Бахшҳо
21 окт 2011 05:16Иқтисодӣ

Қосимов имсол аз чӣ ифтихор мекунад?

Воҳимаи гуруснагӣ дар ҷаҳон ва ҳосили ками гандуми Тоҷикистон


озмони миллали муттаҳид дар ҳоле аз таҳдиди гуруснагӣ ё бӯҳрони озуқа дар соли 2011 бонги изтироб мезанад, ки имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли ѓалла ба маротиб коҳиш ёфтааст. Соли ҷорӣ 890,5 ҳазор тон ҳосили ѓалла ба даст омадааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2010 як млн. 261,3 ҳазор тон мерасид ва аз он  911 ҳазору 821 тоннаашро гандум ташкил медод. Зимнан порсол ҳукумат ва вазорати кишоварзӣ аз ҳосили хуби ѓалла ифтихор намуда буданд. Дар маҷмӯъ ҳосили ѓаллаи имсола аз ҳосили гандуми соли гузашта камтар аст. Ин дар ҳолест, ки соли 2009 ҳосили ѓалла 1,4 млн. тонро ташкил додааст.

 

Воридот зиёдтар аз истеҳсол

Ба назар чунин мерасад, ки имсол воридоти орду гандум аз хориҷа беш аз 50 дар садро ташкил хоҳад дод. Зеро аз рӯи ҷамъоварии ҳосил бармеояд, ки соли ҷорӣ 50 дар сади гандуми ниёзи мардум ҳам дар дохил истеҳсол нашудааст. Як сола ниёзи мардум ба гандум 1 млн. 429 тон баробар мебошад, ки соли гузашта ҳудуди 600 ҳазор тон дар дохил истеҳсол шудааст. Аммо дар Тоҷикистон талаботи як нафар дар як сол ба 190 кило гандум баробар аст, ки барои истеҳсоли 50 дар сади он бар сари аҳолӣ бояд дар дохил 95 килоӣ истеҳсол гардад. Аз ин бармеояд, ки соли гузашта 80 килоӣ бар сари аҳолӣ дар дохил истеҳсол ва 110 килоӣ аз хориҷ гандум ворид гардидааст ё дар маҷмӯъ 825 ҳазор тон гандум аз хориҷи кишвар оварда шудааст. Аз талаботи солонаи аҳолӣ ба гандум(195 кило) ҳар моҳ 16 килоӣ ва ҳар рӯз 500 грам бар сари аҳолӣ рост меояд. Ё як нафар дар як рӯз ба ду нони 1 сомонӣ ниёз дошта, дар як моҳ танҳо барои харидани он 60 сомонӣ ва дар 1 сол 720 сомонӣ маблаѓ сарф мекунад.

Камшавии ҳосил ба бӯҳрони ѓизоӣ наздик месозад

Ин дар ҳолест, ки нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта беш аз 30 дар сад боло рафтааст. Коҳиши ҳосили ѓалла дар ҳолест, ки аз рӯи ҳисоби СММ соли 2011 норасоии орду гандум дар ҷаҳон зиёд шуда, гуруснагӣ мардумро таҳдид мекардааст. Пас суоле пайдо мешавад, ки агар ҳосили ѓалла дар Тоҷикистон кам шуда бошад, оё имкони пеш омадани бӯҳрони ѓизоӣ ва таҳдиди гуруснагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Дар ин бора назари коршиносон гуногун аст. Бархе аз коршиносон дар ин бора, мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир аз таҳдиди гуруснагӣ ҳарф задан барвақт аст. Зеро истеҳсоли гандум ба он дараҷае паст нашудааст, ки мардум гурусна монанд ва аз тарафи дигар имсол Русияву Қазоқистон барои содироти ѓалла ягон маҳдудияте ҷорӣ накардаанд, ки Тоҷикистон ба камбуди орду гандум мувоҷеҳ шавад. Тоҷикистон асосан аз ин ду кишвар гандуму орд ворид мекунад ва шояд соли ҷорӣ вазири кишоварзӣ Қосимҷон Қосимов ба гандуми Медведеву Назарбоев умеди калон бастааст, ки майдони кишти ѓалларо коҳиш додааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Сангалӣ Раҳимов, коршиноси масоили иқтисодӣ чунин мешуморад, ки дар солҳои охир нисбат ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа суръати таѓйирёбии иқлим ё баланд шудани ҳарорати ҳаво ва афзоиши аҳолӣ зиёдтар шудааст ва мувоҷеҳ шудан ба бӯҳрони ѓизоӣ аз эҳтимол дур нест. Ба андешаи ин таҳлилгар хушксоливу болоравии ѓайричашмдошти нархи сӯзишворӣ метавонад дар солҳои минбаъда боиси боз ҳам коҳиш ёфтани истеҳсоли гандум гардад ва ин раванд аҳолии кишварро дар оянда ба норасоии ин маҳсулот мувоҷеҳ месозад ва вобастагии ҳукумат аз дигар давлатҳо бештар мегардад.

