Бахшҳо
28 май 2011 08:36Гузориш

Бурду бохти намоишгоҳи «Китоби Душанбе»

Фармоишгари аслӣ вазорати маориф мебошад. Вале, масъулини ин ниҳод тамоми китобҳои худро дар Чин ба табъ мерасонанд. Ҳарчанд, кори чиниҳо сифати хуб надорад. Аз ин хотир беҳтар мебуд, то вазорати маориф китобҳои худро дар дохили кишвар нашр мекард.

Барои мисол ширкати «Офест» аз имкониятҳои беҳтарини технологӣ бархурдор аст ва вазорати маориф набояд аз хидматрасониҳои Хитой истифода бубарад.

«Китоби Душанбе»  ва  меҳмонони хориҷӣ

Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Намоишгоҳи мазкур аз 25-ум то 27-ум дар бинои филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он интишороти 9 кишвари дунё китобҳои адабӣ, таърихӣ ва фарҳангиро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар рафти намоишгоҳ муаррифии китобҳои адибони тоҷик дар ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷ низ доир гардид.

Дунё Ниёзлиева, намояндаи гўшаи Туркманистон мегўяд, "дар намоишгоҳ бештар аз 100 китоби туркманӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки ин теъдоди китоб махсусан ба хатти сиррилик баргардон шудааст. Дар Туркманистон чорабиниҳои ба ин монанд зиёд мешаванд, аз ин хотир мо ҳамеша барои баргузории намоишгоҳҳои китоб омода ҳастем.

-Бояд гуфт, ки давоми 10 соли охир дар робита ба рушди технология ва иноватсия аксари кишварҳои дунё аз коҳиш ёфтани таваҷҷўҳи хонандагон ба китоб садо баланд мекунанд. Аммо дар Туркманистон ин падида ба мушоҳида намерасад. Новобаста аз рушди бахши технология китобҳои туркманӣ ҳамеша харидор доранд ва барои ин бахши маориф бисёр талош дорад", афзуд Дунё Ниёзлиева. Ба гуфтаи номбурда чунин ҳавасмандиро вай аз ҷониби мардуми тоҷик мушоҳида накардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Фарҳодуллоҳ Раҳмонӣ, намояндаи давлати Афғонистон насли ҷавони Тоҷикистон ба баргузории ин намоишгоҳ таваҷҷўҳи хоса зоҳир кардааст.

-Давоми се рўз ман ду гўрўҳи мардуми тоҷикро мушоҳида кардам. Яке насли ҷавон ва дуввум насли солрафта. Бояд бигўям, ки ҷавонони тоҷик бисёр фаъол буданд, гурўҳ-гурўҳ меомаданд ва пурсуҷў мекарданд. Аммо, бояд бигўям, ки маъмулан ду мушкилӣ садди роҳи онҳо мегардид. Ҷавонони тоҷик аз лиҳози камбуди маблағ ва балад набудани хатти форсӣ наметавонистанд китобҳои нашри афғонро харидорӣ намоянд,- гуфт Фарҳодуллоҳ Раҳмонӣ.

Дар ҳамин маврид, Сайидмуҳаммади Ғазанфарӣ, мутахасиси ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон мегўяд, бо таваҷҷўҳ ба ин масъулини интишороти Эрон маъмулан китобҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки онҳо аз форсӣ ба хатти сиррилик баргардон шудаанд. Ба маълумоти номбурда иддае аз чопхонаҳои Эрон дар чанд гўшаи шаҳри Душанбе фурўшгоҳ боз намуда, шўъбаи махсус барои баргардонидани китоб аз хатти форсӣ ба сирриликро доранд. Ҳарчанд дар Эрон бештар аз 4 ҳазор интишорот фаъол аст, аммо дар намоишгоҳи мазкур танҳо се чопхона тавонист китобҳояшро ба маърази тамошо гузорад. Зеро иттилоъ надоштанд ва онҳое, ки ҳам инҷо ҳузур доштанд, хеле дер аз баргузории намоишгоҳ огоҳӣ ёфтанд, илова намуд мутахасиси ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон.

