Бахшҳо
27 май 2011 12:30Сиёсат

Иштироки Парламент чиро метавонад тағйир диҳад?

Барои нахустин бор аст, ки дар таҳияи буҷети соли 2012 вакилони Маҷлиси намояндагон ширкат мекунанд. Ҳама сола нақшаи даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардида, дар маҷлиси ҳукумат баррасӣ мешуд ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол мегардид.

Ҳар сол вакилони Маҷлиси намояндагон дар масъалаи истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ муҳокимаҳо гузаронида, вазорату идораҳои маблағҳоро ғайримақсаднок масраф кардаро огоҳ мекарданд. Иштироки Парлумон дар таҳияи буҷет бори аввал аст, ки сурат мегирад. Зарурати ин амалро вакилон дар шаффоф ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷетӣ арзёбӣ мекунанд. Вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки соли ҷорӣ бо ташаббуси спикери Парлумон, Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ширкати вакилони кумитаи дахлдори МН бо вазоратҳои зирабт ҳамчун шарики ҳамкор дар таҳияи буҷети давлатӣ ва зарурати тасвиби он, хароҷоту даромад ва дарёфти манбаъҳои иловагӣ, ки метавонад қисми даромади буҷетро афзун кунад, бардошта шуд. Гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки дар он вакилон, намояндагони мақомотҳое, ки манбаъҳои даромади буҷет ба онҳо дахл дорад ва ҳамчунин бо иштироки намояндаҳои Бонки ҷаҳонӣ таҳияи буҷет барои соли 2012 муҳокимаронӣ шуд, то шаффофият дар истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварӣ ва харҷу масрафи он таъмин карда шавад.

«Истифодаи ғайримақсаднок» ё «дуздии маблағҳо»?

Буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон ва аз тарафи комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ омода мегардад ва сипас ба маҷлиси ҳукумат пешниҳод мешавад ва ҳукумат баррасӣ карда, баъдан барои муҳокима ва тасдиқ ба парлумон пешниҳод мекунад. Дар ҳамин ҳол таи чанд соли ахир тибқи маълумоти Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва муҳокимаҳои Парлумон истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷет, ғайришаффоф сурат гирифтани амалишавӣ ва ба ибораи дигар «обу лой» кардани маблағҳо аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба назар мерасад. Пӯшиши дипломатии ибораи «истифодаи ғайримақсаднок»-е, ки аз ҷониби Парлумон ва мақомот садо медиҳад, дар расонаҳо ба таври ошкоро ва ба қавле «бепарда» ба таври дигар шарҳ дода мешавад, яъне: «дуздии маблағҳо»-и буҷетӣ аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ. Дар ин бора вакили МН Исмоил Талбаков чунин мегӯяд, ки соли 2009 ва 2010 бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ Маҷлиси намояндагон се маротиба муҳокимаи парламентӣ гузаронид ва дар он истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ истифода мебаранд, мавриди баррасӣ қарор дод. Тавсияҳо дод, то пеши роҳи он камбудиҳо ва қонуншиканиҳое, ки дар ҷараёни истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ба назар мерасанд, гирифта шавад. Дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ барномаҳои ҳукуматии рушди иқтисод, пешниҳоди президент дар паёми солона ва пешниҳоди вакилон бо назардошти он дархостҳое, ки аз интихобкунандагон мегиранд, ба назар гирифта мешаванд, мегӯяд ҷаноби Талбаков.

Пешбинии се солаи буҷет

Тибқи маълумотҳо дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буҷети давлатӣ барои се соли оянда қабул карда мешавад. Аммо дар Тоҷикистон танҳо барои як сол пешбинӣ мешавад ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин пешбинии яксола ҳам на ҳама вақт кифоя мекунад. Муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков дар ҳамин маврид чунин гуфт:

-Давлатҳои пешрафта буҷети солонаи худро тасдиқ мекунанд ва дар баробари ин буҷети се солаи худро пешбинӣ мекунанд. Дар мо низ ин таҷриба ҷорӣ шуда истодааст. Чунки самтҳои асосии буҷетро барои се соли оянда муайян мекунанд. Ва буҷете ки барои соли навбатӣ тасдиқ мегардад, аз ҳамин нақшаи сесола сарчашма мегирад. Вале нақшаи истифодаи буҷет аз соли дигар дар назар дошта мешавад. Тарҳи сесола чун нақша мемонад.

