Бахшҳо
02 июн 2011 04:23Гузориш

Ҷаримаи «роҳпаймоӣ» ва парлумони Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз ҳам воқеоти солҳои 90-и асри гузаштаро фаромӯш накарда, аз истилоҳҳои «гирдиҳамойӣ» ва ё «гуруснанишинӣ» ҳарос доранд.

Парлумони Тоҷикистон дар  ҷаласаи навбатӣ ба 3 қонуни марбут ба баргузории намоишҳои эътирозӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд. Саидхон Ҷурахонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки тарҳи қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта»-ро муаррифӣ мекард, ҳадаф аз ворид намудани тағйиротро дар мутобиқ намудани санад бо вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар маънидод намуд. Ба иттилои номбурда, қонуни амалкунанда ҳанӯз соли 1998 қабул шуда, вожаҳои «гирдиҳамойӣ», «маҷлис», «намоишҳо» ба таври бояду шояд шарҳ дода нашудааст. Ба пешниҳоди номбурда, аз ин ба баъд гуруснанишинии эътирозӣ ва истифодаи нерӯҳои милиса аз тирҳои резинӣ алайҳи тазоҳургарон мушаххас мешавад. Ворид гардидани тағйирот ба қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта», «Дар бораи милитсия» ва қонун «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»  баргузории гирдиҳамойии эътирозиро маҳдуд карда, муҷозотро барои ширкат дар тазоҳуроти  бидуни иҷоза шадидтар намуд. Ҳамакнун шаҳрвандоне, ки дар эътирозҳои ғайриқонунӣ ширкат мекунанд, муваззаф ба пардохти 20 маоши ҳадди ақалл шуда ва муҷозоти кормандони давлатӣ дар сурати даст доштан дар чунин ҳамоишҳо шадидтар мешавад. Дар ҳамин шабу рӯз баррасӣ ва ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкурро таҳлилгарони тоҷик ба таври мухталиф шарҳ медиҳанд.

Пешгирӣ ва ё иқдоми сиёсӣ?

Вакили парлумон Олимҷон Салимзода, мегӯяд, ки тасмими ҳукумати кишвар ҳеч рабте ба воқеоти сиёсии ҷаҳон надошта, он танҳо ба хотири шарҳ додани мафҳумҳои асосии қонун будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Султони Ҳамад, коршиноси тоҷик ин амали ҳукумат ба воқеоти мамолики араб рабт дорад ва бо ин васила парлумони Тоҷикистон имкониятҳои шаҳрвандонро маҳдуд карданист. Зеро, дар натиҷаи тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо бархе аз ҳукуматҳои худкома аз сари қудрат рафтанд, ки ин бойиси ташвиши кишвардорон гаштааст. Ба ҳар сурат масъулини Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои араб набояд чунин амал мекарданд, чунки мардуми Тоҷикистон давоми чанд соли охир ҳатто андешаи баргузор намудани тазоҳурот ва ё намоишҳои эътирозиро надорад. Ба гуфтаи султони Ҳамад шаҳрвандони кишвар ҳанӯз ҳам воқеоти солҳои 90-и асри гузаштаро фаромӯш накарда, аз истилоҳҳои «гирдиҳамойӣ»  ва ё «гуруснанишинӣ» ҳарос доранд.  Ин гуфтаҳоро Раҳматилло Зойиров, раҳбари консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон тақвият бахшида, мегӯяд, бархӯрди ҳукумат ва вакилони мардумии кишвар ба ин масъала ва расман назорат бурдани масъулини мақомоти давлатӣ барои баргузории «гуруснанишинӣ» хилофи қонунгузорӣ мебошад.

Масъалаи намоишу гирдиҳамоиҳоиҳои осоишӣ табиати худро дорад ва он бояд на аз тариқи қонун, балки тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шавад. Умуман, намоишҳоро бо роҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардан лозим нест. Қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта» аслан ба солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд, замоне, ки ҷомеаи Тоҷикистон худро устувор медонист. Аз ин рӯ беҳтар мебуд агар ин қонунро аз ҷиҳати системавӣ дида мебаромаданд. Ба андешаи манн, парлумони Тоҷикистон барои қабули қонуне, ки ба манфиати ҷомеа аст бетарафӣ зоҳир намуд. Маъмулан ҷамъияти кишвар танҳо пас аз қабули ҷунин аснод бохабар мешаванд, ки ин ҳам як навъ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст. Намоишу эътироз характери сиёсӣ ва ҷамъиётӣ  дошта, он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дахл дорад. Аз ҳамин хотир вакилони мардумӣ бояд қабл аз қабули тағйирот ҷузъиёти дар назар гирифтаашонро ба муҳокимаи ошкорои мардумӣ мебароварданд. Вале, мегӯяд раҳбари консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикисон, мутаасифона то ба имрӯз якдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа ва парлумон ба вуҷуд наомадааст.

Бояд гуфт, пас аз таҳаввулоти ҷаҳони араб хабаргузориҳои байналмилмилалӣ бо ишора ба вазъи кишварҳои худкома аз эҳтимоли эътирозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор медоданд.

Дарси арабӣ ва иттилои русӣ

Султони Ҳамад коршиноси тоҷик мегӯяд, маҳз ҳамин «ҳушдор»-ҳои берунӣ ҳукумати кишварро водор сохтааст, то барои бартараф намудани чунин мушкилот чораҳои қатъӣ андешад.

-Пас аз воқеоти кишварҳои араб дар расонаҳои хабарии хориҷ, ба хусус русӣ сару садо ва таҳлилу хабарҳо зиёд шудааст, ки гӯё дар Тоҷикистон тобистони соли равон ягон намоиши эътирозӣ баргузор мегардад. Ҳукумати Тоҷикистонро ин хабарҳои ба ҳарос овард. Аммо, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) дар баробари таъсири беруна, ҳамзамон ҳузури Амирқул Азимов, вакили тозаинтихобро яке аз сабаби аслии ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта» медонад.

-Ҳадафи аслии ворид намудани Амирқул Азимов низ ба парлумон бояд ҳамин бошад. Ҳоло, бо гузашти андак вақт теъдоди қонунҳои «маҳдудкунанда» барои таъмини амнияти киршвар зиёд хоҳад шуд. Тасмимҳои ба ин монанд агар аз як тараф барои таъмини суботи милливу давлатӣ гирифта шавад, аз ҷониби дигар он ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро поймол мекунад, илова намуд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.{jathumbnail off}

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)