Бахшҳо
09 ноя 2011 11:29Иқтисодӣ

Тирамоҳи беҳосили Роғун

Mоҳи октябр ба Тоҷикистони азиз меҳмонони олиқадр аз Амрикову Белорусу Афғонистон сафарҳои кориву расмӣ ва хизматӣ анҷом доданд.


 

Президенти Белорус Александр Лукашенко бошад дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз сохтмони НБО Роғун дастгирӣ кард ва гузашта аз ин мухолифати кишварҳои ҳамсояро ба ин сохтмон "бахилӣ ба захираҳои бойи обиву энергетикии мамлакат" номид. Саволи мантиқӣ пайдо мешавад, ки аз бунёд шудани НБО Роғун ба ин кишвари Аврупои шарқӣ, ки худ бо абарқудраҳои замони муосир мушкил дорад, чӣ суд?

Мавриди зикр аст, ки шиддати ҳангомаҳо ва гуфторҳо дар ВАО-и хориҷиву ватанӣ атрофи сохмони НБО Роғун як муддат паст шуда буд, аммо дарҷ шудани мақола дар нашрияи давлатии ?збекистон "Правда Востока" (аз 11 октябри соли ҷорӣ бо номи "Вопреки логике и разуму"), нуқтаи назари котиби давлатии ИМА хонум Ҳиллари Клинтон оид ба сохтмони НБО Роғун, изҳороти навбатии матбуотии Струан Стивенсон - вакили Парлумони Аврупо, узви гурӯҳи консервативии Парлумони Аврупо, Президенти гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағийри иқлим ва рушди боэътимод ва ахиран Изҳороти махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн шудани иттилооти яктарафа ва ғаразнок дар ВАО-и кишварҳои ҳамсоя, бори дигар далолат аз он мекунад, ки дар ҳақиқат дустон ва душманони Тоҷикистон лоиҳаи иқтисодиро аллакай ба як қартаи сиёсӣ мубаддал кардаанд ва аз баррасии он суду манфиати худро ҷӯё мешаванд. Дар ҳамин ҳол баъзе аз ҷомеашиносон ва коршиносони дохилӣ дар сӯҳбатҳои "байнихудӣ" изҳор мекунад, ки "ӯзбекистону Русия намегузоранд, ки сохтмони НБО Роғун сурат гирад ва ин кишварҳо метавонанд Бонки Ҷаҳонӣ ва Амрикоро низ дар ҳалли ин масъала ба сӯи худ ҷалб кунанд...".

Воқеият ва воҳима

Бояд гуфт, ки хонум Ҳиллари Клинтон ҳангоми сафар ба Душанбе гуфт, ки "Дар минтақа мухолифони ин лоиҳа ҳастанд (сохтмони НБО Роғун дар назар аст,- А.С.), аммо набояд аз онҳо хафа шуд, балки он кореро анҷом додан даркор, ки ба манфиати кишвар бошад" ва илова кард, ки "Тоҷикистон ҳуқуқ ба савдои озод дорад, ба хусус ба интиқоли нерӯи барқ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Афғонистон". Табиист, ки ин гуфтаҳо ҳаргиз бар зидди сохтмони НБО Роғун равона нашудаанд, зеро манфиати кишвар амалӣ кардани ин лоиҳа аст ва савдои озодро низ дар сурати ба таври иловагӣ мавҷуд будани нерӯи барқ метавон анҷом дод.

