Мубин Эргашев, мураббии шинохтаи футбол ба ҳайси сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд.
Тавре ба Озодагон аз ФФТ иттилоъ доданд, аз ин пеш Мубин Эргашев дар вазифаи мураббии калони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе фаъолият дошт: «Ӯ дар вазифаи сармураббии дастаи «Хуҷанд» Ҷамшед Акбаровро иваз намуд. Зимнан, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят, Мубин Эргашевро ба ҳузур пазируфт ва ӯро бо вазифаи нав табрик намуда, барори кор орзу кард».
Маврид ба ёдоварист, Мубин Эргашев хатмкардаи мактаби олии мураббиёни Маскав буда, дорои муҷаввизи мураббии аврупоии дараҷаи «А» мебошад. Вай ҳамзамон мураббии калони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар аст.
Мӯҳр