Соли 2011 коҳиш ёфтани истеҳсоли ѓалла дар ҳолест, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо масъалаи таъмини амнияти озуқавориро таъкид карда буд ва ин яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад. Вале тибқи омори расмӣ соли ҷорӣ ба ҷои зиёд кардани кишти ѓалла, баръакс майдони кишти он кам карда шудааст. Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ кишти гандум нисбат ба соли гузашта 20 ҳазор гектар кам карда шудааст ва ба ивази он кишти пахта ба 40 ҳазор га зиёд гардидааст. Коҳиш додани майдони кишти гандум дар ҳолест, ки ҳукумат даъвои таъмини амнияти озуқавориро дорад ва афзоиши истеҳсоли гандум дар ин раванд нақши аввалиндараҷаро мебозад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон кам шудани истеҳсоли гандумро аз якчанд омил вобаста медонанд. Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегӯяд, дар ҷаҳон ва Тоҷикистон маҳсулоти асосие, ки аҳолӣ ба он бештар ниёз пайдо мекунанд, гандуму сӯзишворӣ ба шумор меравад. Дар тамоми ҷаҳон ҳоло нархи гандум ва сӯзишворӣ рӯ ба афзоиш аст. Зеро дар баъзе кишварҳо аз сабаби набудани газу нефт аз ѓалладона ҳам сӯзишворӣ истеҳсол мекунанд. Истеҳсоли сӯзишворӣ аз ѓалла ба болоравии қимати гандум ва маҳсулоти ѓизоӣ оварда мерасонад. Инчунин ѓалла хӯроки парранда ва чорво низ ҳаст, ки дар натиҷаи зиёд шудани талабот нархи он боло меравад.

Хушксолӣ, беобӣ ва бебарқӣ….

Ҳамзамон ба андешаи таҳлилгарон соли ҷорӣ аз ҳисоби кам кардани кишти гандум, хушксолӣ, боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва надоштани имконияти молии кишти замин аз ҷониби баъзе хоҷагиҳои кишоварзӣ истеҳсоли он дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Сангалӣ Раҳимов, коршиноси масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон аз сабаби набудани техника кишту кори замин бо белу каланд сурат мегирад, ки меҳнату заҳмати зиёдро талаб мекунад, вале маҳсули кори даст нисбат ба техника хеле ночиз аст. Вай мегӯяд, ки дар Тоҷикистон қувваи корӣ нисбатан арзон аст, аммо технологияи муосир нест ва ин боиси паст шудани самаранокии истеҳсолот мегардад. Вай гуфт: "Дар кишти ѓаллаи имсола 90 фоизи тухмиҳо бесифат буданд, баъдан киштро дер оѓоз карданд. Илман асоснок шудааст, ки агар то моҳи ноябр ѓалла кишт нагардад, ҳосил то 35-40 фоиз кам мегардад. Оамон дар моҳи декабр гандум кишт карданд, ки он замон ҷӯйҳо об надоштанд ва зимистони камбориш омад, ки гандум хуб нашъу намо наёфт. Мувофиқи қоида замин бояд шудгор шавад, аммо аз сабаби набудани техника одамон бо асбобҳои нармкунанда заминро ба истилоҳ "ҷуфт" карданд, ки дар натиҷа алафҳои бегона зиёд шуд ва касалиҳои сирояткунандаи кишоварзӣ зарар расониданд. Дар баробари он мардум имсол ѓалларо камтар кориданд ва ба ҷои он пахта кишт карданд ва ҳамаи ин боиси коҳиши ҳосили гандум гашт".

