Бахшҳо
10 ноя 2011 05:16Сӯҳбати рӯз

Абдураззоқ Абдуллоев: Нақшаву тасмимҳои зиёде дорем…

Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия- «Аҳмадсоз» дар Душанбе 5-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимиро баргузор кард.

Маврид ба ёдоварист, намоишгоҳи аввалини он соли 2009-ум  доир гардида, то имрӯз дар кишвар 4-намоишгоҳи байналмилалӣ бо ибтикори ин ширкат сурат пазируфтааст. Баъди Душанбе дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ баргузории як намоишгоҳи вижа дар назар аст. Хабарнигори «Озодагон» бо Абдураззоқ Абдуллоев, директори генералии ширкати мазкур оид ба ҳадаф ва мақсади аслии намоишгоҳҳо мусоҳибае анҷом дод.

Озодагон: Абдураззоқ Абдуллоев 3 сол боз Шумо дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои таълимӣ баргузор менамоед, чаро ва барои чӣ?

Абдураззоқ Абдуллоев: Мақсад аз ташкили чунин намоишгоҳҳо огоҳ намудани ҷавонон аз  пешрафти илму дониш, ихтисосҳои муосир дар донишгоҳҳои  пешрафтаи ҷаҳон ва интихоби дурусти ҷавонон дар робита ба ихтисоси дилхоҳашон ва фароҳам сохтани дастрасӣ ба маълумот дар бораи донишгоҳҳову факулта ва ихтисосҳои пешрафта дар миёни ҷавонон мебошад. Яъне  намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ як маросимест, зимни он пешкашкунанадаҳои муассисаҳои таълимӣ ҷамъ мешаванд, довталабон ташриф меоранд ва аз якдигар хабардор шуда, интихоби худро амалӣ менамоянд. Бубинед, имрӯз дар Тоҷикистон аксари ҷавонон забонҳои хориҷиро намедонанд ва бо шабакаи интернетии ҷаҳонӣ низ пайваст нестанд. Бинобар ин, ин гурӯҳи ҷавонон манбаи дастрасӣ ба маълумотро роҷеъ ба ин ё он ташкилоти таълимӣ, ихтисос ва барномаҳои таълимие, ки дар замони муосир кашф шудаанд, надоранд ва дар интихоби ин ё он ихтисос иштибоҳ мекунананд, ки ин хатои ояндаи онҳо мешавад.    Дар солҳои пеш падару модарон ва дигар масъулони калонсол барои фарзандони худ пешниҳод менамуданд, вале имрӯз мову Шумо дар замоне қарор дорем, ки новобаста аз сину сол, шахс бояд худ интихоб намояд, ки дар куҷо ва бо кадом ихтисос  мехоҳад таҳсил намояд ва дар кадом самт шавқу завқ дорад.

Идеяи намоишгоҳҳо ин идеяи нав нест, вале идеяи намоишгоҳҳои таълимӣ дар Тоҷикистон шояд, ки як анъанаи нав бошад. Ман фикр мекунам, ки ин бахш тараққӣ карда истодааст. Ин идеяро мо аслан дар давоми сафарҳои худ ба хориҷа аз худ кардем ва аз таҷрибаи онҳо омӯхта, онҳоро ба Тоҷикистон даъват намудем.

Озодагон: То имрӯз 4 намоишгоҳе, ки баргузор намудед, чӣ натиҷа дод ва аз намоишгоҳҳое, ки рӯзҳои наздик ташкил менамоед, чӣ интизориҳо доред?

Абдуразоқ Абдуллоев: Агар ба намоишгоҳҳои қаблӣ назар афканем сол то сол теъдоди иштирокчиёни мо меафзояд, теъдоди шумораи донишгоҳҳое, ки дар намоишгоҳ намояндагии худро пешкаш менамоянд, зиёд шуда истодаанд, ки ба ҳамин васила аллакай Тоҷикистонро хеле муаррифӣ намудем. Масалан дар намоишгоҳҳои пеш танҳо донишгоҳҳои Малайзия иштирок мекарданд  ва акунун мо шартнома дорем бо донишгоҳҳои дигар, аз қабили донишгоҳҳои Аморати муттаҳидаи Араб, Туркия, Британияи Кабир, ки онҳо ба намоишгоҳҳои мо ташриф оварда истодаанд ва мо низ аллакай бо ин донишгоҳҳо ҳамкориро ба роҳ монда истодаем. Шумораи довталабони ҳавасманд, ки ба ин намоишгоҳҳо ташриф меоварданд зиёд шуда истодааст. Агар дар солҳои аввал намоишгоҳро дар толори меҳмонхонаи Тоҷикистон мегузаронидем, ҳоло дар Кохи Борбад ва ё  дар Кохи Ваҳдат гузаронида истодаем. Илова бар ин, дар солҳои охир иштироки донишгоҳҳои ватанӣ низ дар ин намоишгоҳҳои мо хело ҳам фаъол ҳастанд ва ин маънои онро дорад, ки  мо дар ин самт то ҷое ба муваффақиятҳо расидаем, ки ин ҳама натиҷа аз намоишгоҳҳои қаблист.

