Аз рухсатӣ аз зодгоҳаш- ноҳияи Ванҷ ба қисми низомӣ бармегашт, бехабар аз он ки риштаи умраш дар ҳамин шаби наҳси 16-уми август канда мешавад. Ба ҷои хизматаш, ки дар яке аз дидбонгоҳҳои марзии ноҳияи Ҳамадонӣ буд, расида натавонист. Капитан Рамзӣ Гулобов дар роҳ, аснои набарди нобаробар бо ду афғони марзшикан ба ҳалокат расид…
Шаби 15 ба 16-уми моҳи август, тахминан соатҳои 1-и нимаи шаб 2-тан аз шаҳрвандони Афғонистон дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Шӯрообод-Хоруғ нақлиёти ду самтро бо истифода аз силоҳи оташфишон манъ карда,, даст ба ғорату дуздии амволи онҳо задаанд. Тибқи хабари расида, марзшиканони афғонӣ бо зӯроварӣ ва тарс додан аз мусалсали Калашников, аз ронандаҳо ва мусофирон пулу маблағ ва дигар молу амволи барояшон мақбулро кашида мегирифтанд. Мардуми ба ҳарос афтода, дигар қудрати муқобилат карданро надоштанд ва ба амру фармони роҳзанҳои аҷнабӣ тан медоданд. Афғонҳо баъди муддате ба чанд нафар аз ин мусофирони тоҷик амр мекунанд, ки молу колои ғораткардаашонро бардошта, бо онҳо то ба лаби руди Панҷ баранд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидон, ки ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия баёнот додаанд, як ҷавони ҳузарби паҳлавонҷусса аз дигарон даъват мекунад, ки ба роҳзанҳо ҳамла намоянд. Ӯ гуфтааст, « як афғонро ман худам мебардорам, шумо нафари дуввумро гиред» ва якбора ба афғон дарафтода, бо зарби сар роҳзани афғонро ба замин ғалтондаст, аммо ҳамроҳонаш ваъдахилофӣ карда, рӯ ба гурез ниҳодаанд. Аз ин фурсати номусоид истифода карда, афғони дуввум бо қундоқи автомат аз қафо ба сари ҷавони тоҷик мезанад. Баъдан, хар ду афғони роҳзан бо қундоқи автомату санг ба сару рӯйи ин ҷавон зада, ӯро ба ҳалокат мерасонанд.
Ин тоҷики баномус кӣ буд?
Неъмат Наимов, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, тахминан соатҳои 2-и шаб шоҳидони ин қазия ба ШКД омада, аз ҳолати рухдода хабар медиҳанд. Гурӯҳи фаврии кормандони милиса зуд ба ҷои ҳодиса мераванд, вале аллакай аз афғонҳои роҳзан дигар дарак набуду даруни чуқурӣ ҷасади беҷони ҷавоне мехобид. Полковник Наимов мегӯяд, «Худованд ин ҷавони баномусу баори тоҷикро раҳмату мағфират кунад, ки баҳри ҳимояи ҳамватанонаш қурбони ҷаллодони афғон гашт. Ӯ як ҷавони воқеан паҳлавон, бузургҷусса ва тануманду варзишгар буд ва барои халос намудани ҳамватанонаш ба дӯғу зӯроварии афғонҳо сар нафаровард».
Ба гуфтаи шоҳидон, ба ҳангоми дастбагиребон гаштан бо афғони мусаллаҳ, ин ҷавон тавонистаст автомати ӯро аз дасташ кашида гирифта ва ҳатто як тир ба бадани афғон занад. Полковник Наимов ҳам ба исботи ин гуфтаҳо мегӯяд, « яке аз роҳзанҳо ярадор шудааст. Зеро аз ҷои ҳодиса тақрибан то ба 500-600 метр пайи хун меравад ва дигар шояд хунравӣ қатъ гардидаст, ки дигар изи хун гум мешавад. Бегумон, захмин гаштани афғон аз дасти ҳамон ҷавони тоҷик аст».
Кист ин ҷавони далеру нотарси тоҷи
к, ки дасти холӣ ба 2-тан афғони мусаллаҳ дастбагиребон гашт?