Нигаронии як табиби мардумӣ ва масъули «Офсет»

Ин гуфтаҳоро Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби мардумии тоҷик тақвият бахшида мегўяд, ки ин мушкили аслии баргузории ин намоишгоҳ ва масъулини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

-Аз сабаби дар сатҳи паст қарор доштани иттилоърасонӣ ҳузури мардум дар намоишгоҳ фаъол набуд. Дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои дидан аз як гўша ва харидории китоб мардум ҳудуди 15 ва 20 дақиқа навбат меистанд, аммо дар ин намоишгоҳ ин чиз мушоҳида намешавад, мутаасифона. Ба андешаи ман бояд тавассути шабакаҳои телевизионӣ, радио ва нашриёт дар мавриди баргузории ин намоишгоҳ ҳарчи бештар эълон медоданд,-таъкид намуд Тоҳирӣ.

Муллозуҳур Тоҳирӣ бо вуҷуди нигарониҳо аз баргузории намоишгоҳ истиқбол намуда  гуфт, масъулин бояд талош варзанд то чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҳар чӣ бештар дар Тоҷикистон баргузор гардад. Номбурда мегўяд, муҳим нест, ки он дар сатҳи байналмилалӣ аст ё дохилӣ, бояд ҳамкорӣ ва рақобат миёни чопхонаҳои дохилӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Дар зимн, Артём Гулёвский, муовини директор оид ба маркетинги ширкати «Офсет» аз набудани дастгирии ҳукуматӣ шикоят кард. Ба бовари номбурда дар аксари кишварҳои дунё ҷамъиятҳои полиграфӣ фаъолият доранд, ки он миёни ҳукумат ва чопхонаҳо як пул мебошад.

-Дар Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолият хеле душвор аст. Фармоишгари аслӣ вазорати маориф мебошад. Вале, масъулини вазорат тамоми китобҳои худро дар Чин ба табъ мерасонанд. Ҳарчанд кори чиниҳо сифати хуб надорад. Аз ин хотир беҳтар мебуд, то вазорати маориф китобҳои худро дар дохили кишвар нашр мекард. Барои мисол ширкати «Офест» аз имкониятҳои беҳтарини технологӣ бархурдор аст ва вазорати маориф набояд аз хидматрасониҳои Хитой истифода бубарад,- мегўяд Артём Гулёвский.

Агар кӯмак мекарданд…

Масъулини ширкатҳои полиграфӣ дар ҳоле аз адами дастгирии ҳукуматӣ ва ҳамкории муштарак нигаронӣ мекарданд, ки сокини ноҳияи Зафаробод, занбўрпарвар Баҳруллохон Эътиборов мегуфт, барои нашри китоби худ беш аз як сол талош дорад.

-Ман намедонам дар куҷо китобро ба табъ расонам. Ин китоб дар бораи асали сиёҳдона мебошад. Ин асал ҳоло дар ягон кишвари дунё истеҳсол намешавад. Мўҳтавои ин китоб даво будани асали сиёҳдона ба бемориҳо ва тарзи дурусти истеҳсоли онро дар бар мегирад. Ин китобчаи хурдро ман ба адади 100 нусха худам ба чоп расонидам, аз ин беш имконияти молӣ надорам,- мегўяд Баҳруллохон Эътиборов.

Ба бовари номбурда навиштаҳо бояд дар шакли аз ин беҳтар нашр гардад. Дар ҳамин маврид Қурбон Афғонов, раҳбари китобхонаи давлатии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар низ дар навбати худ аз намуди зоҳирӣ ва сифати китобҳои нашри Тоҷикистон нигаронӣ намуд. Ба бовари номбурда иқтидори корхонаҳои тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ набаромада, барои бо технологияи муосир таъмин кардани интишороти Тоҷикистон сармояи ҳангуфте лозим аст. Аммо мегўяд номбурда, баргузории намоишгоҳи китоб гоме барои рушди ин бахш хоҳад буд.

Султони Ҳамад, сокини пойтахт мегўяд беҳтар мебуд агар масуълини Тоҷикистон дар баробари муарифии китоб мулоқоти хонандагон бо адибонро баргузор мекарданд.{jathumbnail off}

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)