Бахшҳо
27 июл 2011 13:36Фарҳангу адаб

«Қотил»-и Сӯҳроби Сафарзод маълум шуд

«Амфитамин» сабаби марги Сӯҳроби Сафарзод шудааст

 

Тибқи хулосаи ташхиси судӣ марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст. Ин нуктаро Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт. Ба қавли номбурда агентӣ 3-уми июни соли 2011 маводи вобаста ба марги шаҳрванд Сӯҳроби Сафарзодро аз прокуратураи генералӣ дарёфт намуда, мавриди санҷиш қарор додааст. Дар парвандаи омадааст, ки шаби 10-уми декабри соли 2010 ҷасади Сӯҳроби Сафарзод ба маркази милли тиббии Тоҷикистон оварда шудааст. Номбурда шаби 9-ум ба 10-уми декабр дар манзили зисти Сабзалӣ Ҳайдаров, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2 М-16, бинои 1, ҳуҷраи 25 дар ҳолати мастӣ вафот кардааст. «Аз  хуни Сӯҳроби Сафарзод ҳамчунин спирти этилӣ дарёфт гардид. Санҷиши прокутураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Сафарзод ҳамроҳи рафиқонаш дар маркази дилхушии «Симин»-и шаҳри Душанбе нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунад. Аммо ҳеч нафаре аз ҳамроҳонаш намедонад, ки овозхон маводи синтетикиро кай истифода кардааст. Онҳо дар дасти Сӯхроб танҳо шишаи пиворо дидаанд»,-афзуд Бахтиёр Алиев. Ба қавли номбурда, ҷиҳати муайян кардани ин ки Сӯҳроби Сафарзод маводи синтетикиро аз куҷо дарёфт кардааст, санҷишҳо натиҷае надодаанд. Ҳамсар, модар ва дигар наздикони сароянда гуфтаанд, ки дар мавриди истеъмол ва аз куҷо дарёфт кардани маводи амфитамин аз ҷониби Сӯҳроб маълумоте надоранд.

 

Парвандаи марги овозхонро қатъ кардаанд
Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабари соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст. Ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадор мегӯяд, зимни такроран омӯхтани маводҳои марбут ба марги Сӯҳроби Сафарзод ҳамсари сароянда Майрам Давлатова ва модари вай- Хайринисо Шаропова дар марги овозхон касеро гунаҳкор намеҳисобанд. Бахтиёр Алиев гуфт, зимни санҷиши мавод кормандони агентӣ Сабзалӣ Ҳайдаров, нафареро, ки Сӯҳроб дар манзили ӯ ба ҳалокат расидааст, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ҳайдаров изҳор доштааст, ки ӯ ба сароянда ягон хел маводи нашъадор надода ва намедонад, ки овозхон аз куҷо ин маводро гирифтааст. Санҷишҳои мақомот дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфтаанд ва ба қавли Бахтиёр Алиев то кунун дар ин замина санҷишҳо идома доранд.  Ин дар ҳолест, ки прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2010 қарор дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноиро вобаста ба марги Сӯҳроби Сафарзод баровардааст.
Ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти вақти зиёд ошкор ва дарёфти далелҳои ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор мушкил аст. «Бо сабаби ин ки мо баъди шаш моҳи қарори прокуратура дар мавриди рад кардани оғози парванда маводҳоро аз додситонӣ гирифтем, муайян кардани гунаҳкорони ҳодиса қариб ғайриимкон гардидааст».
Баъди он ки хабари марги Сӯҳроби Сафарзод ба монанди раъду барқи баҳорӣ бо суръати кайҳонӣ паҳн шуд, миш-мишу сару садоҳо низ дар мавриди сабабҳои марги ӯ баланд шуданд. Тибқи ин овозаҳо истифодаи маводи нашъадор боиси марги сароянда шудааст. Дар маросими ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод санаи 11-уми декабри соли 2010, ки дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қисмати асосии мавъизаи Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни тоҷик ҳам ба нигаронӣ аз паҳншавии истифодаи маводи мухаддир миёни ҷавонон бахшида шуд. Дар як бахши суханронии худ номбурда гуфт:
«Ҷавонони азиз, истеъмоли маводи мухаддира инсонҳоро аз маъракаи инсонӣ мебарорад. Вақте, ки инсон аз истеъмоли маводи мухаддира мемирад, ӯ гӯё, ки ба худкушӣ даст задааст. Имрӯз гӯшаки телефонро мебардорӣ, мегӯянд, ки Сӯҳроби Сафарзод мурд. Фардо навбати ману шумо ҳаст. Фардо мову шуморо болои ҳамин чаҳорчӯба бардошта меоранд. Худо накарда агар ҷавоне ба истеъмоли маводи мухаддира машғул бошад, гӯшатонро бигиред ва тавба кунед дар назди Худо».
Аммо табибони беморхонаи ҷумҳуриявии мавсум ба Қарияи Боло иллати аслии даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд. Сӯҳроби Сафарзод дар оромгоҳи мавсум ба Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