Рамзӣ Гулобов, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳраки Рохарви нохияи Ванҷи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳия. Пас аз итмоми омӯзишгоҳи марзбонӣ ба хизмати Ватан пардохт. Афсари қисми ҳарбии 2133 дар ноҳияи Ҳамадонӣ, капитан, муовини сардори яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар мавзеи Ҳамадонӣ. Ин замон дар рухсатӣ дар ноҳияи Ванҷ будаву ҳамакнун ба қисми низомӣ барои давом додани хизмат бармегаштааст. Бехабар аз он ки риштаи умраш шаби 16-уми август, ҳамагӣ дар сини 25-солагӣ ва он ҳам дар роҳ канда мешавад…
Афғонҳо дар хоки Тоҷикистон ҳӯҷаинӣ мекунанд, ҳатто даст ба куштори афсар мезананд…
Гуфта мешавад, барои дуввуми
н маротиба аст, ки тайи 1-соли ахир афғонҳо дар ҳамин мавзеъи роҳи нақлиётгард бо истифода аз яроқи ҷангӣ, даст ба ғорати ронандаву мусофирони тоҷик мезананд. Расо 1-сол муқаддам ва низ шабона як гурӯҳи афғонҳои мусаллаҳ дар ҳамин мавзеъ нақлиёти зиёди тоҷиконро ғорат карда ва ҳам эшонро маҷбур карда буданд, то моли ғораткардаашонро то хати сарҳад бубаранд.
Амирҳон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, «солҳои пештар ин ҷо дидбонгохи марзбонон буд. Бо сабабҳои номаълум ин дидбонгоҳро хароб карданд. Шахсан якчанд маротиба муроҷиат карда будам то дидбонгоҳро аз нав барқарор намоянд, аммо то имрӯз ҷавобе нест». Ба гуфтаи раиси ноҳия, мавзеъи мазкур, ки Дараи Ғувак ном дорад, дар наздики хати марз қарор доштаву тамоман аз назорат дур мондааст. Гузашта аз ин, ин ҷо ҳам аз минтақаи аҳолинишин дуртар будаву ва низ мавҷҳои тилфонӣ нест ва гумони ғолиб бар он аст, ки афғонҳо инро ба хубӣ дарк кардаанд.
Неъмат Наимов, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ бо таассуф мегӯяд, ки ҳарчанд бо таври фаврӣ ба ҷои ҳодиса расида омада бошем ҳам, вале афғонҳо аллакай ба он тарафи руди Панҷ фирор карда буданд. Зеро, то лаби дарё ҳамагӣ камтар аз 2-километр масофа аст ва ба андешаи ӯ, марзшиканон метавонанд тайи 20-30-дақиқа дарёро убур намуда, ба ҷои бехавф гузаранд.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки роҳзании афғонҳои марзшикан дар роҳҳои Тоҷикистон ва хоки муқаддаси ин сарзамин то кай идома меёфта бошад? Кӣ масъули ҳимояи мусофирони тоҷик ва сокинони манотиқи наздимарзӣ дар ноҳияи Шӯрообод аст? Чаро аҷнабӣ аз он сӯи соҳил ба қаламрави Тоҷикистон ворид гашта, даст ба куштори шаҳрвандони мо мезанад ва мақомоти мо хомӯшӣ ихтиёр мекунанд? Ва суолҳои зиёди дигар, ки дар интизори ҷавобанд.
Дар ҳамин ҳол чанд рӯз пеш як намояндаи баландмақоми ҷумҳурии исломии Афғонистон эълом дошта буд, ки дар минтақаи Шӯроободи Тоҷикистон «сайёҳони афғон»-ро паррондаанд. Аҷобат дар он аст, ки «сайёҳ»-и афғон ғайриқонунӣ марзро убур карда, дар хоки бегона сайру саёҳат карда, даст ба ғорату дуздӣ зада бошад ҳам барои масъулини ҳукумати Афғонистон ҳамон «турист» боқӣ мемондааст. Ва гузашта аз ин магар «сайёҳ» бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маводи мухаддир ба Тоҷикистон барои «тамошо» меояд? Суолест алабатта дар интизори ҷавоб… Посух аз ҳар ду ҷониби марз…
Аслиддин Достиев, Кӯлоб{jathumbnail off}
Мӯҳр