Бахшҳо

Шӯъбаи маълумотдиҳии фурудгоҳ 1029 нафарро «огоҳ» кард

Аз системаи муосири иттилоотӣ, ки моҳи марти соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳандозӣ гардид, то аввали соли равон ҳудуди 15 027 нафар  истифода кард.

Тавре Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи ФБД ба Озодагон иттилоъ дод, ин навоварӣ бо ибтикори роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия амалӣ гардид. Гуфта мешавад,  шӯъбаи маълумотдиҳӣ аз рӯи системаи ягонаи бахши муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия ба фаъолият оғоз карда, он марбути фурудгоҳи Душанбе аст: « Он ҳамарӯза ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусофирон дар бораи доштан ё надоштани иҷозаи вуруд ба қаламравӣ Русияро пешкаш менамояд. Ҳар як нафари муроҷиаткарда маълумоти зарурӣ ва дақиқро аз масъулони бахши маълумотдиҳӣ ройгон дастрас менамояд. Дастрас намудани маълумоти саҳеҳ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни хадамоти муҳоҷирати кишварҳои Тоҷикистон ва Рӯсия имконпазир гардид».

Манбаъ афзуд, паҳлӯи мусбати кор дар он аст,  ки ашхоси вурудашон ба қаламрави Русия манъ буда, иттилои пешакӣ гирифта, аз сафарҳои бебарор худдорӣ намуда, хароҷоти зиёдатии буҷаи хонаводагиро пешгирӣ менамоянд.

Ҳамзамон, аз хизматрасонии шӯъбаи мазкур дар соли гузашта 15.027 мусофир истифода намуданд, аз ин шумора 1029 нафар манъ будани вуруд ба қаламрави Русияро барои худ дарёфтанд, ки эҳтимолан ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа гардид. Аз моҳи декабри соли гузашта шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки пеш аз харидории чипта бо масъули бахши маълумотдиҳӣ Сайидхоҷа Умарзод оид ба дурустии ҳуҷҷатҳои расмӣ, шиноснома, шаҳодатномаи тавалллуд, маълумотномаҳо, ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ машварат намоянд.  

Дар назар аст, ки дар мувофиқа бо ниҳодҳои қудратии Федератсияи Русия гирифтани маълумот дар режими «Онлайн» бобати масоили вуруд ба қаламрави он кишвар имкон пайдо мешавад. Алъон, маълумот танҳо аз хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнати ФР дастарс мегардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)