 

Ҳафт моҳ боз «Муини тоҷик» бо мо нест
Сӯҳроби Сафарзод, яке аз хонандаҳои ҷавони мусиқии поп буд, ки ҷойгоҳи хосеро дар олами санъати тоҷик касб намуд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ шӯҳратёр гардида, матбуоти зард номашро дар радифи «ситораҳои эстрадаи тоҷик» навишт.  
Сӯҳроби Сафарзод дуюмин хонандаи тоҷик аст, ки бо сурудҳои Муин, овозхони маъруфи форсзабони муқими Амрико миёни мухлисон муаррифӣ шуд. Дар қиёс ба аксари ҳофизони дигар Сӯҳроби Сафарзод дар бозхонӣ то андозае муваффақ дониста мешуд, шояд ба ин хотир, ки ӯ суруди аслро тақрибан тағир намедод. Ҳам оҳанг ва ҳам матну шеваи бозхониро айнан иҷро мекард. Гузашта аз ин садои Сӯҳроб низ ба Муин шабоҳатҳое дошт.
Ба оҳистагӣ ҷои колексияи сурудҳои бозхонишударо таронаҳои худи ӯ танг карданд. Сурудҳои «Нозанин», «Азизи диламӣ», «Ишқи ман», «Панҷара» ӯро миёни мухлисон зиёдтар машҳур гардонд. Дуэтҳое низ бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) иҷро кардааст, ки ба шӯҳраташ афзуд.
Як вижагии сурудҳои Сӯҳроб омезиши оҳангҳои эрониву ҳиндӣ буд, ки таронаҳояшро бештар массир ва маҳбуби ҳаводоронаш мегардонд. Мувофиқати ҳаракатҳои саҳнавияш бо матни сурудҳо низ ба андозаи 80 дар садро ташкил медод.

 

Таронае, ки як рӯз қабл аз марг суруда шуд
Сӯҳроби Сафарзод аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. Дӯстонаш мегӯянд, Сӯҳроб тасмим дошт, фурсати наздиктарин маҷмӯи нави таронаҳояшро таҳия ва пешниҳоди мухлисон кунад. То ин вақт Сӯҳроб ҳамагӣ як албоми худро таҳия карда буд, маҷмӯаи дуюми таронаҳояш нотамом монд. Сӯҳроб тасмими филмсозӣ низ доштааст, аммо акнун ин нақшаи ормонии ӯро шояд дӯстони ҳампешааш амалӣ мегардонанд. Охирин таронаи ӯ дар шакли дуэт як рӯз қабл аз маргаш суруда шудааст. Олим Ширинов, коргардони овоз баъди марги сароянда ба хабарнигорон гуфта буд, Сӯҳроб рӯзи 9-уми декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод кардааст тарона фардо сабт шавад, вале Сӯҳроб зиёд исрор намуда, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Гӯйё Сӯҳроб медонист, ки фардо дигар имкони пешниҳоди тарона даст намедиҳад. Ин суруд бо номи «Санам», ки якҷо бо шогирдаш Сорбон иҷро шудааст, чанд рӯз баъд аз марги овозхон танзим ва пешниҳоди мухлисонаш гардид. То кунун ин тарона панҷгонаи сурудҳои маҳбуби хонандаҳоро тарк накардааст.

{flv https://tajtube.tj/content/SuhrobiSafarzod.flv 500 350 AUTOSTART}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)