Бахшҳо
13 дек 2011 13:34Иқтисодӣ

«Норак» пур мешавад, аммо аз лой

Обанбори нерӯгоҳи "Норак" дар ҳолати вазнин техникӣ қарор дорад.

Тахмин зада мешавад, ки баъд аз 15 ва 20 соли дигар обанбори нерӯгоҳи "Норак" пур аз гилу лой шавад. Бояд зикр намуд, садди обанбори "Норак" 300 метрро ташкил дода, айни замон танҳо 53 метри баландтарини ин садд истифода карда мешавад. Дар ин бора Фазлиддин Шоҳиддинов, раҳбари нерӯгоҳи "Норак" 29-уми октябр зимни баргузории боздиди хабарнигорон аз Норак хабар дод.

Ба маълумоти Фазлиддин Шоҳиддинов тоза кардани обанбори "Норак" аз гилу лой ғайриимкон аст. "Нахуст ин ки барои тоза кардани обанбори "Норак" масъулини нерӯгоҳ ба техникаву маблағи зиёде ниёз доранд.

Баъдан ҷараёни тоза кардани обанбор аз гилу лой хеле тӯлонӣ буда, кафолти пурра тоза кардани он дода намешавад. Ҳамчунин дар сурати тоза кардану баровардани гилу лой ба эҳтимоли зиёд бо боридани барфу борони зиёд ҳамаи он гил дубора боз ба обанбор ворид шавад", илова намуд Фазлиддин Шоҳиддинов. Номбурда гуфт, моҳи майи соли ҷорӣ масъулини нерӯгоҳ дар якҷоягӣ бо масъулини ширкати "Барқи тоҷик" барои таҳқиқи вазъияти "Норак" аз обанбори он дидан карданд.

"Бубинед, дарозии сарбанди "Норак" 75 км аст, вале мо тавонистем танҳо 23 км-ро тай бикунем. Аз ин беш ҳаракат карда натавонистем. Ин маънои онро дорад, ки обанбори "Норак" дар ҳолати осебпазир қарор дорад".

Фазлиддин Шоҳиддинов дар идома гуфт, ки барои дақиқ ҳисоб кардани гилу лой ва вазъи обанбори "Норак" феълан масъулин лоиҳакашонро аз донишкадаҳо даъват кардаанд. Лоиҳакашон дар мавзеъ кор карда, интизор меравад натиҷаи таҳқиқи худро ба масъулин пешниход намоянд.
Зимнан ба суоли мо дар мавриди чӣ бояд кард, раҳбари нерӯгоҳи "Норак" гуфт, ки наҷоти Тоҷикистон танҳо дар "Роғун" аст.

Одина Чоршанбиев, раҳбари маркази ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки "Норак" дар фасли тобистон нерӯи барқи зарурӣ тавлид намуда, аммо дар фасли сармо дар як шабонарӯз 4 млн кВт барқ тавлид хоҳад намуд, ки ин барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ кифоя нест.

Маврид ба зикр аст, айни замон аз 9 агрегати нерӯгоҳи "Норак" 8-тоаш дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар ҳамин шабонарӯз масъулин барои сарфаҷуйӣ танҳо 3 агрегатро фаъол кардаанд. Фазлиддин Шаҳиддинов мегӯяд, ки дар сурати якбора фаъол кардани 8 агрегат нерӯгоҳи "Норак" метавонад дар як муддати кӯтоҳ захираи обиро истифода кунад, ки дар натиҷа мардум дар фасли сармо бидуни барқ мемонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан нерӯгоҳи мазкур дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки он 70 дарсади тавлидоти барқи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Зимнан, Фазлиддин Шоҳиддинов раҳбари нерӯгоҳи "Норак" хабар дод, ки арзиши тавлиди як киловатт соат барқ дар ин нерӯгоҳ муодили 1,04 дирам буда, мардум барои истифодаи  1 кВт соат барқ ҳудуди 9 дирам, ширкати "Талко" 5 дирам ва дигар ширкатҳои хусусӣ 25 дирам пардохт мекунанд.
Дар ҳамин маврид Одина Чоршанбиев мегӯяд, ки аз сабаби норасоии нерӯи барқ аз фасли тирамоҳ барои сокинони ноҳияву деҳаҳои дурдаст маҳдудияти дастрасӣ ба нерӯи барқ ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти раҳбари маркази ширкати "Барқи тоҷик" аз он ҷониб сокинони манотиқи дурдасти Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 6,5 ва ё 7 соат дастрасӣ ба нерӯи барқ доранд.