Дар изҳороти расмии Ҳукумат омадааст, ки "имкониятҳои техникӣ, манфиатҳои иқтисодӣ ва бехатарии экологии НБО Роғун чандин маротиба санҷида шудааст ва ягон маротиба ин лоиҳа баҳои ғайримусбӣ нагирифтааст, аммо Ҳукумати Тоҷикистон бо изҳори иродаи нек ва ба роҳ мондани муколамаи руирост ва беғараз бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор ба Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун ба яке аз сохтори ваколатдори СММ муроҷиат кард, то ин ки боз як бори дигар ташхиси байналмилалӣ оид ба анҷом додани сохтмони НБО Роғун гузаронида шавад". Тавре, ки аз изҳорот бармеояд Ҳукумати Тоҷикистон довталабона барои гузаронидани ташхис дархост кардааст ва айни ҳол ду гурӯҳи мутахассисони байналмиллалии мустақил оид ба асосҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва бехатарии сарбанди нерӯгоҳ ва ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва экологии лоиҳа корҳои заруриро иҷро мекунанд. Дар баробари ҳамин корҳои таъмирӣ ва барқарорсозӣ дар майдони сохтмон давом дорад. Муаллифони мақолаи "Правда Востока" навиштаанд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон бо нуқтаи назари гурӯҳи мутахассисони байналмиллалӣ мухолифат пайдо кардааст ва мехоҳад, ки ба рехтани қисмати аввали сарбанд оғоз бахшад ва ҷомеаи ҷаҳониро пеши ҳодисаи воқеъшуда рӯ ба рӯ созад ва қисмати ибтидоии сохтмонро ба анҷом расонад... Дар изҳороти расмии Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки "Тоҷикистон бо ризоияти мушовирони байналмиллалӣ, гурӯҳи мутахассисон ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони пурраи НБО Роғунро баррасӣ мекунад ва ҳаргиз дар бораи сохтмони миёнадаврии қисмати якуми сохтмон сухан намеравад".

Бояд гуфт, ки бастани пеши роҳи маҷрои дарёи Вахш ва рехтани қисмати аввали сарбанд, ки баъзеҳо аз он тарафдорӣ мекунанд, шояд оқибатҳои пешбининашаванда дошта бошад, чунончӣ, бо дасти сабуки манфиатхоҳон ин амал метавонад ба як провакатсияи бебарор анҷом ёбад ва аз Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда дархост шавад, ки сохтмон дар ҳамин зинаи аввал қатъ карда шавад.

Аммо, набояд фаромӯш кард, ки тамоми хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳонӣ оид ба сохтмони НБО Роғун хусусияти тавсиявӣ доранд ва интихоб ба худи Тоҷикистон боқӣ мемонад, ҳамон тавре, ки мухолифатҳои ?збекистон барои анҷом додани сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҳама ҳолат боқӣ мемонад. Чунончӣ, коршиноси мустақил Уктам Мирзоев дар мусоҳибаи худ ба сомонаи интернетии "Авесто" қайд кардааст "Замоне фаро мерасад, ки Ҳукумати ӯзбекистон натиҷаи санҷиши коршиносони байналхалқиро эътироф намекунад, ҳарчанд, ки Тоҷикистон барои гузаронидани он розигӣ дод ва ҷараёни сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқиро ба чанд сол қафо партофт".

Струан Стивенсон низ изҳор кардааст, ки "Тасмим ва қарори ниҳоиро дар бораи мувофиқ будани сохтмони НБО Роғун коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегиранд, аммо бозингарони ҷаҳониву минтақавӣ бояд донанд, ки бо иштирок ва ё бе иштироки кишварҳои поёноби Роғун чунин сарбандҳо сохта хоҳанд шуд ва сохта мешаванд".

Манфиат ва оқибатҳои эҳтимолии НБО Роғун

Дар бораи натиҷаҳои техникиву экологии НБО Роғун мутахассисон ва корршиносони соҳа садҳо мақолаву гузориш ва ҳисобот пешниҳод кардаанд, гузашта аз ин ин лоиҳа танҳо ва танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ мебошаду халос. Дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳони муосир ҳазорон нерегоҳҳои барқӣ-обӣ  ба истеҳсоли нерӯи барқи тоза ва бехатар машғул ҳастанд. Анҷом додани сохтмони НБО дар Тоҷикистон сар задани ягон фоҷеаро ба бор надорад. Агар чунин мебуд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хусуси ташхиси сохтмон сухан намегуфт, балки ҳамзамон сохтмони неругоҳро мисли истеҳсоли силоҳи атомӣ баҳо медод ва сохтмони онро мамнӯъ эълон мекард ва барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ва маишии Тоҷикистон ба таври гуманитарӣ нерӯи барқ меовард ва ё интиқоли масолеҳи сӯзишвории арзонро аз кишварҳои арабӣ ба воститаи лулаҳо роҳандозӣ мекард. Аммо, тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ва коршиносон эътироф мекунанд тамоми мушкилии кишварҳои минтақа (ҳам Тоҷикистон, ҳам ?збекистону Қирғизистон, ҳам Афғонистону Покистону, Ҳинду Эрон) аз набудани нерӯи барқи арзону бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза сар мезананд. Гузашта аз ин нархи сӯзишворӣ рӯз то рӯз афзудан дорад ва дастрасии он ба мушкилоти глобалӣ мубаддал гаштааст.

