Дар пойтахт, аснои баргузории амалиёти фаврӣ бо гумони тайёр намудани пулҳои қалбакӣ шаҳрванди 51-солаи Русия боздошт гардид, ки пештар ду маротиба суд шуда будааст.
Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда дар хонаи иҷораи худ пулҳои қалбакӣ омода мекард.
-Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ, кормандони агентӣ пулҳои қалбакии ИМА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти тавлидкунандаи пулҳои қалбакиро ошкор намуданд,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, аз боздоштшуда дар маҷмӯъ 550 доллари ИМА, 149 сомонӣ, 1150 рубли русӣ ва 30 афғонии Ҷумҳурии и Афғонистон мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшуда ҳоло дар тафқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр