Бахшҳо

Вакансия дар ҳукумати Тоҷикистон

Бахти кадом мансабдор омад мекунад?




Марги нобаҳангоми Асадул
Вакансия дар ҳукумати Тоҷикистонло Ғуломов боз як курсии дигарро дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон холӣ гузошт. Бо ҳамин, аз 7 то 9 вазорат, кумита ва муассисаи давлатӣ интизори роҳбар аст. «Бози тақдир» ба китфи кадом мансабдори тоҷик мешинад?


Шўрои амният се моҳ боз котиб надорад


Курсии котиби Шўрои амнияти Тоҷикистон қабл аз интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе холист. Амирқул Азимов ин курсиро бо қасди соҳиб шудан ба курсие дар парлумони кишвар тарк намуд. Дар баробари Азимов, ки номзадияшро ҲХДТ пешбарӣ намуд, журналист Толибшоҳи Саидзода, Музаффар Мирзоев, сардори раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўрпарварии вазорати кишоварзӣ (пешниҳоди Ҳизби аграрии Тоҷикистон) ва Сафарбек Манонов, табиб муддаиёни курсии пеш аз вақт холишудаи МН МО буданд. Сайид Иброҳими Назар ҳам барои ҷой дар палатаи поёнии парлумон талош дошт, аммо баъди он ки пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба участкаҳои интихоботӣ роҳ наёфтанд, ў номзадияшро бозпас гирифт.

Интихобот дар ҳавзаи Сино 15 майи соли 2011 баргузор шуд ва ҳамон гуна, ки коршиносон пешгўӣ мекарданд, Амирқул Азимов вакил шуда, ба ҷои Шермуҳаммади Шоҳиён, ки акнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) буд, нишаст. Собиқ котиби Шўрои амният на танҳо курсии Шоҳиёнро дар парлумон соҳиб шуд, балки вазифаи пешинаи ўро низ дар ин ниҳоди қонунбарор ба худ ихтисос дода, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти МН МО гардид. Интихоботи 15 май сару садоҳои зиёдеро дар пай дошт. Номзади худпешбарӣ Толибшоҳ Саидзода онро баргузорнашуда хонда, иддао намуд, ки дар ҷараёни баргузории он тақаллубкориҳои зиёд сурат гирифтааст. Дар робита КМИРТ гуфт, ки ба хотири расидагӣ ба шикояти ситоди номзадии Саидзода як гурўҳи вижа ташкил дода, онро баррасӣ хоҳад кард.  

Инак, ҳудуди се моҳ аст, ки Шўрои амният котиб надорад. Гуфта мешавад, ин барои аввалин  маротиба аст, ки як вазифаи масъул ва он ҳам дар ниҳоди амниятӣ ба муддати тўлонӣ соҳиб наёфтааст.
Дар робита миш-мишҳое низ баланд шуданд, ки барои ишғоли ин курсӣ нафари арзандаро ҳанўз пайдо накардаанд. Бовуҷуд, таҳлилгарон аз 4 - 5 нафаре ном мебаранд, ки шонси котиби Шўрои амният таъин шуданашон мавҷуд аст. Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ, Фаттоҳ Саидов, раиси агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Абдуҷаббор Азизов мушовири сиёсати кадрии райисҷумҳур, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Саидамир Зуҳуров аз ҳамин шумуланд.
Аммо вобаста ба таҷрибаҳои қаблӣ мешавад гуфт, ки шояд котиби Шўрои амният нафаре баргузида шавад, ки дар ин феҳраст нест. Дар ҳоле, ки дабири нави Шўрои амният ҳанўз таъин нашудааст, боз чанд курсии дигар низ дар Тоҷикистон интизори роҳбар аст. Палатаи навтаъсиси ҳисоб аз ҳамин қабил аст.


Ҳисобчии №1 кӣ мешавад?