Андоз боиси иҷрои нақша ё муфлисшавии ширкатҳо?

Таҷриба нишон медиҳад, ки миёнаи солҳо касри буҷет зиёд мегардад ва ё нақшаи буҷет иҷроношуда мемонад. Сабаби инро мақомот аз насупоридани андоз аз ҷониби корхонаҳову соҳибкорон ва бӯҳрони молиявӣ медонанд. Вале таҳлилгарони иқтисодӣ бар ин назаранд, ки андози гарону зиёд боиси муфлисшавии ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ гаштааст ва ин раванд дар иҷрои нақшаи буҷет таъсири манфӣ мерасонад. Бояд низоми пардохти андоз осон ва сода карда шавад ва соҳибкорон барои машғул шудан ба тиҷорату истеҳсолот ҳавасманд гарданд. Исмоил Талбаков мегӯяд:

-Ба андешаи ман дар оянда бояд кодекси буҷети Тоҷикистон ба тасвиб расад ва он ҷавобгӯи стандартҳои байналмиллалӣ бошад, то тавонад тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба даромаду хароҷот, андозу ҷамоварии онро ба танзим дарорад. Чунки кодекси андоз ҳуҷҷати муҳимест, ки он як қисми асосии даромади буҷетро танзим мекунад.

Дар таҳия ва қабули буҷети давлатӣ коршиносон бештар аз он нигаронӣ мекарданд, ки манфиати ҳамаи ноҳияҳо баробар ба назар гирифта намешавад. Зеро дар Парлумон ҳамаи ноҳияҳо намояндаи худро надоранд ва дар баррасии лоиҳаи буҷети давлатӣ сарфи назар шудани манфиати ноҳияҳо аз эҳтимол дур нест. Вале дар мавриди таҳияи буҷети соли оянда, ки вакилони МН дар он ширкат кардаанд, суоле пайдо мешавад, ки аз иштироки Парлумон дар таҳияи буҷет чӣ тағйир меёбад?

Раиси созмони «Демократия» Амният Абдуназаров бар ин назар аст, ки иштироки вакилон чизеро тағйир намедиҳад, баръакс метавонад дар раванди таҳияи он халал ворид кунад ва манфиатҳои шахсиву маҳаллӣ дар авлавият қарор гирад. Ҳамчунин кам шудани буҷети баъзе мақомоту идораҳо, ки дар парлумон намоянда надоранд, аз эҳтимол дур нест. Зеро ба андешаи ӯ вакилони мардумӣ на аз рӯи принсипи барномаи ҳизбӣ ё барномаи номзадии худ интихоб мешаванд. Онҳоро ҳукумат ба маҳалҳояшон мефиристад, ба хотири он ки мардум ба ҳаммаҳалли худ овоз диҳанд ва он номзад ҳам ба хотири ояндаи худ то андозае чун кӯмак ба фоидаи маҳаллаш таҳияи буҷетро ҷонибдорӣ мекунад ва ин ба истифодаи мақсадноки буҷет халал ворид месозад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон вақт нишон медиҳад, ки  иштироки вакилони мардумӣ дар таҳияи буҷет чӣ натиҷа хоҳад дод. Муҳокимаҳои минбаъдаи истифодаи буҷет шаҳодати он хоҳад буд, ки истифодаи ғайримақсаднок ва дуздии маблағҳо бештар шудааст ё баръакс, ҷараёни амалишавии буҷет шаффофу мақсаднок сурат гирифтааст ё  не?

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)