Соли гузашта, чанд корманди Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҷурми таъмаҷуӣ ва сӯистифода аз вазифаҳояшон аз кор озод карда шуданд.
Нусратулло Давлатов, раиси ин ниҳоди молӣ, ки имрӯз, 23-юми январ дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон аз фаъолияти идорааш ҳисобот медод, дар ин бора иброз дошт: “Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, ки ба мо пешниҳод пешниҳод шуда буд, мо чунин тасмим гирифтем. Аз ин 12 нафар, парвандаи 3 нафараш бо сабаби кам будани гуноҳашон дар додситонӣ қатъ гардид. Боқимонда бо ҳукми суд ҷазои сазовор гирифтанд”.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, дар пайи рейду санҷишҳои марбута 21 ҳазор андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба сифати ҷаъзо ба маблағи 28,5 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид. Аз ин ҳисоб ба буҷет 25 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати соли 2011 қариб 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
-Давоми соли гузашта 3 фоизи андозсупорандагон, яъне 3 ҳазору 371 андосупорандаро аз санҷиш гузаронда, ба маблағи 272 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳоро ошкор намудем ва ба мо имкон шуд, ки 250 миллион сомонӣ ба буҷет ворид кунем,-афзуд Давлатов.
Мӯҳр