Тоҷикистон ахиран соҳиби боз як ниҳод шуд, ки Палатаи ҳисоб ном гирифт. Иҷрои буҷаи давлатӣ, аудити мустақилонаи фаъолияти молии ҳамаи созмонҳое, ки аз буҷа пул дарёфт мекунанд, назорати фаъолияти Бонки миллӣ, ҷараёни хусусисозӣ ва мудирияти манобеи табиӣ аз вазифаҳои аслии палатаи ҳисоб унвон мешавад. Бархе соҳибназарон мегўянд, палатаи ҳисоб кореро анҷом медиҳад, ки агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия онро иҷро мекунад. Ба қавли онҳо барои ба як кор машғул нашудани ду ниҳоди молӣ бояд ба фаъолияти оҷонсии зиди фасод тағирот ворид шавад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд ин тағиротҳо то охири соли равон ба миён биёяд. Аммо то он вақт бояд палатаи ҳисоб роҳбар дошта бошад. Ҳарчанд, қонуни ниҳоди тозатаъсис баъди имзои президенти кишвар дар санаи 11 июл ва дар матбуот нашр шуданаш ба  марҳилаи иҷро даромад, аммо то кунун раҳбари он таъин нашудааст. Тибқи нишондоди қонун раис, муовини раис ва панҷ аудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистонро раисҷумҳур пешниҳод мекунад ва ҷониби парлумон ба мансаби худ таъйин мешаванд. Раиси палатаи ҳисоб нафаре бояд таъин шавад, ки синаш аз 35 боло буда, таҳсилоти ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ дошта бошад. Панҷ аудитори ин ниҳоди молӣ низ бояд ҳамин мушаххасотро доро бошанд.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад бо таъсиси Палатаи ҳисоб агентии  мубориза бар зидди фасод барҳам хўрда, онро ба тобеияти ВКД хоҳанд дароварду Фаттоҳ Саидовро вазир таъин мекунанд. Аммо ба курсии «ҳисобчии №1» кӣ хоҳад нишаст, ҳанўз назарҳо гуногунанд.
Давоми як моҳ мешавад, ки ҷомеа интизори шунидани 7 номест, ки ниҳоди навро зери назорат хоҳанд дошт. Интизориҳо барои фаҳмидани раҳбар ва муовину 5 аудитори палатаи савдо дар ҳолест, ки ахиран дар ҳукумати кишвар боз як курсӣ холӣ шуд.


Шералӣ Кабиров муовини аввали сарвазир мешавад?


Асадулло Ғуломов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон 3 августи соли равон зимни парвоз ба маҳалли сохтмони нирўгоҳи Сангтўда-2 аз олам даргузашт.  Ӯ 57 сол дошт ва тибқи хабарҳо чанд соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд.
Таҳлилгарон мегўянд, ҳукумат дар пайдо намудани нафаре, ки дар курсии Ғуломов бишинад, зиёд андеша хоҳад кард. Ҳатто бархеҳо мегўянд, шояд ба ин симмат афроди наздик ба президент таъин шаванд, аммо ҳоло аз кадом як чеҳраи алоҳидае ном бурда намешавад.

Ёдовар мешавем, дар соатҳои аввали паҳн шудани хабари вафти Асадулло Ғуломов дар мавриди маҳалли фавти ў иттилои якранг набуд. Хабаргузории СА-News, ки аввалин шуда, ин хабарро ба нашр расонид, навишт, ки муовини аввали нахуствазир ҳангоми боздиди корӣ дар Роғун аз олам даргузашт. Дигар расонаҳо низ ҳамин тавр, макони фавти ўро  Шаҳри Тус, Панҷи Поён ва Сангтўда ба қалам доданд.

Ҷанозаи ў  4 август дар масҷиди марказии Душанбе баргузор гардид. Дар ин маросим мақомоти баландпояи кишвар ва аҳли уламову сокинон иштирок доштанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдор ва раиси Маҷлиси Миллӣ таъзияи ҳукуматро ба фарзандон ва наздикони Асадулло Ғуломов расонид ва даргузашти ўро барои ҷомеаи кишвар фоҷиа номид.
Пас аз адои намози ҷаноза, ҷасади марҳум Асадулло Ғуломовро ба зодгоҳаш ноҳияи Данғара фиристоданд, ки дар он ҷо ба хок супорида шуд.

Асадулло Ғуломов 28-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1976 дар зодгоҳаш шурўъ карда, солҳои 2000-2003 ба ҳайси райиси ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе ифои вазифа дошт. Аз соли 2003 то 2006 ба симмати муовини нахуствазир ва аз соли 2006 то дами маргаш муовини аввали сарвазир буд. Бо нишони «Шараф» ва унвони «Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Фарзияҳо дар бораи ба ҷои раҳматии Ғуломов омадани шахсиятҳои дигар гуногунанд. Аз ҷумла таҳлилгарон номзадии Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетика, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, Рустами Эмомалӣ, сардори як раёсати Хадамоти гумрук, Шералӣ Кабиров, муовини директори «Талко» -ро пешгўӣ кардаанд.  


