Бахшҳо
06 июл 2011 07:18Фарҳангу адаб

«Ноу-хау»-и журналистони тоҷик

Сарояндаҳои рус журналист мешаванд, журналистони тоҷик сароянда Гурӯҳе аз сарояндаҳои маъруфи Русия акнун ба авҷи қуллаи шӯҳрат аз роҳи ровии барномаҳои телевизионӣ шудан роҳкушоӣ мекунанд, бархе журналистони тоҷик бошанд, бо рӯй овардан ба сарояндагӣ карера сохтаниянд.



«Гардиш»-и Жанна Фриске
Жанна Фриске, хонандаи маъруфи жанри попи Русия ахиран эълом дошт, ки муваққатан аз саҳнаи эстрада канор рафта ба журналистика рӯй меорад. Дар баёнияи матбуотие дар ин робита гуфта мешавад, ки лоиҳаҳои мусиқии тарҳрезишуда бо ширкати овозхон ва барномаҳои консертии дар моҳҳои наздик ба нақшагирифташудаи вай бекор карда шудаанд. Продюссери Жанна гуфтааст, сароянда акнун ба журналистика рӯ меорад. Интизор меравад, ояндаи наздик Фриске ба ҳайси ровии кадом як шоу-барнома дар телевизион пайдо шавад. Карераи эҷодии Жанна соли 1996 аз гурӯҳи «Блестящие» оғоз шуд ва соли 2003 эълон кард, ки гурӯҳро тарк намуда, дар танҳоӣ ҳунарнамоӣ мекунад. 
Фриске нахустин овозхони  рус нест, ки аз сарояндагӣ ба зинаи ровии барномаи телевизионӣ қадам мегузорад. Шабакаҳои маъруфи телевизиони Русия кӯшиш мекунанд, хонандаҳои саршиносро ба ҳайси ровӣ дар шоу- барномаҳо ҷалб намоянд. Аз ин ҳисоб онҳо теъдоди тамошобинони худро зиёд кардан мехоҳанд. Ҳамчунин, қисме аз сарояндаҳое низ ҳастанд, ки даричаи шӯҳратро аз ровии телевизион шудан ҷустуҷӯ мекунанд.

Эстрадаи тоҷик ва имлои забон
Дар Тоҷикистон бошад, тенденсияи баръакс амал мекунад. Бархе журналистон сароянда шудан мехоҳанд.
Сарояндаҳои тоҷикро қариб дар ТВ-ҳо ба сифати ровӣ намебинем. Сабаби инро соҳибназарон дар балад набудани забони адабии тоҷикӣ аз ҷониби онҳо арзёбӣ мекунанд. Воқеан, бештари сарояндаҳои тоҷик ба вижа онҳое, ки дар жанри эстрада  суруд мехонанд, дар баёни фикр душворӣ кашида, ҷумлаҳои носолимеро иброз медоранд. Ҷумлаҳояшон ба қавле бе сару нӯг аст. Мушкили аслии онҳо бо забони адабӣ роҳат сӯҳбат кардан будааст. Ҳатто дар баъзе «шоу-консертҳо» ҳам, ки масъули ровӣ будан ба ӯҳдаи эшон буд, матни қаблан азёдкардаашонро натавонистанд бехато қироат кунанд.    
То имрӯз агар гӯем, ки танҳо як сароянда муаллиф ва ровии барномаи телевизионӣ аст, муҳобот намешавад. Фахриддини Малик барандаи барномаи фарҳангии «Маҳбуби дилҳо»-ст, ки шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон манзур мекунад. Аммо ин барнома низ мунтаззам пахш намешавад. Тибқи сенария як сароянда ба сифати меҳмон даъват шуда, суруд мехонад ва ба суолҳои ровию  тамошобинони студия ҷавоб мегӯяд.

Тангии майдони журналистӣ ё чизи дигар?
Акнун баргардем сари ин мавзӯъ, ки гуфтем дар Тоҷикистон ахиран ба сарояндагӣ гаравидани бархе журналистон суръати тоза ёфтааст.

Шодмон Файзалиев замоне корманди радиои Тоҷикистон буд, ҳоло ба гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Ғарибшо КО» пайвастааст. Ў якбора аз журналистика ба ҳаҷв наомад, нахуст маҳорати худро дар сарояндагӣ санҷид. Баъзе коршиносони бахши шоу бизнес мегӯянд ӯ садои вижаи фарқкунандае дошта, услуб, тарз ва пешниҳоди таронасароияш низ фарқкунанда аст. Дар сурати ҷиддӣ ба сарояндагӣ машғул шудан, муваффақ мегардад. Аммо инҷо мақоми баҳогузориро ба ихтиёри шумо хонандагон вомегузорем, ки Шодмон Файзалиев дар журналистика муваффақ буд ё дар сарояндагӣ ва ё дар ҳаҷвнигорӣ.