Мушкилоти асосии сохтмони НБО Роғун, ки на намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ, на мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ва на дигар бозингарони минтақавӣ намехоҳанд аз он ба таври ошкоро сухан гуянд ин муносибати мутақобилаи ду кишвар аст. Баръакс онҳо муносибатҳои ду кишварро мураккабтар ва печидатар карда кӯшиш мекунанд аз мушкилот барои суди худ истифода баранд ва мехоҳанд муносибати ду ҳамсоякишварро пардаи сиёсиву геополитикӣ печонида проблемаҳои худро ҳал кунанд. Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд ба ҷонибҳоро ба дастгирии ҷаҳонӣ умедвор мекунанд. Ба қавли мӯҳтарам Струан Стивенсон "ба ҷойи ҳар ду кишварро умедвор кардан кишварҳои ғарбиро мебояд, ки онҳоро мутақққид созанд, ки анҷоми сохмони НБО Рогун барои ҳама кишварҳо, аз ҷумла барои ӯзбекистон фоидаи соф меорад... таъмин кардани кишварҳои минтақа бо нерӯи барқи арзон барои пайдо шудани садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолӣ, рушди босуръати иқтисодӣ мусоидат мекунад ва дар маҷмӯъ барои тараққиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад".

Струан Стивенсон рӯирост изҳор кардааст, ки "вақте се марҳалаи сохтмони лоиҳа ба анҷом мерасад дар ҳақиқат он ба ҷараёни дарёи Вахш, ки 25 фоизи оби Амударёро таъмин мекунад, бетаъсир намемонад ва ин ба кишвари болооб бартариятро ба миён меорад, аммо барои ҳали ин ин масъала ҷонибҳоро лозим аст, ки алоқа ва ҳамкориро дар ин самт ба роҳ монанд." Агар кишварҳои поёноб барои ҳамкорӣ омода бошанд, он гоҳ ягон монеа ва сабаб барои Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки ба ин кишварҳо барои саривақт ва дар ҳаҷми даркорӣ гирифтани об барои хоҷагии қишлоқ мусоидат накунад, ҳамчунин обанбори НБО Роғун кафолати беоб намондани кишварҳои поёноб дар солҳои хушксолӣ буда метавонад. Танҳо ин кишварҳоро ҳамкории тарафайн мебояд, - мегӯяд Стивенсон.

Тавре ки маълум аст, бо ба анҷом расидани сохмони НБО Роғун Тоҷикистон ба муддати дуру дароз истиқлолияти энергетикии худро таъмин мекунад ва ҳамчунин барои ҳали дигар масоили муҳим аз қабили беҳтар сохтани ҳолати таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон, таҳким бахшидан ба раванди демократикунонии ҷомеа шароити мусоид фароҳам меорад.  Гузашта аз ин пас аз ба истифода додани НБО Роғун нерӯи барқи арзон ба кишварҳои ҳамсоя интиқол мешавад ва дар навбати худ онҳо ин нерӯи барқро барои эҳтиёҷоти худ истифода карда, захираҳои нафтии худро ба дигарон фурухта фоидаи соф ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки НБО Роғун бо сарбанди баландиаш 335 метр аз 6 агрегат иборат буда ба ҳисоби миёна солона 13,1 млрд киловват-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Обанбори ин иншоот ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои обёрӣ кардани зиёда аз 300 га. замини ташналаб истифода мешавад. Нархи сохтмони нерӯгоҳ 2,2 млрд. доллари ИМА буда барои анҷом додани марҳалаи аввали он 590 млн.доллар сарф мешавад. Мутаассифона, анҷом додани сохтмони ин иншооти аз ҷиҳати иқтисодӣ барои минтақаи Осиё муҳимро абарқудратон ба устухони дар гулӯ мондаи ду кишвари ҳамсоя мубаддал кардаанд...

Акрами Cангv

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)