Кормандони милисаи навоҳии минтақаи Кӯлоб соли қаблӣ ба миқдори 1296 килограмм маводи нашъадор ёфт ва мусодира кардаанд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров, дар ҳамаи вилояти Хатлон дар ин муддат 1 тонаву 346 кг маводи нашъадор аз ҷониби ин мақомот ошкор гаштааст, ки қисми зиёдаш ба навоҳии минтақаи Кӯлоб рост меояд:«Ин аз он сабаб аст, ки 3 ноҳияи минтақа дар хати марзи ҷумҳурии Афғонистон қарор доранд ва интиқоли нашъа ҳамагӣ аз он тарафи рӯди Панҷ амалӣ мегардад».
Мӯҳр