Бахшҳо
10 июн 2011 13:05Гузориш

Раҳбари Созмони милал боз раҳбар мешавад?

Дар бораи ў коршиносон ҳамчун роҳбари хусусияти номуайян дошта сўҳбат мекунанду дипломатҳое низ ба фаъолияташ эътирозҳо доштаанд.

Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали мутаҳид (СММ) тасмим дорад, раҳбарияшро дар ин вазифа барои 5 соли дигар тамдид намояд. Дар ин маврид Пан Ги Мун 6-уми июни соли равон зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар қароргоҳи СММ эълон доштааст. Бино бар навиштаи хабаргузории РИА-новости, то ин замон аз 5 кишвари ҳуқуқи ветодошта танҳо Русия дар мавриди номзадии Пан Ги Мун мавқеъгирӣ накардааст. Бритония, Амрико, Хитой ва Фаронса ҷонибдори он ҳастанд, ки Пан Ги Мун барои 5 соли дигар раҳбари СММ интихоб бишавад. Аммо мутобиқи низомномаи СММ барои боқӣ мондан ба маснади котиби генералӣ Пан Ги Мун бояд розигии 5 давлати узви доимии Шўрои амниятии ин созмонро ба даст орад.

Дар ин робита Пан Ги Мун ба раҳбарони давлатҳои узви Ассамблеяи генералӣ мактуб фиристода, гуфтааст, ки дар сурати аз нав таъин шудан бо тамоми ҳастӣ барои ин созмон  хидмат хоҳад кард.

Пан Ги Мун аз дастовардҳои чаҳор соли охири СММ ёд оварда гуфтааст, ки расонидани кўмаки саривақтӣ ба Миёнмар, Ҳаитӣ ва Покистон, баррасии масоили  тағйирёбии иқлим ва бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ аз ҷумлаи муваффақияти ин созмон мебошад.

Тоҷикистон: Пан Ги Мун дипломати «эҳтиёткор» буд

Бояд гуфт, пешниҳоди номзадии Пан Ги Мунро ҳамчунин Олмон  ва Итолиё ҷонибдорӣ кардааст. Дар робита ба ин мавзўъ, Давлат Назрӣ, сардори департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, СММ барои бартараф намудани мушкилоти ҷаҳонӣ мехонизми хуб буда, Пан Ги Мун давоми 4 соли фаъолият ҳамчун роҳбар худро аз ҷиҳати мусбат нишон дода, эҳтимоли зиёд аст, ки номбурда барои давраи дигар низ раҳбари СММ интихоб гардад. Дар тақвияти ин суханҳо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон мегўяд, ки Пан Ги Мун давоми 4 соли фаъолияташ як сиёсатмадори бисёр ором, бетараф ва эҳтиёткор буда, бо ин хислатҳояш тавонист эътимоди кишварҳои ҷаҳониро ба даст орад. Ба гуфтаи вакили парлумон Пан Ги Мун кўшиш намуд, ки аз мавқеъгириҳои шадид ва боҷуръатона канор бошад, то амалҳояш боиси норизоии ҷонибҳо нагардад. Аз ин хотир, вақте Пан Ги Мун аз Осиёи Марказӣ (ОМ) дидан намуд, дар мавриди обу барқ мавқеъи равшану возеҳе надошт ва бештар бо сўҳбатҳои дипломатиаш тарафҳоро «розӣ» намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон интизори бархўрди ҷиддии котиби генералии СММ оид ба мушкилоти обу барқи минтақаӣ буд, мегўяд Кабирӣ.

Ба бовари сиёсатмадори тоҷик, Муҳиддин Кабирӣ дар масъалаи обу энержии Осиёи Марказӣ назар ба СММ бештар созмонҳои урупоӣ фаъол ҳастанд. Ба андешаи номбурда шояд талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати мутақоид сохтани СММ нишонрас набудааст.

Аммо ба назари Вафо Ниятбеков, масъули маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (МТС) Пан Ги Мун ҳамчун раҳбари СММ озодии мутлақи сиёсӣ надошт. Пан Ги Мун дар ҳаводиси кишварҳои Араб, ки бояд зери назорат мегирифт, дахолат накард. Дар ин маврид аксари кишварҳои ҷаҳонӣ хилофи қарордоди Шўрои амнияти СММ амал карда, тавсияву пешниҳоди онро қабул надоштанд, мегўяд Вафо Ниятбеков.