Коршиносон мегӯянд, ки имрӯз хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Заминҳои кишоварзӣ ҳамагӣ аз сабаби норасоии об ва мавҷуд набудани заҳбурҳо ҳосилнокиашон хеле паст шудааст. Аз сӯи дигар дастрас кардани нуриҳои минераливу кимиёӣ мушкил шудаву нархи сӯзишворӣ беҳад боло рафтааст. Аксаран маҳсулоти ѓизоиро аз берун ворид мекунанд, ки дар ин сурат амнияти озуқа таъмин буда наметавонад. Сангалӣ Раҳимов мегӯяд, ки агар нархи сӯзишворӣ поён наравад ва соҳаи кишоварзӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин нагардад, раванди пастшавии самараи истеҳсолот идома пайдо хоҳад кард ва оҳиста-оҳиста метавонад ба бӯҳрони ѓизоӣ наздик кунад. Ин коршинос мегӯяд, ки аз сабаби қимат шудани сӯзишворӣ бисёре аз деҳқонон замини худро кишт карда наметавонанд ва имкони харидани нуриҳои минералии заруриро ҳам надоранд, ки дар натиҷа ҳосилнокӣ кам гашта, ба коҳиши истеҳсолот оварда мерасонад. Аз як тараф хушксоливу офатҳои табиӣ ва ҳашароти зараррасон ба ҳосили кишоварзӣ таҳдид кунад, аз ҷониби дигар аз сабаби боло будани нархи сӯзишворӣ кишоварзон насосҳои обкаши дизелиро ба кор намеандозанд. Инчунин аз сабаби маҳдудияти барқ дар айёми кишту кор истифодаи насосҳои обкаши барқӣ ѓайриимкон мегардад, ки заминҳои корам аз беобӣ камҳосил мешаванд.

Барқ, об, сӯзишворӣ, техника, нуриҳои минералӣ, боду ҳаво як занҷираи ба ҳам пайвандеро мемонанд, ки дар сурати норасоии яке дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Барқ набошад насос кор намекунад ва ба замин об намебарояд. Сӯзишворӣ набошад техника кор намекунад, дорӯ набошад ҳосили хуб ба даст намеояд, об нашавад замин аз кишт мемонад ва дар охир ҳосил кам мегардад, ки эҳтимоли бӯҳрони ѓизоӣ вуҷуд дошта метавонад.

Оқибати вобастагиҳои иқтисодӣ

Ҳар чӣ қадар аз дастовардҳои истиқлол зиёдтар ҳарф мезанем, вобастагӣ ба маҳсулоти ѓизоӣ ва ниёзи аввал зиёд гашта истодааст. Агар мо имрӯз ба маѓозаҳои Тоҷикистон равем ё молу маҳсулоти бозорро таҳлил намоем, чунин ба назар мерасад, ки бештари молу маҳсулот, ба вижа маҳсулоти кишоварзӣ аз Хитой, Эрон, Покистон ва мамлакатҳои дигари хориҷӣ ворид мегардад. Аз ҷумла, дар муқобили маҳсулоти кишоварзие, ки мо дорем, ба монанди картошка, себ, анор, нок ва ѓайра маҳсулоти воридотии кишварҳои хориҷӣ сифати баланд доранд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вобаста аз паст будани сатҳи зиндагӣ ва ночиз будани пардохти маблаѓи деҳқон мардум ҳамчун муҳоҷири корӣ ба хориҷи кишвар рафта истодаанд ва қобилияти корӣ дар дохили Тоҷикистон заъиф шуда истодааст. Аз ин сабаб маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад ба рақобат тобовар нест ва нарху наво дар бозорҳо баланд меравад. То имрӯз сабаби асосии баландшавии нархҳо аз боло рафтани қимати сӯзишворӣ арзёбӣ мегардид ва ин вобастагии ҳукумат боиси осебпазирии қишри камбизоати аҳолии кишвар мегардид. Аммо акнун ҳосили гандум ҳам коҳиш ёфт ва яке аз ҳадафҳои стратегии давлат: таъмини амнияти озуқавориро зери суол мебарад. Агар гандуму орд ҳам дигар аз хориҷи кишвар ворид гардад, вобастагии ҳукумати кишвар аз берун ба маротиб меафзояд, ки ин далели боз ҳам осебпазирии қишри нодори аҳолӣ гашта, на танҳо истиқлоли иқтисодӣ ё ѓизоӣ, балки дар маҷмӯъ истиқлоли кишварро зери суол мебарад.

Исфандёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)