Ситораҳо, ситораҳо…дар ҳар куҷо
Кормандони ҷинси марди радиои «Садои Душанбе» аксарият дар баробари журналистика ба сарояндагӣ низ дилбастагӣ доранд. Зиёвиддини Нурзод, Сайфуллоҳи Бозор, Фирӯзи Каримро аллакай мешавад аз қатори рӯзноманигорон ба гурӯҳи сарояндаҳо шомил кард, зеро аз журналистика дида дар санъат хизмат (воқеан муҳақиқони соҳа бояд баҳогузорӣ намоянд, ки фаъолияти сарояндагии инҳо ба санъат хизмат аст ё хайр)-и бештаре кардаанд.
Аммо бояд иқрор шуд, ки аз миёни ин се нафар танҳо Зиёвуддин муваффақ шудааст, то албоми сурудҳояшро нашр кардаву бар чанд сурудаш клип бардорад. Барномаи консертие низ анҷом додааст. «Лонаи тақдир», «Ёри хушгил» ва «Ошиқ шудаам» аз таронаҳои маъруфи ӯст.  
Шарифи Мисайзод, корманди дигари ин радио низ дар баъзе маҳофил сурудхонӣ мекунад, аммо монанди дигар ҳамкорони худ сурудеро ҳанӯз дар студия сабт накардаву аз тариқи радио пешниҳод накардааст. Чизи аҷиб ин аст, ягон намояндаи зан аз ин радио маҳорати худро дар сарояндагӣ насанҷидааст. Шояд ояндаи наздик «ситора»-и наверо «Садои Душанбе» тавлид мекунад? Интизор мешавем…

Радиои «Азия плюс» ҳам дар «тавлид»-и сарояндаҳо саҳми андак надорад. Акмал Мансуров мулаққаб ба «DJ AKI» замоне ровии барномаи мустақими шабона буд. Баъдтар аввалин таронааш бо номи «Ошиқ шудаам» аз тариқи ин радио садо дод. Ҳамин тарона ӯро ба сароянда табдил дод ва боис шуд, ки сурудҳои зиёде сарояд, аммо дигар маъруф нагашт. Ҳарчанд ӯ зиёд сари сурудан талош кард ва муддате аз ровии барнома, ба сароянда ҳам табдил шуду клип сохту рақсид дигар мисли таронааи аввал «ситора» нашуд. Фикр мекунам, акнун дигар ҷиддӣ сари сурудан таваҷҷӯҳ накард. Ду сол ин ҷониб Акмал тӯли як моҳи Рамазон субҳона барномаи рамазоние таҳия мекунад. Корманди дигари ин радио Кирил Комбаров низ муаллифи барномаҳои тафреҳист ва бо забони руси таронасароӣ мекунад. Ў ҳатто яке аз муддаиёни даври интихобии озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» буд, ки вазорати фарҳанги Тоҷикистон созмон дод. Кирил ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф гардид. Мегӯянд ӯ дӯстдори хуби забони тоҷикист.  

Анзурат Назарзода, ровии як барномаи субҳонаи ТВ «Сафина» ҳам сурудхонӣ мекунад. Ин хонум чанд клипе ҳам дорад, аммо ба фарқ аз кормандони радиои «Садои Душанбе», ки сурудҳояшон фаровон аз тариқи эфир пешниҳод мешавад,  ҳеч клипашро то имрӯз «Сафина» манзур накардааст.   
Номи журналисти дигаре, ки дар ин авохир миёни сарояндаҳо ва мухлисони санъат баландпарвоз буд, Фарҳоди Милод (Фахриддини Холбек) аст. Фарҳоди Милод, корманди радиои «Озоди»-ст ва ҳамкорияш бо сарояндаҳо солҳои тӯлонист, ки идома дорад. Матни суруд ва оҳангҳои бархе сарояндаҳо моли ӯянд. Замоне, ки ҳама гап атрофи НБО «Роғун» буд, таронаи офаридаи Фарҳод «Ману ту ҷура», ки хонандаҳои маъруфи эстрада Садриддин, Баҳром ва Шабнам иҷро карданд, чанд муддат «лидер» буд. Ахиран, худи вай низ ду тарона суруд. Дар сӯҳбатҳояш гуфт, ки эҳсос кардааст, он гуна ки мехост, ин таронаҳоро сарояндаҳои касбӣ иҷро карда наметавонанд аз ин рӯ худаш хондааст. Таронаи «Тоҷикистонам баред» Фахриддинро ҳамчун сароянда миёни мардум маъруф кард.

Пешниҳод: Гурда ва галла-консерт
Дар охир як пешниҳод доштам. Чун сарояндаҳои мо гурдаи муаллиф ва ровии барномаи телевизионӣ буданро надоранд, пас журналистоне, ки акнун ҳамчун сароянда худро муаррифӣ кардаанд, дар якҷоягӣ Кохи Борбадро барои як рӯз ба маҳфили то имрӯз касе шоҳиднабудае табдил намоянд. Ба қавли имрӯзмӯдшуда «Гала-консерт»-и олие, ки онҷо ҳам мусиқии дилнишин бошаду ҳам таронаву оҳанги баланд ва ҳам суханҳои нобу равони тоҷикӣ. Хайр, пешниҳод чӣ хел?

{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)