Озодагон: Дар ташкили ин гуна намоишгоҳҳо ширкати «Аҳмадсоз» бо ниҳодҳои дигар низ ҳамкорӣ мекунад ва оё  мушкиле ё монеаъе  пеш меояд?

Абдуразоқ Абдуллоев: Албатта, мо дар ташкил намудани ин гуна намоишгоҳҳо бо чандин ташкилоти хориҷӣ ҳамкорӣ дорем ва аз он ҷумла бо ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва бо ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, аз қабили ширкати EXPAM Malaysai, бо ширкати олмонии ICEF, бо ширкати WEBA, ки дар Британияи Кабир фаъолият дорад ва ҳоло бо чандин ширкатҳои амрикоӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда истодаем, то дар оянда тавассути ин ҳамкориҳо теъдоди  иштирокчиёнро  дар намоишгоҳҳо зиёд намоем. Кор бе камбудӣ ва мушкилӣ намешавад. Яке аз мушкилоти мо зимни ташкили намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ҷалби донишгоҳҳои хориҷӣ барои ташриф овардан ба Тоҷикистон мебошад.    Тавре ки мову шумо медонем, кишвари мо дар айни замон он қадар машҳур нест дар малакатҳои хориҷа ва аксари ташкилотҳои таълимоти хориҷа барои ташрифот ҳавасамандӣ надоранд. Илова бар ин, кишвари мо яке аз кишварҳои хурд аст, бо 7,5 миллион аҳолияш аз ин сабаб аксари донишгоҳҳои бузург ба кишварҳои бузург таваҷҷӯҳ доранд. Паст будани  сатҳи иқтисодии Тоҷикистон низ бойиси таваҷҷӯҳ накардани ширкатҳои таълимии хориҷӣ аст. Проблемаи дигар мавҷуд набудани сарчашмаи маълумотҳои ташкилотҳои хориҷа дар бораи ҷумҳурии мост. Масалан, аксари шаҳрвандони хориҷа барои дарстрас намудани ин ё он маълумот ба шабакаҳои интернет дохил мешаванд ва бештари маълумотҳо дар бораи Тоҷикистон ба забонҳои хориҷӣ дар шабака ва репортҳои Бонки ҷаҳонӣ, Фонди молиявии байналмилалӣ, Ташкилоти буҳрони ҷаҳони ва дигар ташкилотҳои ғайридвлатии хориҷӣ мебошанд, ки аксари онҳо дар бораи Тоҷикистон маълумотҳои ғалат чоп менамоянд ва аз ин сабаб аксари он ширкатҳое, ки ба намоишгоҳҳои таълимии мо омаданашон мумкин, маълумоти пурраи дақиқ ва шафоф надоранд. Бинобар ин мо бояд ба онҳо дар бораи кишвари худ маълумотҳоро дурусту дақиқ диҳем, то ташкилотҳои таълимии хориҷа ба Тоҷикистон ташриф оранд ва бо ҳамин васила метавонем, робитаҳои худро боз ҳам хубтар ба роҳ монем. Вале ман боварии комил дорам, ки ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, ин соҳаро хубтар ба роҳ мемонем, ки ин барои беҳбудии ҳамаи мо мебошад.

Озодагон: Оё ҳар нафаре, ки пул дорад метавонад тариқи ширкати «Аҳмадсоз» донишҷӯи донишгоҳҳои хориҷа шавад ва ё  дар баробари маблағ дигар талаботҳо низ ҳаст?

Абдуразоқ Абдуллоев: Аксари донишгоҳҳое, ки ба намоишгоҳҳои мо ташриф меоранд, онҳо шартномавӣ ҳастанд. Вале дар ҳамин маврид ҳаст донишгоҳҳое, ки ба донишҷуён имтиёзҳои молиявии зиёде пешкаш менамоянд, ки донишҷӯён имконияти ройгон таҳсил намудан, тахфиф аз шартномаи пардохти донишгоҳ ва дигар кӯмакҳои молиявиро низ пайдо карда метавонанд, вале аксари донишҷӯёни мо бо маблағи худ таҳсил мекунанд. Албатта, як сабаби ташкили намоишгоҳҳо низ ҳамин мебошад. Яъне зимни намоишгоҳҳо довталабони мо метавонананд, ҳамаи он маълумотҳоеро, ки барои онҳо лозим аст, оиди нархномаи донишгоҳҳо, оиди факулта ва ихтисосҳо пайдо намуда ба он ҷо дохил шаванд.