СММ дигар созмони устувори байналмилалӣ нест

Масуъли МТС мегўяд, ки ҳамин тобеъ набудани иддае аз кишварҳо боис гардид, ки СММ ба унвони як созмони байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро аз даст бидиҳад. Дар садаи 20 СММ хеле устувор буда, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон таҳти назорати СММ буд. Он замон тақрибан ҳеч кишвари дунё ба таври мустақилона тасмимгирӣ намекард. Аммо пас аз ҳодисаи11-уми сентябри соли 2001 дар ҷаҳон як асри ҷадиди сиёсӣ падид омад. Бо фурў рафтани биноҳои баландтарин дар шаҳри Ню-йорк нуфузи СММ низ аз байн рафт. Вафо Ниятбеков мегўяд, ки аз он ба баъд СММ идораи вазъи сиёсии ҷаҳониро аз даст дод.

Бояд тазаккур дод, давоми чанд соли охир атрофи фаъолияти СММ дар Тоҷикистон арзу шикоятҳое низ ба гўш мерасад. Ба бовари таҳлилгарон СММ дар ин авохир бештар бо ангушти ишораи маблағгузори аслии созмон, яъне Амрико, фаъолият карда, манфиатҳои кишварҳои дигарро сарфи назар мекунад.

Сабаби дигари камранг будани фаъолияти СММ-ро дар Тоҷикистон коршиносон дар ғайримақсад масраф шудани маблағҳои грантӣ арзёбӣ мекунанд. Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, дипломати тоҷик мегўяд, ки дар Тоҷикистон на танҳо СММ, балки тамоми ташкилоти байналмилалӣ бештар аз 50 дарсади маблағашонро барои дафтари корӣ ва кормандонашон ҳарҷ мекунанд. Замоне расидааст, ки Тоҷикистон бояд аз психологияи «талбандагӣ» берун барояд ва дар ҳамкорӣ авлавиятро ба шеваи кор диҳад, на дар ҳаҷми маблағ. Ба гуфтаи ин сиёсатмадори тоҷик бо ишораи Амрико фаъолият доштани СММ низ мувақатӣ мебошад. Зеро дар ҷаҳон қудратҳо иваз мешаванд.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегўяд, ки андешаҳои Амрико фармондеҳи аслии СММ аст, сад дарсад дуруст нест. Албатта, дар баъзе маворид сухани охири СММ-ро Амрико мегўяд, аммо ин маънои онро надорад, ки нақши кишварҳои дигари 5-гонаи ветодошта камранг аст. Абдулғанӣ Маҳмадазимов бар ин назар аст, ки барои ба даст овардани мавқеъ ва нуфузи қаблӣ СММ бояд ислоҳоти ҷиддии сохторӣ гузаронад.

СММ ба ислоҳоти сохтор ниёз дорад

Вафо Ниятбеков, масъули МТС мегўяд, ки давом 60 соли охир сиёсати ҷаҳонӣ куллан дигар шуд. Ҳамакнун кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ зиёд шуда, дар ҳолатҳои мухталиф ба ҷойи СММ бо ташкилоти дигари байналмилалӣ машварат мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки СММ ба меъёрҳои имрўзаи сиёсати ҷаҳонӣ мутобиқ нест ва ниёз ба ислоҳот дорад, изҳор дошт Вафо Ниятбеков.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегўяд, ки нахустин коре, ки Пан Ги Мун ба сифати раҳбари СММ бояд анҷом бидиҳад, ин афзоиш додани кишварҳои узви доимии Шўрои Амният аст. Ба бовари номбурда, дар ҳоли ҳозир СММ-ро зарур аст, то Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон ва Бразилияро ба ҳайати кишварҳои ҳуқуқи ветодошта шомил намояд. Зеро замони таъсисёбии СММ (баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ) ин кишварҳо устувор набуданд, аммо давоми чанд соли охир аз ҷиҳати саноат ва техника рушд кардаанд. Ин гуфтаҳоро Муҳиддин Кабирӣ тақвият бахшида мегўяд, ки дар сохтори СММ бояд тавре ислоҳот гузаронд, ки дигар абарқудартҳои ҷаҳон тақдири миллат ва давлатҳои дигарро ҳал накунанд. Кабирӣ мегўяд: «Дар шароити феълӣ дар баъзе маворид ҳатто кишварҳои 5-гонаи ҳуқуқи ветодошта мавқеъи якгуна надоранд. Русия, Амрико, Фаронса, Чин ва Бритония бо дарназардошти манфиатҳои давлаташон тасмим мегиранд, ки ин начандон дуруст аст. Зеро ин давлатҳо дар ҳамаи масоил бояд мавқеи бетараф дошта бошанд. Тағйирот бояд тавре ворид карда шавад, ки дигар воқеаҳои низомиву сиёсии чаҳон аз ҷониби узви Шўрои амнияти СММ идора нашавад».

