Бахшҳо
08 июл 2011 10:10Сиёсат

Ҳизбҳои сиёсӣ раҳбарони худро иваз мекунанд?

Шабдолов: коммунистҳо зиёд мешаванд


Фазои иттилоотии кишварро хабарҳои марбут ба аҳзоби сиёсии Тоҷикистон боз пур мекунанд. Қарор аст дар рўз ва моҳҳои наздик анҷумани навбатии аҳзоби сиёсии кишвар баргузор гардад. Нахустин шуда, ҳизби комунистии Тоҷикистон (ҲКТ) аз баргузории анҷумани навбатӣ эълон намуд. Ҳамойиши навбатии комунистҳо 9-уми июл доир мегардад. Бино бар маълумоти Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ дар анчумани навбатӣ бештар масоили дохили ҳизбӣ, фаъолият давоми 5 соли охир ва раёсати ҳизб мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Номбурда мегўяд, ки ба иллати камбуди молӣ комунистони байналмилалӣ дар анҷуман даъват нашуда, вале иштироки фаъолони ҳизб аз тамоми манотиқи Тоҷикистон дар назар аст. Ба иттилои Шодӣ Шабдолов давоми 5 соли охир теъдоди аъзои ҳизб 5 ҳазор зиёд шуда, ҲКТ феълан 45 ҳазор нафар аъзо дорад. Аммо таҳлилгарон дар шароити феълӣ бештар гардидани аъзои ҲКТ-ро баъид медонанд. Ба бовари онҳо давоми чанд соли охир ҲКТ нуфузи худро аз даст дода, боиси тарки аъзои ҳизб шудааст.
Бояд гуфт, фаъолияти ҳизби сиёсӣ ва мавқеъгирии онҳо дар ҷомеа дар ин авохир яке аз масъалаи матраҳи ҷомеа буда, таҳлилгарон фаъолшавии аҳзоби сиёсиро мавсимӣ маънидод мекунанд. Шодӣ Шабодолов ин иддаоро рад карда мегўяд, ки комунистҳо ҳамеша дар ин ё он масъалаи мубрами ҷомеа мавқеъ мегиранд ва фаъолияти худро бо ҳузури ду нафар вакил дар парлумон ба анҷом намерасонанд. ҲКТ ҳич вақт ҳизби парлумонӣ набуда, асоси фаъолияти эшон берун аз МН МО мебошад. Комунистон бештар бо таблиғоти идеологияи сиёсӣ ва сотсиалистӣ машғул буда, дар робита ба бартараф кардани бўҳрони иқтисодӣ низ тасмимгириҳое доранд, илова намуд Шодӣ Шабдолов. Дар робита ба эҳтимоли бознигарӣ гардидани раҳбарияти ҳизби комунистҳо Шабдолов гуфт, ки ин ба иродаи сиёсии вакилони ҲКТ вобаста буда, дар сурати интихоб нагардидан ҳатман аз баҳри раҳбарии ин ҳизб мегузарад. Шодӣ Шабдолов аз соли 1991 раҳбарии комунистонро бар ўҳда дорад.

Аҳзоби сиёсӣ: мўҳлати раҳбарии ҳизбӣ бояд маҳдуд шавад
Аммо, чанде қабл намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба хотири риоя гардидани меъёри сарқонун ва ба вуҷуд овардани фазои сиёсии демократӣ барои маҳдуд намудани раҳбарии ҳизби сиёсӣ таклифу пешниҳодҳо доштанд. Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз баромадҳояш гуфта буд, ки тасмим дорад дар ду давра фаъолият намудани раҳбариятро дар ойинномаи ҲНИТ ворид намояд.
Муддатест сару садо атрофи фаъолияти чашмнораси аҳзоби сиёсӣ зиёд аст. Гурўҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар ин авохир ҳизбҳои сиёсӣ рисолати аслии худро фаромўш карда, фаъолияти мавсимӣ доранд. Дар ин маврид Воҳидхони Қосиддин аз ҲНИТ мегўяд, ки албатта ҳар таҳлилгар нуқтаи назари худро дорад, ки он қобили қабули ҳамагон буда наметавонад. Ба сифати далел муовини раҳбари ҲНИТ мегўяд, ки агар гурўҳе аз фаъолияти ин ҳизб нигаронӣ дошта бошад, гурўҳи дигаре баракс таъкид мекунад, то аъзои ҳизб аз ҳад нагузарад. Аммо ҲНИТ аз рисолати худ фаромўш накарда, дар робита ба масоили мубрами ҷомеа ҳамеша садо баланд мекунад. ҲНИТ дигар тағйир намеёбад, зеро ҳамеша тибқи бандҳои ойинномаи худ амал мекунад. Воҳидхони Қосиддин, муовини раҳбари ҲНИТ мегўяд, ки албатта пешниҳоди Кабирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва сари қудрат боқӣ мондан ва ё рафтани Кабирӣ аз вакилони фаъоли ҳизб вобаста аст. Баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ  дар моҳи сентябри соли равон дар назар буда, дар зимн гузориши раҳбари ҳизб давоми 4 соли фаъолият садо хоҳад дод.
Дар ҳамин робита Усмони Солеҳ, раҳбари шўъбаи таблиғотии ҲХДТ мегўяд, ки анҷумани навбатии ин ҳизб соли 2013 қабл аз интихоботи раисҷумҳур баргузор хоҳад шуд. Ба маълумоти номбурда масъалаи маҳдуд кардани мўҳлати раҳбарии ҳизб  ба ҲХДТ дахл надорад. Зеро, ҳангоми баргузории анҷуманҳо Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҳайси раҳбар аз ҷониби вакилон интихоб мегардад ва баъид аст, ки ин навбат аъзоёни ҳизб дигар нафарро интихоб намоянд, мегўяд Усмони Солеҳ. Илова бар ин вакилони ҲХДТ ҳоло ба шахсияти раисҷумҳур боварӣ доранд, афзуд номбурда.

