Бахшҳо
26 сен 2011 09:49Гузориш

АНҶУМАНИ «ИШҚИ РАББОНӢ»

Шамсулҳаққи Ориёнфар дар ҳоле аз ин усул ёдовар шуд, ки Ҳасан Раҳимпури Азғадӣ бинобар террори устод Бурҳониддини Раббонӣ эҳтимоли оғози дигар бозиҳои сиёсии Ғарбро дар Афғонистон ҳушдор дод.   Ӯ гуфт, пас аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд воқеоти 11 сентябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сар заданд.

Зимни баргузории як иҷлоси вижае таҳти унвони «Бедории исломӣ» дар Теҳрон Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шўрои сулҳи Афғонистон ва собиқи раисҷумҳури ин кишвар дар ҳузури 700-800 олими исломӣ суоле матраҳ намуда ба ин маънӣ: магар вақти он нарасидааст, ки тасмим бигирем, мабнӣ бар як фатвои дастаҷамъӣ, як андешаи муштарак ба мардум ин паёмро бифиристем, ки мусалмонкушӣ бо дасти мусалмон хотима дода шавад? Бехабар аз он ки гӯяндаи ин ҳарфҳо бо гузашти ду рӯз аз ин, дар манзили зисташ, воқеъ дар як минтақаи ба қавле «амн»-и Кобул дар 500-метрии сафорати ИМА, тайи як ҳамали интиҳорӣ аз ҷониби як гурўҳе аз мусалмонон, ки дар робита ба муайян намудани фирқаи эшон назарҳои мухталиф ироа мешавад, кушта шуд. Ин нуктаро дар маросими бузургдошти Бурҳониддин Раббонӣ дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, райиси ин ташкилоти сиёсӣ ироа дошт.

Ҳамойиши мазкур ба хотири бузургдошти устоди фақид Бурҳониддин Раббонӣ дар мақари ҲНИТ баргузор шуд ва иддае аз равашанфикрони ҷаҳони Ислом, назири Шайх Абдулҳодӣ Аванг, раиси Ҳизби исломии Малайзия, Раҳимпури Азғадӣ, андешаманди эронӣ, Шамсулҳаққи Ориёнфар, масъули бахши фарҳанги сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раис ва теъдод аз аъзои ҲНИТ, рўзноманигорону ҳаводорони устод Бурҳониддин Раббониро гирди ҳам ҷамъ оварда буд.

Ҳасан Раҳимпури Азғадӣ, донишманди ҷаҳони Ислом бо назардошти шаҳодати устод Бурҳониддин Раббонӣ аз усули кунунии пешгирифтаи доираҳои зиддисломӣ ҳушдор дода, террори ўро ба бозиҳои сиёсии ғайримуслимин муртабит донист. Ба гуфтаи ин донишманд, усули нави мубориза бо ҷаҳони Ислом ва мусалмонон ин буда, ки мусалмон маҳз ба дасти мусалмони дигаре кушта мешавад, зеро душманони Ислом дарк кардаанд, то замоне ки Қуръону суннати Расулуллоҳ (с) байни мусалмонон ҳастанд, то оне ки таърихи боазамати айҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) ҳастанд, рўҳи ҷиҳоду шаҳодат ҳаст, намешавад ба мусалмонон мусаллат шуд.

Усулҳои мубориза алайҳи мусулмонон

Ба андешаи оқои Азғадӣ, ин усул ягона усул набудааст, ки дар мубориза бо Ислом истифода мешавад, балки дар ин роҳ аз дигар шева ҳам кор гирифта мешудааст. Даргирӣ миёни мазоҳиб, низоъандозӣ миёни марзҳои мусалмоннишин, таассуби такфирӣ ва нест кардани ҳуввияти исломӣ ин ҳама аз усулҳои мухталифи як тарҳ бар зидди Ислом будаанд, ки кунун аз онҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ба унвони нишонаҳои усул ё хати аввалӣ агар куштори муслимин бо дасти муслимин шинохта шавад, нишони усули дуввум он буда, ки бинобар тавофутҳои ҷузъии мазоҳиб миёни аҳли мазҳабҳо ихтилоф гузошта мешавад, ки боиси нофаҳмиҳо мегардад ва иттиҳоди исломиро мувоҷеҳи хатару аз даст рафтани шахсиятҳо месозад.

Зикри нуктаи мазкур ба он хотир дар маросими гиромидошти устод Раббонӣ сари забон буд, ки устодро низ аз зумраи шуҳадои ин тарҳ арзёбӣ карданд. Ва гуфта шуд, бар асоси таассуби такфирӣ, ки яке аз дигар усулҳои ин тарҳ ба шумор меравад, Бурҳониддин Раббонӣ террор карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад, аз пиёда шудани он дар сарзамини мусалмоннишин 150 – 200 сол сипарӣ шудааст. Усули дигар дар тақсими ихтилофангези марз будааст, ки ин мушкилӣ то ҳол домони муслиминро раҳо накардааст.

