Бахшҳо
13 май 2011 12:05Гузориш

Мӯътақидему маърифати исломӣ надорем?

Ҷомеаи Тоҷикистонро бидуни дини ислом тасаввур кардан имконнопазир аст. Албатта шакли давлатдории Тоҷикистон  дунявист, аммо тавре гуфта мешавад, 98 фисади  шаҳрвандони  кишварро мусалмонон ва мӯътақидони дини ислом ташкил медиҳанд. Ду даҳсола қабл, Тоҷикистон шомили иттиҳоде

бо номи Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ буду маҳдудиятҳое дар роҳи инкишофи адён ва эътиқоди мардум роҳандозӣ шуда буданд ва ибодат ба истилоҳ хоси пирону ашхоси боло аз 50 – 60 – сола гашта буд.

Бо ба даст омадани истиқлолият баъзе аз ин мавонеъ аз байн рафтанд. Яъне истиқлолият то андозае ин мавонеъро бартараф кард,  вале тавре гуфта мешавад, ба вуҷуди ба даст омадани истиқлолият ҳам то солҳои 1992-1998 дар кишвар давраи рукуд ҳукмфармо буд. Хушбахтона, ин раванд дер напоиду шурӯъ аз солҳои 2000-ум гароиши мардум ба дини ноби муҳаммадӣ боз ҳам густариш ёфт ва кунун тавре мушоҳида мешавад, баръакси солҳои ҳукмравоии низоми тоталитарию идеологияи коммунистӣ ҷавонон ба риояи фароизи динӣ бештар таваҷҷӯҳ намуда истодаанд, гарчанде дида мешаванд баъзе афроде, ки дар айёми шубоб тамоил ба маданияти Ғарб доранд.

Ҷавонон ва гароиши онҳо ба адён

Аммо хурсандиовар он буда, ки ба қавли Қиёмиддини Аваз, масъули шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ, чун таваҷҷӯҳи ҷавонон ба масоҷид ва уламо зиёд шудааст, далелест, бар он ки ҷавонони мо бештар ба омӯзиши аҳкоми ислом рӯ оварда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, як ҷавони тоҷик бо исми Нурмуҳаммади Шамс рӯ овардани бештари ҷавононро ба Ислом такзиб наменамояд, аммо нигаронии ин ҷавон аз он аст, ки тарғиби рӯҳониёне назири Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо мунҷар ба гароиши ҷавонон ба ислом шудааст, ки ин тамоил метавонад паёмади мусбат ба дунбол надошта бошад. Зеро «мутаассифона, худи ҷавонҳо дар иртибот ба муқаррарот ва аҳкоми исломӣ кам мутолиа мекунанд, бинобар ин намуди гароише, ки дар ҷомеа матраҳ аст, имкони ба роҳи ғалат бурдани ҷавононро бештар менамояд, чунки Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо тайи мавъизаҳои худ наметавонанд, тамоми аҳкоми исломиро ба ҷавонон фаҳмонанд.

Ба ақидаи ин Нурмуҳаммад барои бо роҳи ғалат нарафтан ҷавононро зарур аст, то мутолиоти мустақилонаи осор ва тадриси исломиро бештар кунанд, аммо бо истидлол ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ю пишниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба парлумон «дар раванди омӯзиши исломии ҷавонону наврасон аз ҷониби давлат  монеа эҷод карда мешавад», мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, Нурмуҳаммади Шамс ҳамчун як ҷавон ибрози андеша кард ва тавре аз андешаи ӯ бармеояд, мавъизахонии рӯҳониён мунҷар ба гароиши бештар пайдо кардани ҷавонон ба Ислом шудааст.  Ин дар ҳолест, ки Қиёмиддин Аваз мегӯяд, вақте инсон таваллуд мешавад, фитратан мусалмон аст ва шояд ғалабаи ҳамин фитрат аст, ки муносибати ҷавононро бо Ислом дар як сатҳи хуб қарор додааст. Дар идомаи сӯҳбаташ Қ. Аваз гуфт, мушоҳидот ба низомҳо ва адёни гуногун низ ба суръат бахшидани гароиши ҷавонон ба Ислом ҳам сабаб шуда метавонанд. Зеро ба қавли ӯ, ҳама гуна адёне, ки ҳатто қудрат  доштанд, бо гузашти вақт ба сукут мувоҷеҳ шуданд, аммо ислом бо вуҷуди ҳама гуна шароит тавонист ҳуввияти худро ҳифз намояд. Гузашта аз ин аз сӯҳбати Қиёмиддини Аваз бармеояд, ки омили муҳими гароиши ҷавонон дарку фаҳмиши онҳо будааст. Ў мегӯяд, ҷавонон зарфиятҳои холие, ки доштанд, манбаъи пур кардани онҳоро аз ислом дарёфтанд ва пардохтанд ба гароиш ба ин дин.

