Бахшҳо
02 июн 2011 10:45Сӯҳбати рӯз

Инҳо ва амали онҳоро ба Худо ҳавола мекунем

Расонаҳо хабар додаанд, ки собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз истифодабарандагони сомонаи оилаи Тӯраҷонзодаҳо «turajon.com» даъват кардааст, ки барои ворид шудан ба сайт аз роҳҳои алтернативӣ истифода кунанд.

Аммо дар сӯҳбат бо «Озодагон» ҷаноби Тӯраҷонзода гуфт, ки кӯшиши фаъол кардани сомона бенатиҷа аст ва «мо онҳоро ба Худо ҳавола мекунем».

Ёдрас мешавем, ки хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанде қабл  ба 12 ширкати васлкунандаи интернет дастур дода буд, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Дар номае, ки хадамоти алоқа ба ширкатҳои дастракунандаи интернетӣ навиштааст, омадааст, ки бинобар зарурати корҳои техникӣ дар амри қатъи муваққати дастрасӣ ба сайти тураҷон.сом мусоидат кунанд. Вале замони қатъи муваққати сайт дар номаи мазкур зикр нашудааст. «Озодагон»  барои фаҳмидани сабабҳои қатъи фаъолияти сомонаи мазкур бо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сӯҳбати кӯтоҳе дошт ва инак фишурдаи он:

Озодагон: То имрӯз барои фаъол кардани сомона ба ягон мақомот муроҷиат кардед ва ё хайр?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Ба дастраскунандагони интернет нома навиштем ва онҳо чунин ҷавоб доданд, ки аз рӯи муроҷиати раиси хадамоти навтаъсиси алоқаи Тоҷикистон, Бег Зуҳуров фаъолияти сомонаро муваққатан боздоштаанд.

Озодагон: Дар оянда барои фаъолкунии сомона чӣ тасмим доред?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Рости гап то ҳол тасмими дигаре нагирифтаем. Дархосту муроҷиатҳои моро ба инобат ҳам намегиранд. Ба Худо ҳаволаашон мекунем.

Озодагон: Сабаби баста шудани сомонаро масъулини Хадамоти алоқа мушкили техникӣ арзёбӣ кардаанд ва то имрӯз ин мушкилӣ бартараф нашудааст?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Мо медонем, ки сабаби бастани сайт мушкили техникӣ не, мушкили сиёсӣ аст. Мо ба ин далелҳои пешовардаи Хадамоти алоқа бовар надорем, вале муроҷиат кардан ҳам бефоида аст. Боз мегӯям, ки мо инҳоро ба Худо ҳавола кардем.

Озодагон: Сабаби қатъи фаъолияти сомонаро Шумо дар чӣ мебинед?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Дар кишвари мо 2 сол шуд, ки баъди ҷашни солгарди ҳазрати Имоми Аъзам  як амалиёти идеологӣ зидди таблиғу таълимоти исломӣ ё ибодати исломӣ рафта истодааст. Дар мисоли ҷамъоварии наворҳо, ҷавононро аз рафтан ба масҷидҳо манъ кардан, дар хона таълими Қуръонро манъ кардан ва умуман як амалиёти бузурги мубориза бар зидди дин рафта истодааст ва бо далели он ки сомонаи мо ҳам як сомонаи диниву фарҳангӣ аст ва хоҳишмандоне ҳастанд, ки дар он ҷо маълумоти зиёди барои худ  дар бораи ислом дарёфт карда метавонанд. Аз ин хотир ин сомона ҳам ба қатори чорабиниҳои дигар ҳамроҳ шуд.{jathumbnail off}

Мусоҳиб: Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)