Шамсулҳаққи Ориёнфар, масъули бахши фарҳанги сафорати Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як шахсияти меҳварӣ будани устод Бурҳониддини Раббонӣ тазаккур дод бар ин маънӣ, ки дар Афғонистон канори ҳеч шахсияти дигаре ҳама ақвом ҷамъ намешуданд, ба ҷуз марҳум Бурҳиддини Раббонӣ. Агар дар ҳар маҷлисе, ки устод Раббонӣ ҳузур медошту аз 20 қавм як нафар мебуд, раҳбар устод Раббонӣ буд. Ҳеч маҷлисе аз ақвом нагузошта, ки дар он устод Раббонӣ ҳузур дошта бошаду раҳбарӣ ба зиммаи дигар шахс вогузор шуда. Чунин шахсияте, ки ба чунин меҳварият расида бошад, танҳо устод Раббонӣ буд. Шояд душманҳо ба ин хусусият ҳам таваҷҷўҳ мекарданд, ки ба тавтиъаи навбатӣ даст заданд.

Боз як «бозӣ»-и Ғарб?

Шамсулҳаққи Ориёнфар дар ҳоле аз ин усул ёдовар шуд, ки Ҳасан Раҳимпури Азғадӣ бинобар террори устод Бурҳониддини Раббонӣ эҳтимоли оғози дигар бозиҳои сиёсии Ғарбро дар Афғонистон ҳушдор дод. Ў бар мабнои бозиҳои тавтиъаангез дар террори Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт, пас аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд воқеоти 11 сентябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сар заданд. Бинобар ин эҳтимол меравад, террори устод Раббонӣ бо таъаҳҳуде, ки ғарбиён зоҳиран ҷиҳати бурунрафт аз Афғонистон кардаанд, берабт набошад, зеро Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои истеъморгарон монеа эҷод мекарданд. Шояд ин андеша то ҷое воқеият дошта бошад, зеро ба ақидаи Шамсулҳаққи Ориёнфар, дар ҷаҳони Ислом, байни ҳаракатҳои исломӣ шояд мутафаккири бузург дошта бошем, ё дар мавриди як шахсияти абадӣ ва касе, ки дар ҳаракатҳои инқилобӣ нақш дошта бошад, бидуни шубҳае ҳарф зада тавонем. Аммо як касеро, ки ҳамаи ин хусусиётро сад дарсад дошта бошад, бисёр кам дорем, ки устод аз зумраи чунин ашхоси ангуштшумор буда, як мутафаккири инқлобӣ-исломӣ маҳсуб мешуд.

Воқеан, ин нукта қобили таваҷҷўҳ ва мулоҳиза аст, зеро Шамсулҳаққи Ориёнфар, ки бештар ҷиҳати хусусиёт ва салиқаи сарварии Бурҳониддин Раббонӣ сўҳбат мекард, гуфт, вижагии дигари Бурҳониддин Раббонӣ дар  он буда, ки тақрибан ба ҳама қудратҳои ҷаҳонӣ рў ба рў шудааст. «Агар Иттиҳоди Шўравӣ муқобили устод Раббонӣ буд, чун аз Афғонистон рафт, дигар паймоне бо номи НАТО ба ин ҷо омад. Дар ҳама ин муборизот  як мутафаккире, ки як наҳзатро дар баробари ҷаҳоне аз кўфр нигоҳ дошт ва таслим нашуд, устод Раббонӣ буд. Агар ў кўчактарин имконе медошт, ба ин вазъият гирифтор намешуд, яқинан то ҳол ҳамчун раисҷумҳур амал мекард»,- гуфт  Ориёнфар.

Раббонӣ-падари муҳоҷирони тоҷик

Агар ин ҳама нукоте буданд, ки аз шахсияти ҷаҳонӣ будани Бурҳониддин Раббонӣ ва мавқеъи ў дар ҷаҳони Ислом қисса мекарданд, аммо аз мавқеи марҳум дар иртибот ба тоҷикон, хоса муҳоҷирини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба таври махсус ёдоварӣ шуд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар иртибот ба ин масъала гуфт: устод Раббонӣ нафаре аст, ки барои ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ шиностар аз ҳамсояи ўст ва ҳукми падарӣ ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро дошт.  Бинобар ин имрўз ин мусибат беш ҳама барои он муҳоҷирине ҳаст, ки тўли чанд сол дар меҳмонии устод Раббонӣ буданд.

Бале, даргузашти устод Бурҳониддин Раббонӣ на танҳо барои муҳоҷирин мусибат буд, балки бинобар марги ин марди шариф бояд кулли Тоҷикистон азо мегирифт. Зеро устод яке аз шахсиятҳои буд, ки дар сулҳи Тоҷикистон саҳм дошт ва нисбат ин оромие, ки кунун тоҷикон осуда ба сар мебаранд, бетафовут набуд. Аммо таассуф, ки реҳлаташро ҷуз таъзияе қадр накард. Ва агар аз як тараф наҳзат ҳам чунин як маросиме доир кард,  нишонаи қадрдони аз як сарвари  ҳаммиллат ва як нафари хидматнишондода аст, вале аз тарафи дигар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанўз ҳам як ташкилоти сиёсист, на бештар аз он…

Талабшоҳи Салом{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)