Бахшҳо
10 авг 2011 10:05Гузориш

20-соли «Перехватизатсия»: Боз ба қафо?

Баъди фурӯши корхонаҳо чархи иқтисоди кишвар мебойист ба ҳаракат медаромад. Зеро тибқи ҳисобҳои иқтисодӣ маблағи  аз фурӯши корхонаҳо ба даст меомада  2 миллиард доллар мешуд,  вале ҳангоми фурӯхтани корхонаҳо саросемагӣ ва манфиатҳои шахсӣ бештар ба назар мерасид, на манофеи миллӣ.

То моҳи июли соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 22 ҳазору 263 корхонаву муассиса ба қайд гирифта шудааст, ки 16 ҳазору 574 тояш  корхонаву муассисаҳои хусусигардонидашудаанд, -мегӯянд масъулини агентии омори Тоҷикистон.
Ба иттиллои манбаъ, аз шумораи умумии корхонаву муассисаҳои хусусӣ феълан,   15 ҳазору 426 тояш фаъолият доранду бас. Яъне, айни замон 1 ҳазору 148 корхона ва муассисаи хусусӣ фаъол нестанд. Аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва нақши муассир надоштани бархе аз корхонаҳои хусусӣ, ки дар истеҳсолот иштирок доранд, на як бору ду бор мавриди интиқоди коршиносон қарор гирифтааст. Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Кӯлоб дар ин маврид гуфт: «Корхонаҳое, ки хусусӣ гардонида шудаанду  айни ҳол фаъолият надоранд, давлат мақсад дорад онҳоро дубора давлатӣ гардонад ва баъдан ба фурӯш гузорад». Зимнан, райисҷумҳур ба масъулини ниҳодҳои мухталифи кишвар дастур дод, ки рӯйхати корхонаҳои кайҳо боз хусусигардонидашударо, ки дар истеҳсолот иштирок надоранд, таҳия намоянд. Президент ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли дубора ба фурӯш гузоштани ин корхонаҳо соҳибкороне ёфт мешаванд, ки онҳоро фаъол намуда, барои мардум ҷойҳои нави корӣ фароҳам месозанд. Эмомалӣ Раҳмон ба Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯ оварда гуфт, ки агар давоми як сол фаъолияти корхонаи пахтаи Кӯлоб муассир нашавад ва дар канораш корхонаи нави ресандагӣ бунёд нагардад, онро давлатӣ карда, дигарбора аз тариқи музояда ба фурӯш гузоранд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон иддао доранд, ки аз нав давлатӣ шудани корхонаҳои хусусишуда ва ба нафарони дигар фурӯхтани онҳо боиси сар задании нофаҳмиҳои ҷиддӣ хоҳад гашт. Зимнан, Муҳаммад Фармонзода, коршиноси масоили иқтисодӣ дар бастагӣ ба шеваи аз нав ба фурӯш гузоштани корхонаҳо пешниҳоди худро дорад. Ба қавли ӯ бозпас гирифтани корхонаҳо бояд тавре ҷараён бигиранд, ки соҳибони вақти онҳо низ, ҳамчун аъзо бояд бокӣ бимонанд: «Омили аслии набудани ҷои кор, заъиф будани истеҳсолот маҳз дар фурӯхта шудани корхонаҳои истеҳсолӣ аст. Бубинед, мо имрӯз хатои қаблан намударо эҳсос мекунем. Бояд ҳукумат дубора корхонаҳои фурӯхташударо бозпас бигирад, вагарна ин хатои ҷиддӣ то даҳсолаҳои дигар таъсирашро мегузорад».

Фармонзода дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки баъди хотима ёфтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати вақт аз ноилоҷӣ корхонаҳои фалаҷшударо бо маблағи ночиз фурӯхт, аммо бархе аз ин корхонаҳо то кунун ба фаъолият шурӯъ накардаанд, қисми зиёдашон ба манзилҳои истиқоматӣ табдил ёфтаанд:
- Воқеан, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, сар задани ҷанги  шахрвандӣ ва маҳрум гардидан аз мероси "бародари бузург" тамоми корхонаву ташкилотҳои истеҳсоли саноатӣ рӯ ба фалаҷшавӣ ниҳоданд ва фазои иқтисодии кишвари тозаистиқлол ба нестӣ фурӯ рафт, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Мебоист, баъди фурӯши корхонаҳо чархи иқтисоди кишвар ба ҳаракат медаромад. Зеро тибқи ҳисобҳои иқтисодӣ маблағи  ин теъдод корхонаҳо беш аз 2 миллиард доллар мешуд,  вале ҳангоми фурӯхтани корхонаҳо саросемагӣ ва манфиатҳои шахсӣ бештар ба назар мерасид, на манофеи миллӣ.  Имрӯз, ки теъдоди корхонаҳои фурӯхташудаи бозпасхонда ба зиёда аз 1200 мерасад, қабл аз он, ки ин муассисаҳоро ба фурӯш гузоранд, бояд қонунгузории молиётӣ, саҳмдорӣ ва сармоягузории хешро мутобиқ ба талаботи рӯз намоянд, вагарна хатои гузашта боз такрор мегардад.

Ҷаноби Фармонзода мегӯяд, ки барои фаъол сохтани корхонаҳо ва ҷалби соҳибкорони воқеӣ чунин омилҳоро мебояд ба инобат гирифт: 1. Соҳиби пешин ва нафаре, ки баъди музоядаи такрорӣ онро мехарад, саҳмдор бошанд;
2. Ин афрод давоми 5 соли аввали фаъолият аз пардохти андоз озод бошанд;
3. Даҳ дар сади маблағҳои фурӯхташуда ба буҷаи маориф гузаронида шавад;
4. Ҳукумат қарзҳои давлативу хориҷиро барои харидорони ин корхонаҳо бо фоизи кам диҳад;
5. Агар соҳибкор дар муддати се сол корхонаро ба кор наандозад, корхона бозпас гирифта шавад;

Ишораи президент...
Бархе аз коршиносон мегӯянд дар гузашта корхонаҳоро ба шахсони тасодуфӣ ва аз соҳа дур бе гузаронидани музояда фурӯхтаанд, ки дар натиҷа корхонаҳои мазкур фаъол нашуданд.  Ин коршиносон мутаасиф аз онанд, ки соҳибони корхонаҳои хусусигардонидашуда хоҳиши фаъол кардани онҳоро надоштаанд.
-Онҳо корхонаву муассисаҳро бо нархи арзон харида буданд ва таҷхизоти онҳоро қисм-қисм фурӯхтаву фоида бардоштанд. Яъне, аксарияти чунин моликон аз аввал барои ба кор андохтани корхонаҳо манфиатдор набуданд,-мегӯянд коршиносони масоили иқтисодӣ.

Тибқи иттиллои расмӣ аз соли 1991 то соли 2010-ум дар Тоҷикистон 11 ҳазору 230 корхонаи давлатӣ хусусӣ гардонида шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ниҳодҳои дахлдор дастур дод, то ҷиҳати фаъол гардонидани корхонаҳо чораҳои зарурӣ андешанд, дар сурати фаъол нашудани корхонаҳои хусусишуда онҳо дигарбора ба давлат баргардонида мешаванд.
Алишер Зарифӣ {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)