Русия аз имрӯз (4-уми феврали 2013) воридоти гӯшти яхзада аз Амрико ва Олмон ба ин кишварро манъ намуд.
Бино ба гузориши «Голос России» иллати маҳдудияти гӯшти мурғ, гов ва хук аз Олмон ба ин кишвар, монеъ шудан ба густариши вируси «Schmallenberg», навъи бемории доимӣ будааст: «Аз Амрико бошад, пешниҳод накардани иттилооти кофӣ дар бораи контроли истеҳсоли маводи ғизоӣ ба мақомоти рус ном бурда мешавад».
Яке аз духтурони ҳайвони Олмон дар ин бора ба хабаргузории «Интерфакс» гуфта, ки грантҳои дар назаргирифта дар мавриди аз байн бурдани ин навъи беморӣ нокофӣ буда, маҳсулоти яхзада бештар дар маърази олуда шудан бо вирусҳо қарор дорад.
Мӯҳр