Бахшҳо
14 окт 2011 04:49Иҷтимоӣ

Аз Қандаҳор то Роҳатӣ

(Ё Мавлавӣ Ҷунуниро кӣ ба мардум шиносондааст?)


1. Мақбараи ноошнои солҳои Шӯравӣ

Мардуми деҳоти Роҳатӣ солҳои Шӯравӣ аз мавҷуд будани мақбараи хоксоронаву назарногире дар қисмати шимолии қаламрави худ то ҷое хабардор буданд. Аммо аслан касе ба ба гунаи амиқу жарфтар маълумот ё иттилои комиле надошт, ки дар ин теппаи баланд, ки бо номи "Гумаз" ё "Гумбаз" маълуму машҳур буд, кадом фард ё шахсияти таърихӣ мадфун аст. Воқеан, сохтори сотсиалистӣ, ки бар пояи сиёсати қоҳири зидидинӣ асос ёфтаву таҳким гардидааст, имкон намедод, то равшанзамири соҳибдиле батафсил он шахсеро, ки дар таҳти ин гумбаз орамидааст, биомӯзаду перомуни рӯзгору сарнавишт ва фаъолияти базаҳмати ӯ амалеро ба анҷом расонад.

Ёдам меояд, солҳои мактабхонӣ ҳамроҳи падарам ба намози ид мерафтем, аз деҳаи Моинкаҷ ба Роҳатии Калон. Пас аз хатми намози ид ба хонаи чанде аз хешовандон ва дӯстони падарам меҳмон мегардидем. Ва ҳар маротиб роҳи мо аз шафати ҳамон мақбара мегузашт. Чун боре аз падарам асрори "гумбаз" ва соҳиби дар зери он хобидаро пурсон шудам, қиблагоҳам посух дод, ки он гӯри марди сӯфимашрабе бо номи Саидқаландар Шоҳ буда.

- ӯ кӣ будаву чӣ хидмате ба мардум бинмуда, - мепурсидам ҳайратзада аз падар.

- Ана дар ин бора, ростӣ чизе бароям маълум нест, писарам, - шарҳ медод падарам ва андешаманд илова мекард: - Касе бошад, ба ҳар сурат бузургворест.

Ҳароина, сокинони деҳ ин маконро ҷойи муқаддас медонистанд ва чун аз бару даври мақабара мегузаштанд, дуову фотеҳа хонда, ба арвоҳи покаш мефиристоданд. Солҳо аз қавли Бедили нобиға "истода намуда чун киштии дар обу шабеҳи тир бигзашт". Ва бо мустақил гардидани кишвар ва аз ҷумла, ибтидо густариши бозсозии горбачёвӣ олимону зиёиёни ковишгар ба тадқиқ ва таҳияву нашри осори шуаро, адабиёти исломиву рӯзгори шайху авлиё ва сӯфиёни қарнҳои мозӣ пардохтанд.

Ва аммо ҳанӯз ҳам бузургвори мадфуни зери мақбараи дар Роҳатӣ ҷойгирбуда, ба мардум ношиносу ноошно монда, аслан ковишу тафаҳҳӯсе дар ин самт, яъне кӣ будану ба чӣ амалҳои шоиставу писандида даст задании ӯ номаълуму ноаён қарор дошт. Танҳо хеле баъдтар, тақрибан солҳои 1998-2000-ум марде бархост, ки тамоми зиндагӣ ва боқимондаи нафаси хешро бар омӯзиш, тадқиқ ва таҳияву дастрасии омма гардонидани эҷодиёти он бузургвор бо номи Саидқаландар Шоҳ бахшид ва дар ин ҷода хидмати бас арзандае ба анҷом расонид.

2. Ҳоҷӣ Тешабой Солеҳзода ва Мавлавии Ҷунунӣ

Омӯзгори таҷрибаманду варзидаи мактаби миёнаи рақами 88 ба номи Аҳмади Дониш (ҳоло рақами 45) Тешабой Солеҳзода аз шахсиятҳои нахустине маҳсуб меёфт, ки раҳ ба кашфи асрори ин ганҷи нуҳуфта, ҳолу рӯзгор ва осори боғановату пурмӯҳтавояш боз кард. ӯ баҳри пайдо намудани дастхатҳо ва баёзу дафтарҳои ашъори нодири шоири суфӣ ва авлиёи давр Мавлавии Ҷунунӣ заҳмату ранҷҳо кашида, оқибатуламр ба ин аҳдофи неки хеш даст ёфт. ӯ ғазалу қитъаот, маснавию рубоиёти шоири шӯрида ва дилдодаи роҳи Ҳақро аз ҳуруфоти арабӣ ба забони форсӣ баргардон намуда, намунаҳо аз гулчини эҷодиёти варо бо саъю эҳтимоми зиёди хеш дар шакли китобчаҳои алоҳида ба табъ расонид.

