Бахшҳо
02 май 2011 09:17Сиёсат

Хомӯшии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон

Дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба 15-солагии таъсиси ин ниҳод иртибот дошт,  намояндагони се ҳизби опозитсионии Тоҷикистон ширкат наварзиданд.

Маҳз ҳамин омил сабаб шуд, ки пайи омӯзиши фаъолияти аҳзоби кишвар биравем ва матлаби зер ҳосили таҳқиқоти кӯчаки мост.

 

Вуҷуди аҳзоби сиёсӣ дар давлатҳои низоми демократидошта яке аз унсурҳои муҳими системаи сиёсӣ ба шумор меравад. Чун Тоҷикистон низ, ки расман шомили гурӯҳи чунин давлатҳост, феълан 8 ҳизби сиёсӣ амал карда, аҳдофи худро «пиёда» мекунанд.

Ҳадафи аслии  ҳама гуна аҳзоб ба даст овардани ҳокимият аст, вале то ба ин марҳила расидан онҳоро зарур меояд, то дигар рисолатҳоро ба анҷом расонанд ва бешак, анҷоми чунин яке аз рисолатҳо дар фаъолияти густардаи онҳо зоҳир мегардад. Дар зимн суоли матраҳи ин аст, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тавонистаанд фаъолияти густарда ва қонеъкунандаеро ба роҳ бимонанд?

Мутаассифона, дар посух ба суоли боло Ҳикматтуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ  посухи манфӣ дод. Ў гуфт, дар умум, фаъолияти аҳзоби сиёсиро наметавон қаноатманд унвон кард. Вале ба андешаи номбурда, ҳангоми ҳарф задан нисбат ба қонеъкунанда будан ё набудани фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ҷанбаҳое ҳастанд, ки дар баҳогузории фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз онҳо чамш пӯшидан имконнопазир аст, зеро ин ҷанбаҳо хусусиёт ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти аҳзоби сиёсиро муаррифӣ менамоянд. Дар робита ба ин масъала таҳлилгари мазбур аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, мегӯяд, «масалан, аҳзобе ҳастанд, ки ҳамчун ҳизби мухолифи ҳукумат шинохта шудаанд, бинобар ин дар роҳи ин гуна ҳизбҳо монеаҳо эҷод карда мешаванд ва ҳамчунин намегузоранд, ки фаъолияти онҳо густариш ёбад. Дар қиболи ин аҳзобе ҳастанд, ки тамоми роҳҳо барои онҳо боз мебошанд, вале бинобар он ки аз ҷониби ҳукумат пуштибонӣ карда мешаванд, умед доранд, ки дар ҳама гуна марҳалаву шароит мақосидашонро амалӣ кунанд, касе ҳеҷ мухолифате нишон намедиҳад, зеро онҳо бо истифода аз имконоти ҳукумат фаъолияти хешро ба ҳамин сурат ба роҳ мемонанд».

Дар ҳамин ҳол, Давлат Усмон, яке аз дигар таҳлилгарони масоили сиёсӣ бошад, ба ин назар аст, ки фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар баррасии ин ё он масъала пойинтар аз фаъолияти васоити ахбори умум аст, қуҷо истад фаъолияти густарда ва қонеъкунанда? Парвиз Муллоҷонов, сиёсатнишос низ умуман, фаъолияти аҳзоби сиёсиро ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ менамояд, зеро ба андеши ӯ, то ҳол аҳзоби сиёсӣ натавонистаанд омоли мардумро бароварда созанд. Ба ақидаи Парвиз Муллоҷонов, аксарияти ин нерӯҳои сиёсӣ ҳатто натавонистаанд, дар сохторҳои худ тағйирот ворид созанд, то ҳамқадами тағйироти ҷаҳонӣ ва замон бошанд. ӯ мегӯяд, алъон Ҳизби халқии демократӣ ва Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон зарурати тағйиротро дарк карда, пайи тағйир ва ислоҳи хеш шудаанд, аммо он тағйирот ва дигаргуниҳое, ки дар ҷаҳон ба амал омада истодаанд, васеътар аз он тағйротеанд, ки аҳзоби номбурда пеш гирифтаанд.