Ҷавонони мо маърифати баланди динӣ надоранд?

Агар Қиёмиддини Аваз зеҳни ҷавононро қадр менамояду бар он аст, ки аз ҷониби ҷавонон моҳияти аслии Ислом дарк карда шуду боиси гаравиши бештари онҳо ба ин дин гашт, аммо Абдураҳмон Хонов, як тан аз масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар мегўяд, «ҷавонони мо маърифати баланди динӣ надоранд. Аз ин хотир баъзе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоъиву ифротгаро шомил мешаванд». Ба ақидаи  Хонов, ҷавонони мо эътиқоди динӣ доранд, аммо маърифати динии эшон, ки паст аст, боис ба шомил шудани онҳо ба ҳаракатҳои тундгарову ирҷитоъӣ мешавад. Ҳамчун мисол номбурда  ҳадс мезанад, ки ҳаракатҳои тундгароӣ мекӯшанд дар ҳама гуна давлатҳо мақоми худро дошта бошанд, аммо ин ба осонӣ ба онҳо муяссар намегардад, вале дар ҷумҳуриҳои рў ба инкишофе назири Тоҷикистон  ҳаракатҳои тундгаро ҷонибдорони худро зуд пайдо менамоянд. Иллати муваффақияти чунин ҳаракатҳоро ин масъули кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар надоштани маърифати динии ҷавонон мебинад.

Ӯ ин хусусияти ҷавононро хатарангез арзёбӣ менамояд, аммо меафзояд, ки ҷиҳати  рафъи ин мушкилот президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода истодааст.  «Дар ташаккули маърифати динӣ назар ба ҳама ниҳодҳои ҷомеа ҳукумати мамлакат, бахусус раҳбари кишвар талоши зиёд карда истодааст. Масалан, тарҷумаи «Қуръон»-у интишори дигари адабиёти динӣ, таҷлили соли бузургдошти Имом Аъзаму бахшида ба ин баргузор кардани якчанд чорабинии дигари динию сиёсӣ ва ғайра заминаи бисёр мусоиде фароҳам оварданд, барои ташаккули маърифати динии ҷомеаи кишвар», мегӯяд Абдураҳмон Хонов.

Дар ҳоле  Хонов аз талошҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии ҷавонон ситоиш кард, ки Қиёмидини Аваз яке аз авомили гароиши ҷавононро ба ислом дар эҷоди масдудият дар роҳи омӯзиши исломии ҷавонон арзёбӣ менамояд. Ӯ бастани масоҷид ва манъи масҷидравии духтаронро дар кишвар тамсил карда мегӯяд, «дарҳои ҷавононро ба рӯйи ислом бастаанд. Ин дар ҳолест, ки фитрати инсон чунин буда, ки агар ӯ ҳар дари бастаеро бубинад, талош менамояд, то онро боз намуда бубинад, ки пушти дар чист. Чун касоне, ки мехоҳанд дарҳоро барои ҷавонон бубанданд, исломро хатарнок унвон менамоянд ва ин гуна муносибат ҷавононро дар таҳайюру андеша мемонаду эшон пеши худ суол мегузоранд: чаро исломе, ки  беш аз 1400 сол боз хатареро эҷод накарда буд, кунун хатарангез шуда?  Бо ҳамин суол онҳо ҳар чӣ бештар ҷиҳати боз кардани он дарҳои баста мекӯшанд».