Гуфта мешавад, Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти ҶИЭ низ борҳо зимни суханрониаш таъкид мекунад, ки дар СММ бояд ислоҳоти сохторӣ гузаронад. Зеро, аз замони раҳбарии Пан Ги Мун ин созмон мақоми худро аз даст дода, дар мавриди мавқеъгирии сиёсати ҷаҳонӣ наметавон онро як созмони байналмилалии бетараф унвон намуд.

Пан Ги Мун аз нигоҳи расонаҳои ҷаҳонӣ

Маврид ба зикр аст, Пан Ги Мун аз 1-уми январи соли 2007, пас аз истеъфои Кофи Анан котиби генералии СММ таъин гардид. Ҳарчанд Пан Ги Мун дар мавриди дастовардҳои СММ сухан мегўяд, вале нигарониҳо аз фаъолияти ин созмон ҳанўз дар соли аввали раҳбарияш дар расонаҳои хабарӣ пайдо шуда буд. Охирҳои соли 2007 як гурўҳ кормандони дастгоҳи СММ аз он нигаронӣ доштанд, ки раҳбари ҷадид ҳангоми интихоб ва таъини кадр авлавиятро ба ҳаммеҳанони худ медиҳад. Вале, ин шикоятҳо дар зудтарин фурсат мавриди таваҷҷўҳи Вашингтон қарор гирифта, баъдан бо хулосаи «раҳбарияти нав дастаи худро таъин мекунад», анҷом ёфт.

Дар соли 2008 исми Пан Ги Мун ва фаъолияти вай боз ба сархати хабарии расонаҳо баромад. Номаи шикоятии муовини намояндаи доимии Норвеж дар СММ Мона Йуул дар расонаҳои хабарӣ паҳн гардид, ки дар он номбурда аз сифати фаъолияти котиби генералии СММ шикоят мекард. Пан Ги Мун ба ин сару садо мавқеъгирӣ накарда, хомўширо риоя кард. Ҳамин тавр баъдан Пан Ги Мунро бештар ба тахаллуси «одами ноайён» ном мебурданд. Ҳамин тавр дар соли 2009 низ номаи Инга Бритт Алениус, раҳбари шўъбаи тафтишоти дохилии СММ дар расонаҳои хабарӣ паҳн гардида, бойиси сару садои зиёде шуд. Инга Бритт дар номаи худ аз шеваи фаъолияти Пан Ги Мун нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки котиби генералӣ дар мубориза алайҳи фасод мудохила мекунад. Хонум Бритт Пан Ги Мунро ҳамзамон барои талоши таъсиси шўъбаи тафтишоти дохилии алтернативӣ, ки мебоист зери назорати шахсиаш қарор бигирад, муттаҳам намуд.

Гуфта мешавад, давоми 4 солу 6 моҳ Пан Ги Мун бо хусусияти «номуаяйниаш» борҳо мавриди таваҷҷўҳи расонаҳои хабарӣ ва кишварҳои узви СММ қарор гирифт.

Боздиди Пан Ги Мун аз Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар баҳори соли 2010 низ дар пай шубҳаҳоеро нисбати фаъолияти котиби генералии СММ ба вуҷуд овард.{jathumbnail off}

Ҳумайрои БАХТИЁР


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)