Агар назаррас набудани фаъолияти аҳзоби оппозитсиюнро Ҳикматтулоҳ Сайфуллоҳзода дар эҷод шудани мавонеъ аз ҷониби ҳукумат мебинаду Парвиз Муллоҷонов дар бетағайр мондани барнома ва сохтори онҳо, аммо Давлат Усмон ин ҷиҳати масъаларо ба камфаъолиятии ҳизбҳои сиёсӣ муртабит медонад. ӯ мегӯяд: хомӯшии ҳизбҳои сиёсии кишвар ба камфаъолиятии онҳо рабт дорад. «Агар гуфта мешавад, ки ҳукумат ва нерӯҳои соҳибқудрат ба аҳзоб фишор меоранд, табиист, ки ҳар як гурӯҳе, ки зомоми қудрат дар даст дорад, ҳеҷ гоҳ канор намеистад, ки ҳизби дигаре қавию ҷойгузини он шавад. Яъне қонуни муборизаи сиёсӣ ҳаминро талаб менамояд», мегӯяд Давлат Усмон. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода низ то ҷое нотавонмандии аҳзобро ба худи онҳо рабт медиҳад, аммо дар ин масъала нисбати ҳамаи аҳзоби сиёсӣ Ҳикматтулоҳ Сайфуллоҳзода назари якранг надорад. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд, бархе аҳзоб заминаи иҷтимоӣ надоранд. Ба қавли ӯ, ин гуна аҳзоб аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ ё афроди дар ҳукумат мақомдошта сохта шудаанд, бинобар ин заминаи иҷтимоӣ надоранд. Ин иқдом, яъне сохта шудани аҳзоб аз ҷониби мақомдорони ҳукумат, ба андешаи   Сайфуллозода, танҳо ба хотири зоҳири масъала пиёда карда шудааст, ки мақсад аз ин бошад, нишон додани бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон аст, вале ин таҳлилгар хусусиятҳои фавқуззикрро ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки худ узви Раёсати олии он буда, муҳарририи нашрия ҳизб – «Наҷот»- ро ба ӯҳда дорад, муртабит намедонад ва бар ин назар аст, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷомеа пояи иҷтимоии қавиеро соҳиб аст.

Ҳамзамон таҳлилгари мавсуф ба ин назар аст, ки чун иддае аз аҳзоб барои зоҳири масъала рӯйи кор омадаанд, дар қиболи масъалае мавқеъгирӣ карда наметавонанд. Ба фикри ӯ, танҳо ду ҳизби оппозитсионие ҳастанд, ки ошкор мавқеъгирӣ менамоянд ва онҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мебошанд. «Имрӯз Ҳизби демократӣ ҳам ҳамчун як ҳизби мухолиф сару садое баланд мекунад, вале аз он ки парокандаи ошкор аст, касе ба мавқегирии ин ҳизб  таваҷҷӯҳ наменамояд», мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, дар ҳоле Ҳикматтулоҳ Сайфуллоҳзода пояи иҷтимоъии ҲНИТ-ро қавӣ медонад, ки сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳ Роҳнамо дар ҳамоиши имсолаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, имтиёзи «исломӣ будан» дар ҷомеае, ки 99%-и аҳолии он мусулмон аст, барои як ҳизби сиёсӣ имтиёзи муваққатист. Заминаи асосии то имрӯз кор кардани ин имтиёз ин нест, ки фақат ҳамин гурӯҳ исломиёни кишваранд. Балки асосан заъфи идеологии ҳизбҳои дигар он аст, ки онҳо дар як ҷомеае, ки 99%-и мусулмон аст, бо шиорҳои гоҳо барои мардуми оддӣ номафҳум ба саҳна омадаанд ва ин камбудӣ боиси қувват гирифтани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон шудааст. Ман дар бисёр ҷойҳо шоҳид будам, ки мардуми оддӣ ҳатто маънои истилоҳҳои «сотсиал-демократӣ» ва ғайраро сарфаҳм намераванд. Вале мафҳумҳои «Ислом» ва «исломӣ» барои онҳо бисёр ошно ва худист. Ҳоло бештар ҳамин авомил ба нафъи ҲНИТ кор мекунад, на тавоноӣ ва моҳияти барномаҳои худи ҳизб. Вале дар оянда гурӯҳҳои дигари ҷомеа низ ба сатҳи воқеъбинии сиёсӣ расида, ба мусулмон будани худ ва ҳимояти арзишҳои исломӣ таъкид хоҳанд кард. Он гоҳ интихоб миёни ҳизби «исломӣ»-ю ҳизби «ғайриисломӣ» пеш намеояд, балки интихоб дар муҳити мусулмонӣ аз байни ҳизбҳои мусулмонӣ пеш меояд. Ва он вақт касе интихоб мешавад, ки фикр, тахассус, тим ва барномаи беҳтар дошта бошаду зиндагии беҳтарро кафолат диҳад.