Тазаккур додан ба маврид аст, ки тибқи назарияи демокросӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҷомеа новобаста аз чигунагии он на танҳо вазифаи давлату ҳукумат аст, балки дигар аносири системаи сиёсии ҷомеа, аз ҷумла аҳзоби сиёсию дигар ташкилотҳои иҷтимоъӣ низ маваззафанд, то ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон талош варзанд. Чун 98 фисади шаҳрвандони кишвар, ки мусалмонанд ва гуфта мешавад, ки ислом бахши аъзами фарҳанги миллии моро дар бар мегирад, пас, фикр мекунам, бояд дигар ниҳодҳои иҷтимоию сиёсии ғайридавлатии тоҷикистонӣ низ дар самти баланд бардоштани маърифати исломии шаҳрвандон набояд бетараф бошанд. Зеро домангустарии исломи нобро дар кишвар аксари коршиносон омили амнияти кишвар медонанд. Баъдан, суол ин аст: чун ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ягона ҳизби динӣ дар минтақа унвон мешавад ва ҷиҳати ҳифозати арзишҳои исломӣ ҳамеша садо баланд мекунад, дар  баланд бардоштани сатҳи маърифати исломии ҷавонон метавон саҳим шумурд ва ё ҳизби мазкур дар ин самт чӣ гуна фаъолият менамояд?

Дар ҷавоб ба ин суол Қиёмидини Аваз, масъули шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ мегӯяд, «маҳз характери динии ҲНИТ мунҷар ба мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани он дар ҷомеа шудааст. Аммо бо вуҷуди ин мо аввалан, бо касоне иртибот дорем, ки эшон аъзои ҳизбанд. Мо барои аъзои худ дарсҳои фарҳангие аз қабили қуръонхонӣ, тафсири «Қуръон», ҳадис ва забони арабӣ ташкил кардаем. Ин ҳам, албатта, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати аъзои ҲНИТ аст, ки мо тибқи муқаррароти қавонини мавҷудаи кишвар, ҳақ дорем, ки чунин як маҳфилу мизи гирд ё семинарҳоро ташкил намуда бошем.  Аммо он чизе, ки махсус ба ҷавонон рабт дорад, онҳо ба мо муроҷиат менамоянд, то зарфиятҳои холиашонро пур кунанд. Яъне ҷавонон барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ ба мо муроҷиат менамоянд ва ин ҷониб кӯшиш менамояд, ки эҳтиёҷоти онҳоро бароварда созад, то дар самти ғановати маърифати исломии ҷомеа ба ҳамин тариқ ҳизб саҳме гузошта бошад».

Дар интизории сармояву сарпараст

Бояд гуфт, дар баробари он ҳама, ки доираҳои гуногун гароиши бештари ҷавононро ба Ислом тасдиқ менамоянд, аммо гуфтан мушкил аст, ки кадом як ниҳоде дар хусуси гароиши ҷавонон ба ислом таҳқиқоти вижаеро дар саросари кишвар доир карда бошад, хоса маркази тадқиқоти стратегии назди президенти кишвар. Ба гуфтаи як масъули ин ниҳод, марказ то ҳол таҳқиқоти вижаеро ба анҷом нарасонидааст, аммо тасмим дорад, то чунин як таҳқиқотеро пиёда намояд, бинобар ин ҳамакнун ҷиҳати дарёфти сармоягузоре дар ин самт камар бастааст, вале хулосаи таҳқиқаш чӣ гуна бароварда мешавад, инро танҳо вақт нишон медиҳад.{jathumbnail off}

Талабшоҳи Салом

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)