Ҳизбҳои Зойиров, Кабирӣ, Шабодолову раисҷумҳур барҳам мехўрад?

Зимнан, Амният Абдулназаров, муовини раҳбари ҲСДТ мегўяд, ки масъалаи коҳиш додани раҳбарии муддавоми раёсати ҳизби сиёсиро вакилони ин ҳизб низ дар моҳи октябр, ҳангоми баргузории анҷумани навбатӣ матраҳ хоҳанд намуд. Номбурда мегўяд, ки талоши сотсиал-демократҳо бештар барои аз байн бурдани шахспарастӣ аҳзоби сиёсӣ мебошад. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон побанди чеҳраи сиёсии раҳбарият  шудааст. Ҳизбҳоро бештар моли Зойиров, Кабирӣ, Шабодолов ва раисҷумҳур медонанд. Аз ин хотир мо бояд талош варзем, то ҳизб бештар мардумӣ бошад, на ин ки ҳизби президент ва ё Кабириву Зойиров.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари таҳлилгарон пазируфта шудани ҳизби сиёсӣ бидуни чеҳраи саршинос на ин, ки дар Тоҷикистон, балки дар миқёси Осиёи Марказӣ (ОМ) ғайри қобили қабул аст. Зеро, бо пош хўрдани итиҳоди шўравӣ раҳбарии ҳизби ҳоким ва давлат дар ОМ ба ихтиёри як чеҳра гузошта шуд. Илова бар ин коршиносон аз шеваи ширкати раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи парлумонӣ нигаронӣ мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботҳои парлумонии Тоҷикистон маъмулан садрнишини феҳрасти ягонаи ҳизбӣ раҳбарони ҳизб мешаванд, ки ин омил бойиси сару садо дар ҷомеа мегардад. Таҳлилгарон ҳамзамон раҳбарии тўлонии раисони аҳзоби сиёсиро мавриди танқид қарор медиҳанд. Онҳо мегўянд, ки раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле аз ҳокимияти тўлонии яг гурўҳ шикоят мекунанд, ки худ аз курсӣ даст намекашанд ва дар ҳолати як ё ду ҷой гирифтан дар парлумон яке аз курсиҳоро ҳатман раисони ҳизбҳо соҳиби мекунанд. Коршиносон ин амали эшонро ба хотири ба даст овардани дахлнопазирӣ тавҷеҳ мекунанд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегўяд, ки вазъ дар ҷомеа дар ҳоле беҳтар хоҳад буд, ки агар аҳзоби сиёсии он ҷомеа фаъол бошанд. Ба бовари номбурда бидуни фаъолияти назарраси аҳзоби сиёсии мухолиф наметавон ба рушд ва пешрафти давлат умед баст. Зеро, аҳзоби сиёсӣ нақши худро дошта ба раванди ҷомеа таъсиргузор буда метавонад. Раҳбари АМСТ эҳтимоли бознигарӣ гардидани мўҳлати раҳбарии ҳизбро ҷонибдорӣ намуда, мегўяд, ки сабаби аслии ин тасмимгирӣ ҳаводиси мамолики араб аст. Чунки, он бесарусомониҳо, ки бо сарнагунии ҳокимиятҳо анҷом ёфт, ба ҳокимияти дарозумрҳо нукта гузошт.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегўяд, ки беҳтар мебуд агар дар анҷуманҳои навбатӣ аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо вуҷуди баррасии масоили дохилӣ мушкилоти ҷомеаро ҷиддан мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Аслан, аҳзоби сиёсӣ дар сурати фаъолияти густарда имкони бештарро барои фаъол кардани ҷомеа доранд. Дар сартосари ҷаҳон ду намудани фаъолияти ҳизбӣ ба чашм мерасад: аврупоӣ ва амрикоӣ. Фаъолияти аврупоӣ аз фаъолияти муваффақи ҳизбӣ дониста мешавад. Зеро, онҳо дар ҳаёти ҷомеа  таъсири бештар доранд. Аммо, фаъолияти ҳизбии амрикоӣ он қадар назаррас нест. Дар Амрико низ ба монанди Тоҷикистон ҳизбҳо танҳо дар остонаи интихобот фаъол мешаванд, агарчӣ имкони молии хуб барои фаъолияти ҳамарўза доранд. Аз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон танҳо ду ва ё се ҳизб фаъол аст, ки мутаасифона  онҳо аз сабаби камбуди молӣ ва мутахассис наметавонанд фаъолияташонро ба таври бояду шояд ба роҳ монанд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)