Пас аз густаришу паҳн гардидани овозаи шоири тавоно, соҳибиршод, пири тариқати давр Мавлавии Ҷунунӣ мардуми кишвар, хосатан шаҳри Ваҳдату минтақаи Роҳатӣ ба эҷодиёти ӯ рӯ оварданд. Рӯҳониёни саршинос, бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар ҳар маҳфилу мавъизаҳои худ ба таври фаровон аз ғазалу муноҷотҳои орифи аср истифода мебурданд ва абёти мушкилу мураккаби ғазалҳои ӯро шарҳу тафсир мекарданд.

Муаллими ҳимматбаланд, шодравон Ҳоҷӣ Тешабой Солеҳзода то охири умр ҳамвора аз пайи ковишу ҷустуҷӯҳои осори дигари баландмазмуни Мавлавии Ҷунунӣ будаву ният доштанд, ки он дурдонаҳои назми ирфонию ахлоқиро батамом ва пурраву комил нашр намоянд. Вале риштаи умри ин зиёии ҷонбохта соли 2003 канда гардид. Ба ҳар сурат, заҳмати ӯро шогирдони содиқаш идома медиҳанд.

3. Сияр Бойи Бердӣ ва маҳфили ёдкарди Мавлавии Ҷунунӣ

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи Роҳатӣ афроди баҳушу донишваре рӯзгор ба сар мебаранд, ки бо ғайрату ибтикори хеш, маҳфилҳову анҷуманҳои адабӣ барпо менамоянд ва шоирону орифони гузаштаи ин мавзеъро ба гунаи зуд-зуд ёд кардаву зиндагинома ва ашъори пандомӯзи эшонро ба насли ҷадиди замон муаррифӣ месозанд. Сарвари мактаби деҳаи Роҳатӣ Сияр Бойи Бердӣ, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд, чандест иқдоми таҳсинбарангез нишон дода, дар зинда намудани рӯҳи шоироне чун Мавлавии Ҷунунӣ ва Қайюм Ҷабборӣ кӯшишҳоеба харҷ медиҳад.

Чанде қабл бо дастуру ташаббуси ин марди закӣ дар мактаби рустои Роҳатӣ маҳфили шукӯҳманде ба хотири зодрӯзи шоир, сӯфӣ ва орифи қарни XIХ Мавлавии Ҷунунӣ барпо гардид. Чуноне яке аз иштирокдорони ин ҷамъомад, Меҳриддин Назаров ҳини сӯҳбат иброз дошт, дар ин анҷумани адабӣ адибону фозилони давр, уламои дин, рӯҳониён, кормандони идораи давлатӣ ва мактабиёну зиёиён ширкат доштанд ва аслан аз боби ҳаёту эҷодиёти серпаҳлӯи Мавлавии Ҷунунӣ баромадҳои шахсони алоҳида ва хонандагони дабистон ба самъи ҳозирон расонда шуд.

- Дар меҳвари эҷодиёти сӯфии бузург Мавлавии Ҷунунӣ ишқу муҳаббат ба Офаридгори якто қарор дорад, - мегӯяд Сияр Бойи Бердӣ. - Вале дар ғазалу муноҷот ва маснавиёти шоири ориё афкори ирфонӣ ва панду андарз фаровон ба назар мерасад, ки онро зимни мутолиаи осори ин абармарди роҳи ҳақ метавон пай бурд. Мо, омӯзгорон, назди худ мақсад гузоштаем, ки дар дарсҳои тарбиявӣ аз порчаҳои пандомӯз ва абёти ҳикматомези ин шоири порсо васеъ истифода барем, - зикр намуд сарвари мактаб.

4. Воқеан, Мавлавии Ҷунунӣ кӣ буда?

