Бахшҳо
19 авг 2011 08:32Гузориш

Роҳи абрешим: Аз Рим то Душанбе

Вақти гузаштани марз дар Қазоқистону Ӯзбакистон ба мушкил мувоҷеҳ шудем, Қазоқистон каме сабуктар буд, аммо Ӯзбакистон душвор. Ба ҷои 25 доллари расмӣ гумрукчиёни ӯзбак аз мо 600 доллар гирифтанд.


Се тим иборат аз 18 нафар сайёҳони итолиявӣ тариқи мошинҳо ба Душанбе  ташриф оварданд.  Камила Ди Пауло, ихтисосаш пизишк. Як тан аз ин гурӯҳи саёҳон аст, ки дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон»  гуфт, онҳо барои расидан ба Душанбе масофаи 8000 километрро бе ягон кӯмаки беруна тай намудаанд, ки дар роҳ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаанд: «Баъзан вақт бо якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудем. Дастрас намудани сӯзишворӣ яке аз мушкилиҳо буд. Ҳамчунин вақте мошинҳо таъмирталаб мешуданд, проблемаҳо низ пайдо мешуд, зеро худамон ба ҳадди кофӣ дар ин масъала омӯзиш надоштем. Дар биёбонҳо низ ҳаракат намудан чандон осон набуд. Ҳаво бениҳоят тафсон буд. Мо ҳар рӯз 12 соат ҳаракат мекардем, то зудтар роҳро тай намоем. Дар ниҳоят мо ба мақсади худ расидем ва хело хушҳолем. Сафари мо аз 30-юми июл оғоз шуд. Мо аз тариқи Словакия, Руминия, Молдова, Украина, Қазоқистон ва Узбакистон ҳаракат намудем. Дар маҷмӯъ, марзи 8-9 кишварро убур кардем. Мо ният дорем, дар рӯзҳои оянда ба омӯхтани Тоҷикистон вақти худро сарф кунем. Сафар ба мо хеле мақул шуд, хеле шавқовар гузашт» . Хонум Камила Ди Пауло зимни сафараш ба Душанбе  аз гузаштани марзи Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки дар марзи ин кишвар аз онҳо ғайриқонунӣ пул гирифтаанд:

- Аснои гузаштани марз  дар Қазоқистону Ӯзбакистон ба мушкил мувоҷеҳ шудем, Қазоқистон каме сабуктар буд, аммо Ӯзбакистон душвор. Барои гузаштани марз мо маҷбур шудем, ки ба масъулин ғайриқонунӣ пул бидиҳем. 600 доллар барои мошинҳо пардохт кардем. Гузашта аз ин бар илова барои раводид пул додем. Аммо баъд фаҳмидем, ки барои убури марзи Ӯзбекистон аз мо бояд танҳо 25 доллар мегирифтанду бас. Чанд лаҳза пеш ба Душанбе расидем  ва хеле хурсанд ҳастем. Александра, дӯсти мо бо мошини падараш ин роҳро тай намуд. Падари ӯ ду сол қабл даргузашт. Вай мехоҳад мошинашро дар Тоҷикистон гузорад, ба хотири падараш. Ҳамаи мошинҳо ҳамчун «қурбонӣ» ба ширкати «Чезвӣ» дода мешаванд. Мо ду гурӯҳ ҳастем, ки роҳи абрешимро тай намудем. Баъзе аъзои гурӯҳ танҳо қабл аз сафар бо ҳамдигар ошноӣ пайдо карданд.

Мо 1 сол шуморо интизор будем
Ди Маттейс Марселло, сайёҳи дигари итолиявӣ мегӯяд ба Душанбе барои дасгирии ҷамоати деҳотҳо ва гузаронидани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи обёрӣ омадаанд. Номбурда иброз дошт, ки ҳангоми гузаштанашон аз Эрон танҳо як нафари онҳо ба мушкилӣ дучор шудааст: «Барои мардуми Италия аз сарҳади Эрон гузаштан мушкил нест. Як нафар ҳамроҳи мо, ки аз Британияи Кабир аст, дар марзи Эрон танҳо ӯ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд» .Умед дорем, ки дар Тоҷикистон ба воситаи лоиҳаҳои худ ёрии хурдакак, вале барои мардуми ин ҷо хеле муҳим расонида метавонем, афзуд Ди Маттейс   Марселлои итолиявӣ. Номбурда мегӯяд,  пеш аз Тоҷикистон омаданаш дар бораи шароити ин кишвар аз кормандони ташкилоти «Чезвӣ» маълумот гирифтааст. Чанд тан аз ин гурӯҳи сайёҳон зимни сӯҳбаташон иброз намданд, ки соли гузашта ҳангоми ба Душанбе ташриф оварданашон роҳҳо хеле бад будааст, аммо имсол нисбатан хуб шудааст.  Вақте сайёҳон ба Душанбе расиданду вориди ташкилоти «Чезвӣ» шуданд, дар он ҷо садои суруди итолиявӣ хеле баланд ба гӯш мерасид. Аз чеҳраашон маълум буд, ки онҳо аз ташрифашон ба Душанбе хеле хурсанданд. Барои сӯҳбат кардан бо журналистон низ хеле мароқ зоҳир менамуданд ва дар сӯҳбатҳояшон пайваста бо ҳам шухӣ мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки  беш аз 1 сол боз мо интизори дидори шумо будем. Сайёҳони итолёвӣ ихтисосҳои гуногун, аз қабили барқчӣ, меъмор, муҳандис, табиб ва варзишгарро доранд. Дар маҷмӯъ, гурӯҳи саёҳони 18-нафараи итолиёвӣ то 21-уми август дар Тоҷикистон мемонанд.

Омори расмӣ
Тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон бо  Италия  дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим ҳамкориҳояшро ба роҳ мондааст. Гардиши савдо миёни ду кишвар аз рӯи нишондодҳои соли 2009- ум 27, 7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Муносибатҳои дипломатӣ байни  Тоҷикистон ва  Италия 15 майи соли 1992 оғоз шудаанд. Моҳи майи соли 2003 байни Тоҷикистон ва Италия «Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» ба имзо расид.  22 майи соли 2007 дар вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон «Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳукумати ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ» ба имзо расид.  2 апрели соли 2009 бошад,  созишнома байни ин ду кишвар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, саноатӣ ва техникӣ ба имзо расид.  Феълан Тоҷикистон ва Италия дар самтҳои гуногун аз қабили гидроэнергетика, саноати нассоҷӣ ,саноати маводи сохтмон ва соҳаи кимиё ҳамкорӣ доранд.
Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)