Бахшҳо

Беш аз 570 миллион сомонӣ аз муомилот барчида шуд

Вазъи макроиқтисодӣ ва бо мақсади дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро пеш гирифта, соли гузашта меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 фоиз то 6,5 фоизи солона паст  намуд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст намудани фишорҳои таваррумӣ фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва асъор мавриди истифода қарор дода шуданд.

Манбаъ  афзуд,   барои таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд. Меъёри  фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 23,8 фоиз то 18,0 фоиз паст гардидааст.

Сарчашмаи хабар инчунин гуфт, ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 3,7 миллиард сомониро ташкил намуд, ки аз он 25,8 миллион тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар ин давра 1,4 миллиард сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 572,4 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)