Бояд гуфт, гарчанде фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеа ва миёни ақшори гуногуни он ғайриқаноатбахш унвон мешавад, мавқеъгирии сиёсии онҳо низ болотар аз фаъолияташон дар ҷомеа баҳогузорӣ намешавад. Зеро тавре гуфта мешавад, аҳзоб танҳо дар арафаи интихоботҳо «аз хоб мехезанд» ва баъд аз гузаштани интихобот боз ҳам «болишт таги сар» мемонанд. Дар зимн бояд гуфт, Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос иллати ин гуна хомӯшии ҳизбҳоро аввалан, дар он мебинад, ки ба ғайр аз ду-се ҳизб дигар аҳзоби сиёсӣ сохтор надоранд, ҳол он ки ба андешаи ӯ, бидуни сохтор муваффақона амал кардан имконнопазир будааст. Дуввум, сабаби хамӯшии баъзе аҳзобро Парвиз Муллоҷонов дар он мебинад, ки ин ҳизбҳо суботи ҷомеаро авлотар аз ҳар гуна мавқеъгириҳо медонанд. Яъне ба андешаи ӯ, мавқеъгирии чунин аҳзоб шояд суботи иҷтимоъро зери суол қарор бидиҳанд. «Ба вижа аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор карда буд, ки хамӯшии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро сабаб он буда, ки суботи иҷтимоъро халалдор кардан намехоҳад», гуфт П. Муллоҷонов.

Дар ҳоле Парвиз Муллоҷонов сабабҳои дар боло овардашударо муртабит ба хамӯшии аҳзоби сиёсӣ медонад, ки сиёсатшиноси дигар Иззат Амон якчанд сабабро омили ин гуна мавқеъгирии ҳизбҳои сиёсӣ мешуморад. Аз ҷумла, яке аз онҳо, ба ақидаи Иззат Амон, дар надоштани таърих ва  таҷрибаи фаъолиятҳои сиёсӣ зоҳир мегардидааст. Дар тақвияти гуфтаҳои Иззат Амон ишора кардан ба маврид аст, ки воқеан, тибқи назарияи сиёсатшиносии муосир, таърих ва тарзи инкишофи аҳзоб мақоми калидӣ дорад. Бештари муҳаққиқон бар ин назаранд, аҳзоби муваффақ аввал дар шакли кружок ё даста, дуввум, клубҳои сиёсӣ ва саввум, дар шакли ҳизби сиёсии том амал кардаанд. Яъне баъди тай намудани ду марҳила ба ҳизби сиёсӣ мубаддал гаштаанд. 
Ҳамзамон надоштани маблағ ва шароит барои гузаронидани чорабиниҳо ва маъракаҳои сиёсиву фишори зиёди ҳукумат болои аҳзобро Иззат Амон иллати дигари хамӯшии онҳо медонад. Дигар ин ки ба ақидаи ин сиёсатшинос, надоштани харизма ва чеҳраи сиёсӣ набудани раҳбарони аҳзоб дигаре аз мушкилоти ҳизбҳои сиёсӣ дар самти мавриди баҳси мо қароргирифта мебошад…

Талабшоҳи Салом

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)