Ё хидмати донишмандон, Абдунабӣ Сатторзода ва Маҳмадхони Тӯраҷонзода дар ин роҳ

Чуноне, марҳум Ҳоҷӣ Тешабой Солеҳзода дар муқаддимаи китоби Мавлавии Ҷунунӣ "Ғазалиёти Маъдун-ул-ҳол" баён доштааст: "Мавлавии Ҷунунӣ тақрибан байни солҳои 1800-1811-и мелодӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дар оилаи Саид Шоҳсоҳиб ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ эшон Саидқаландар ибни Шоҳсоҳиби Қандаҳорӣ ва тахаллуси шоирии ӯ Ҷунунӣ (Ҷунун) ва Нодирӣ мебошад. Саидқаландар дониши ибтидоиро дар назди падар гирифта, баъдтар барои давом додани таҳсил ба Бухоро меояд. Баъди ба итмом расонидани таҳсил ва аз дунё гузаштани падараш, Мавлавии Ҷунунӣ ба сафари ҳаҷ мебарояд ва дар он ҳангом соҳиби зан ва фарзанд будани ӯ аз ин ду байт маълум аст:

"Тарк карда хонаю фарзанду зан,

Рафта гирён сӯйи байти зулминан".

Мавлавии Ҷунунӣ ба Макка, Мадина, Бағдод, Шом ва дигар шаҳрҳо сафар намуда, дониши хешро мукаммал мекунад. ӯ баъди баргаштан аз сафари ҳаҷ мулки Ҳисорро ватани доимии хеш қарор дода, дар ин ҷо умр ба сар мебарад. Мавлавии Ҷунунӣ нахуст дар деҳаи Нилкон, сипас дар Раъйиятӣ (Роҳатии ҳозира) иқомат намуда, дар хонақоҳи худ ба таълим ва иршоди иродатмандон машғул мешавад ва онҳоро ба равияи қодирияи тариқат ҳидоят мекунад. Дар назди Мавлавии Ҷунунӣ на танҳо бошандагони деҳаи Раъйиятӣ (Роҳатии ҳозира), балки ихлосмандони зиёде аз дигар ҷойҳои дурдаст, монанди Бойсун, Ромит ва ғайра омада, аз сӯҳбати шарифашон баҳра мегирифтаанд.

Ҳазрати Мавлавии Ҷунунӣ соли 1877 дар синни 77-солагӣ дар деҳаи Раъйиятӣ чашм аз олам пӯшида ва дар ҳамин ҷо ба хок супорида шуд. Мазори ӯ то ҳол аз муқаддасоти ин деҳа ва зиёратгоҳи аҳли дил аст. Теъдоди таълифоти ҳазрати Мавлавии Ҷунунӣ ба ёздаҳ унвон мерасад, вале то имрӯз аз эшон ҳафт асар боқӣ мондааст". Зикр намудан бамаврид аст, ки бори нахуст, соли 1996-и мелодӣ аз осори боқимондаи Мавлавии Ҷунунӣ "Маъдан-ул-ҳол"-и ӯ ба кӯшиши устоди Донишгоҳ Абдунабӣ Сатторзода ва Маҳмадхони Тӯраҷонзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо алифбои арабӣ ба табъ расонида шуда буд.

5. Бобокалони Тӯраҷонзодаҳо шогирди содиқи Мавлавии Ҷунунӣ буд

Бобокалони бародарони бузургвор Тӯраҷонзодаҳо - Эшони Абдукарим мурид ва шогирди содиқу донишманди Мавлавии Ҷунунӣ ба шумор мерафта. Эшони Абдукарим аз деҳаи дурдасти кӯҳии Пичефи Ромит дар талаби илм пойи пиёда баъд аз тайи мароҳилу манзил оқибатуламр ба Роҳатии имрӯза мерасад. Дар ин русто бо Мавлавии Ҷунунӣ вохӯрда, ба ӯ шогирд мешавад. Воқеан, чунонки баъдтар медонем, Эшони Абдукарим таълиму омӯзиши Мавлавиро гирифта, ба яке аз уламои маъруфи давр сабзида мерасад. Шаҷараи рӯҳониёни саршинос - Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Маҳмуд Тӯраҷонзода ба шогирду муриди Мавлавии Ҷунунӣ - Эшони Абдукарим мерасад, ки ӯ низ соҳиби хатти иршод будааст.

6. Омӯзиши Ҷунунӣ идома меёбад?

Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки омӯзишу тадқиқи эҷодиёти Мавлавии Ҷунунӣ барои минбаъд идома меёбад ё не? Маълум аст, ки аз ёздаҳ дафтар ё баёзи назми шоири сӯфӣ ҳолиё панҷ адад нашр гардидааст. Олимони адабиётшиносро зарур аст, ки осори боқимондаи шоиру орифи намоёни тоҷикро ҷустуҷӯ намудаву дар шакли девони комил ба табъ расонанд. Ҳаводорони эҷодиёти шоири суфимашраб нигарони нашри ғазалҳои дилошӯби Мавлавиянд. Дарвоқеъ, омӯзиши осори Мавлавӣ бо шева ва сабки ҷадид бояд сурат бигирад.

Шодӣ  Малахзод

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)