Бо як тир ду «фохта» : факултаи ҳуқуқ ва муовини раиси КМИР


Шоми 14-уми июл Кароматулло Холиқов, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар манзили зисташ аз дунё даргузашт ва якбора ду курсиро холӣ гузошт. Ӯ ҳамзамон декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ буд. Холиқов ҳамагӣ чанд моҳ қабл, моҳи марти соли равон ба симмати муовини райиси КМИРТ таъин гардида буд. Бо гузашти наздик ба як моҳ аз марги ў вазифааш на дар КМИРТ ва на дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ба каси дигаре дода нашудааст.
Маросими ҷанозаи Кароматулло Холиқов 15-июл дар Душанбе сурат пазируфта, майитро ба зодгоҳаш- шаҳри Ваҳдат бурданд.

Кароматулло Холиқов соли 1957 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омада, соли 1980 факултаи ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1980 ба ҳайси муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик шурўъ карда, аз соли 1982 то поёни умраш дар донишгоҳ ба ҳайси устоди таълимгоҳ адои вазифа мекард. Моҳи феврали соли 2006 декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ таъин гардида, ҳамзамон дар моҳи феврали соли 2011 мансаби муовини райиси КМИР-и Тоҷикистонро ба ў лоиқ донистанд. Марҳум номзади илми ҳуқуқ, дотсенти донишгоҳ буд. Хизматҳои Кароматулло Холиқов бо нишони «Меҳнати шойиста» ва унвони «Корманди шойистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд.
Ба ин ду курсӣ эҳтимол дорад боз ҳам як нафар нишинад. Аммо он нафари хушбахт кист, ҳоло барои ҷомеа маълум нест.


Асадулло Раҳмонов сафир мешавад?


Як вакансияи дигар раиси киностудияи «Тоҷикфилм» аст. Маҳмадсаид Пиров, ки ин симматро бар ўҳда дошт, мақоми баландтаре гирифт. Ба ў вазифаи мудирии шўъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи президентро лоиқ диданд. Тибқи баъзе хабарҳо Муҳаммад Ғойиб, ки солҳои зиёд директори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд, бори дигар маззаи вазифаи раҳбари киностудяи «Тоҷикфилм»-ро мечашад. Чанд сол пеш ў дар ин мансаб фаъолият дошт. Агар чунин иттифоқ сурат бигирад, ҷои ў низ холӣ мемонад. Ҳолдонҳо мегўянд, курсии Муҳаммад Ғоибро дар гармогармияш ба ШЭФ-и телевизиони кўдакону наврасон-«Баҳористон» медиҳанд. Ба Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, ки дастгоҳи аслии таблиғотии ҳукумат шинохта мешавад, «интиқол» додани Зевар Давлатоваро бесабаб намедонанд. Зеро тайи муддати кўтоҳе ки дар «Баҳористон» буд, рейтинги ин шабака хело боло рафт. Таҳияи барномаҳои нисбатан ҳирфаӣ дар шабакаи кўдакону наврасон сабаби аслии сербинанда шудани он унвон мешавад. Ба ҳар сурат, агар ин пешгўиҳо рост бароянд, ҷои Зевар Давлатова низ дар «Баҳористон» холӣ мемонад. Пас ба ҷои ў кӣ хоҳад омад: муовинаш Садриддин Ҳасанзода? Ё нафари дигаре аллакай барои роҳбарияти кумита «лаббайк» гуфтааст?

Чун аз Кумитаи телевизион ва радио  сўҳбат шуд, ҳолдонҳо тахмин мезананд, ки дар сатҳи болоии он низ эҳтимоли тағйироти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Гуфта мешавад ин дигаргунӣ пас аз он сурат мегирад, ки сафири феълии Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев ба Душанбе баргардад. Зеро имсол мўҳлати сафирии ў ба итмом мерасаду фарзияҳо ҳастанд, ки Асадулло Раҳмонов ба ин курсӣ мунтақил шавад. Эҳтимол зада мешавад, ки ин кор, агар сурат мегирад, пас аз 20 – солагии Истиқлолият хоҳад анҷом шуд…   

Дар Тоҷикистон курсие, ки ба зудӣ соҳиби худро ёфт, раиси ноҳияи Тоҷикобод буд. 18-уми июл Махсум Фозилови 56-сола, вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки  давоми  панҷ соли охир раиси ноҳияи Тоҷикобод буд, аз дарди саратон даргузашт. Баъди чор рўзи ин воқеа Ҳусейн Алиев, вакили Маҷлиси намояндагон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид.


Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)