Озодагон: Дар Тоҷикистон дар баробари «Аҳмадсоз» чанд ширкати дигаре  низ ҳаст, ки донишҷӯёнро барои таҳсил ба хориҷа мефиристанд, вале  дар ин росто бартарии ширкати «Аҳмадсоз» дар чист?

Абдуразоқ Абдуллоев: Чӣ тавре, ки ба шумо маълум аст, имрӯз ширкатҳои зиёде мавҷуд аст, ки дар ин самт фаълият доранд, вале мо   он ширкатҳоро бо худ рақобатпазир намешуморем, зеро мақсади асосии мо ин баҳри пешрафти соҳаи маориф аст, баҳри кӯмак ба ҷавонони худ, ки ба маълумотҳои замонавӣ дастрас бошанд ва кишвари моро яке аз кишварҳои мутараққӣ, мутаммадин гардонанд ва дар ин самт мо нақшаи дарозмуддати стратегии худро дорем,  ки дар давоми чандин солҳо умедворем, ки амалӣ хоҳанд шуд. Дигар бартарии мо ташкили ҳамин гуна намоишгоҳҳоямон мебошад, ки  барои ҷавононе, ки хоҳиши дар хориҷа таҳсил кардан доранд, шароит фароҳам месозад, роҳ нишон медиҳад.

Озодагон: Айни ҳол вазъу шароити донишҷӯёне, ки тариқи ширкати «Аҳмадсоз» дар донишгоҳҳои хориҷа таҳсил доранд, чӣ гуна аст?

Абдуразоқ Абдуллоев: Донишҷӯёне, ки  ба Малайзия барои таҳсил равона кардем ва ҳатто бо онҳое, ки аллакаи хатм карда, ба Тоҷикистон баргаштаанд, робитаи хеле хуб дорем. Пайваста аз вазъу шароити онҳо хабардор мешавем ва агар мушкиле пеш ояд, мусоидат менамоем. Феълан, вазъу шароити донишҷӯён хуб аст. Гузашта аз ин, ҳар сол дар Малайзия аз тарафи ширкати мо шабҳои фарҳангии Тоҷикистон, вохӯриҳо ва ҳар гуна ҷашнвораҳо бо донишҷӯёни тоҷик ташкил карда мешавад, то донишҷуён зимни ин ҷамъомад якдигарро аз назик шиносанд ва дар омӯзиши илму дониш ҳамдигарро дастгирӣ намоянд. Фикр мекунам, ин гуна мулоқотҳо барои зиёд шудани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии онҳо мусоидат мекунад. Масалан, охирин ҷамъомаде, ки мо ташкил карда будем, ин ба муносибати ҷашни 20- солагии истиқлолияти Тоҷикистон буд, ки дар он ҳамаи донишҷуёнро ҷамъ намуда, зимни он наворҳо дар бораи Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлолияти Тоҷикистонро ба ҷавонони тоҷик пешкаш намудем.

Озодагон: Боз дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Абдуразоқ Абдуллоев: Имрӯз мо ҳамкориҳоямонро бо донишгоҳҳои Скайлайни (Skyline)-и Дубай донишгоҳи Туркия, Британияи Кабир ва Амрико илова ба донишгоҳҳои Малайзия ба роҳ монда истодаем. Дар нақша дорем, ки дар солҳои наздик ҳамкориҳои худро бо ташкилотҳои хориҷа зиёд намоем,  бо аксари кишварҳои Аврупо ва Амрико шартнома бандем. Нақша дорем, ки дар соли 2012 дар самти намоишгоҳо теъдоди донишгоҳҳои иштироккунандаро то 50-100 донишгоҳ зиёд намоем. Дар бораи шартнома ва равона кардани донишҷуён нақша дорем, то охири соли 2011 на камтар ба 200 донишгоҳҳои оливу миёнаи кишварҳои хориҷии гуногун шартнома дошта бошем. Нақша дорем, аз ҳамкориҳои худ истифода бурда, тахфиф, идрорпулиҳо, кӯмакҳои молиявӣ ба донишҷӯёни худ пешкаш намуда, то бо ин кӯмакҳои мо  онҳо тавонананд ба маълумоти олӣ дастрасӣ дошта бошанд. Нақша дорем, ки ташкилоти ҷамъиятӣ оиди омӯзиши забони хориҷӣ  ташкил кунем, ки ба воситаи он ба ҳамаи ташкилотҳои ватанӣ ҳамкорӣ намуда, дар якҷоягӣ бо кӯмаки онҳо кӯмакҳои молиявӣ барои донишҷуёни болаёқати кишвар расонем. Нақшаву мақсадҳои мо зиёд ҳастанд ва дар давоми амалӣ гардонидани онҳо боз маълумотҳои зиёде пайдо хоҳед кард… Умедворам, ки ҳамаи мову шумо аз ин маъракаи бузург манфиат хоҳем дид.

Мусоҳиб: Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)