Бахшҳо
17 май 2011 07:25Гузориш

Нигаронӣ аз афзоиши қимати роҳкиро

Боло рафтани қимати роҳкиро барои нақлиётҳои дохилии мусофирбар дар қаламрави  вилояти Суғд  аксари мардуми минтақаро  нигарон  кардааст. Сокинон мегӯянд, гарон шудани қимати роҳкиро зиндагии бе ин ҳам мушкили онҳоро мушкилтар  мекунад.

Дар моҳи сентябри  соли гузашта нархи роҳкиро дар ҳамаи хатсайрҳои  миқёси вилоят ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфта буд.  Вале   аз рӯзи 10 уми майи соли равон қимати рокиро дар хатсайрҳои самти   Хуҷанд- Табошар,  Хуҷанд- Консой,  Хуҷанд- Зафаробод,  Хуҷанд - Шаҳристон 20 дарсад боло рафта, қимати роҳкиро аз 6 ба 8 сомонӣ дакка хӯрдааст.

Тавре аз Ассотсиатсияи нақлиёти мусофиркашонии Суғд ба   хабарнигори «Озодагон» дар ин минтақа гуфтанд, болоравии қимати сӯзишворӣ боиси боло рафтани нархи роҳкиро шудааст.

«Болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба зиёдшавии нархи роҳкиро оварда расонд. Болоравии нархи роҳкиро дар асоси фармони вазорати нақлиёт ва комуникатсияи кишвар ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ҷорӣ шудааст», мегӯяд Абдуҷалил Бобоҷонов, муовини директории генералии Ассостсиатсияи нақлиёти автомобили мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Аммо аксари сокинони вилояти Суғд мегӯянд, гарон шудани қиммати роҳкиро мушкилоти онҳоро бештар кардааст. Мирзошариф Каримов як сокинони ноҳияи Шаҳристон афзуд, кор нест, нархҳо ҳама дар бозор  гарон  аст. Бо вуҷуди ин нархи роҳкироро боло бурданд. Барои як рафтуомад ба Хуҷанд 20 сомонӣ  мегиранд.

Матлуба Орипова, сокини Табошар ва аз ҳамсӯҳбатони дигари мо, мегӯяд, боло бурдани қимати роҳкиро, бештар онҳоеро нигарон кардааст, ки дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд: «Мардум аз боло рафтани нархи роҳкиро мушкилӣ мекашанд. Хонаводаҳои камбизоат дар ҷойҳои мо бисёранд, ки ҳатто барои хариди сару либоси фарзандонашон имкон  надоранд. Боло рафтани нарх боз мушкили мардумро  бадтар мекунад».

Ҳикматулло ном  як ҷавон аз ноҳияи Ашт, бо изҳори таассуф, гуфт, ки бештари хонаводаҳо дар навоҳии дурдасти минтақа бо мушкили фақру нодорӣ ба сар бурда, умдатан мушкили пардохти харҷи роҳ барои сафар дар ин ё он гӯшаи кишварро надоранд. Вай мегӯяд, мутаасифона, дар баланд бардоштани нархи роҳкиро омили шароити зиндагии мардум аз сӯи масъулин ба назар гирифта нашуда, ин ҳол бисёрҳоро ба изтироб овардааст:

«Роҳкирои самти Адрасмон-Хуҷанд ва Хуҷанд – Адрасмон 12 сомонӣ буд, ҳоло ба 16 -18  сомонӣ баробар кардаанд. Бисёре аз донишҷӯён имкон надоранд, ки дар чунин шароит ҳеч не барои гусели фарзандони муҳоҷир ва ё аз ҳоли нафарони дар беморхонаҳои Хуҷанд қарор доштаашон аёдат кунанд ».

Масъулини идораи нақлиёти мусофирбарии Суғд мегӯянд, дар сурати поён нарафтани қимати сӯзишворӣ эҳимол арзиши роҳкиро дар ҳама хатсайрҳои мусофиркашонӣ гарон карда хоҳад шуд.

Бо дигар шудани вазъи сиёсӣ- иктисодӣ дар кишвар фаъолияти автобусҳо, ки як вақтҳо ба таври фаровон ба назар мерасид, комилан барҳам хӯрдааст. Ҳоло  бахши аъзами нақлиёти мусофирбарӣ дар ин қисмати кишварро миркоавтобусҳо ташкил медиҳанд, ки бо гарон шудани нархи сузишворӣ ҳамоно камбуди фаъолияти онҳо ба назар мерасад ва ҳеч як аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ онҳоро ба танзим дароварда наметавонад ва дар чунин вазъ бештар боз сокинони камбизоят азият мешаванд.{jathumbnail off}

Қамари Аҳрор

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)