маҷоли ҷилва ба ноҳақ намедиҳам,
То ҳақ чу офтоб намоён шавад, нашуд.
Гуфтӣ, хилофи расми куҳан дар замони мо,
Мизон-рутбаи донишу имон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, ба рағми хоини худкома баъд аз ин,
Даврон ба коми ходими Эрон шавад, нашуд.
Кохи ситам, ки кунгура зи чарх бурдааст,
Миллат дар интизор, ки вайрон шавад, нашуд.
Озода шуд забуну ҷафо диду дам назад,
Бар бӯйи он ки вазъ дигарсон шавад, нашуд.
Халқе бад-он умед, ки бемори мамлакат,
Дарвеш аз давои ту дармон шавад, нашуд.
Марди газофаиву ба гуфтор беамал
Пиндоштӣ, ки кор ба сомон шавад, нашуд.
Беҳзоди КИРМОНШОҲӣ
Мӯҳр