Муддатест дар кишвар фарзияҳое вуҷуд дорад, ки гӯиё масъулини Тоҷикистон нерӯи барқро ба Афғонистон ва обро ба ӯзбакистон ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ тиҷорат мекунанд. Абдулло Ёров, раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" таърихи 29-уми октябри соли 2011 дар ҳузури хабарнигорон ин ҳама хабарро беасос хонда гуфт, ки то имрӯз обу энержии кишвар ба таври пинҳонӣ тиҷорат нашудааст ва нахоҳад шуд ва нерӯгоҳи "Норак" имрӯз то ҳадди имкон сокинони Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Аммо Одина Чоршанбиев, раҳбари маркази танзими ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки аслан нерӯгоҳи "Норак" дар солҳои 70-уми садаи 20 барои 50 -60 сол пешбинӣ шуда буд. Ҳамасола ба онбанбори ин нерӯгоҳ аз 80 то 108 млн. метри мукааб гилу лой ворид мешавад. Масъули ширкати "Барқи тоҷик" бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд тамоми талоши худро ҳамакнун барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ҳарҷ намояд. Чунки дар сурати идома ёфтани ин вазъият пас аз 15 сол ба эҳтимоли зиёд масъулин шояд натавонанд мардуми тоҷикро дигар ҳатто бо маҳдудият низ бо барқ таъмин намоянд.
"Баровардани гилу лой дар ин ҳаҷм имконнопазир аст. Дар сурати баровардан ҳам мо намедонем он қадар гилро ба куҷо барем. Барои ҳамин бигузор "Норак" бо ҳамин иқтидораш кор бикунад ва мо ҳамзамон ба бунёди "Роғун" шурӯъ намоем. Хоста нахоста, мо "Норак"-ро аз даст медиҳем", зикр намуд Одина Чоршанбиев. Аммо ин маънои онро надорад, ки пас аз истифодаи нерӯгоҳи "Роғун" мо аз нерӯгоҳи "Норак" даст кашем. Дар оянда ҳам нерӯгоҳи "Норак" то ҳадди имкон фаъол хоҳад буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъулини "Норак" дар ҳоле аз вазъи садамавии обанбори "Норак" сару садо баланд мекунанд, ки мутахассисон чанд сол қабл аз ин ҳушдор медоданд. Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва мутахасиси бахши энержии кишвар замоне дар ин маврид сару садо баланд мекард, ки аз бунёди нерӯгоҳи "Роғун" хабаре набуд. Шодӣ Шабдолов се сол қабл аз ин мегуфт, ки фаъолияти обанбори "Норак" ба мислӣ "Роғун" доимӣ набуда, наҷоти обанбори "Норак" аз имконият берун аст.

Хотиррасон мекунем, то ин замон сохтмони нерӯгоҳи калонтарин-Роғун бо иштироки сармоягузории Русия муваффақ нашуд. Ширкати "Рус-Ал" барои сотхмони ин нерӯгоҳ бо ҳукумати кишвар соли 2004 қарордод баста буд, ки ахиран ҷониби Тоҷикистон соли 2007 ба таври якҷониба санади мазкурро лағв кард. Сабаби аслӣ ҳам дар иҷро нагардидани бандҳои қарордод аз ҷониби Русия арзёбӣ мешавад.

Баъдан, дар соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон эълон намуд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бо иқтидори 12-млрд кВт соат бо сармоягузорони дохилӣ анҷом медиҳад. Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон эълон намуд, ки ширкати сармоягузорони байналмилалиро дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" танҳо тибқи консорсиюми байналмилалӣ мепазирад.

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки обанбори "Роғун"  аз ҳисоби оби дарёҳои Аму, Вахш ва қисман аз Панҷ пур мешавад, зеро 50-дарсади оби дарёи Панҷ  моли Точикистон аст. Ба бовари номбурда кишварҳои минтақа набояд барои бунёди нерӯгоҳи Роғун монеа эҷод кунанд, зеро дар ҳоли мавриди истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳ кишварҳои минтақа ва хориҷ яъне: Эрон, Чин, Покистон ва Ҳиндустон метавонанд барқро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.
Хотиррасон мешавем то ин замон танҳо Тошканд дар мавриди аз санҷиши техникӣ гузаронидани нерӯгоҳи "Роғун" пофишорӣ менамуд. Вале котиби давлатии ИМА хонму Ҳилари Клинтон низ дар боздиди худ аз Тоҷикистон масъалаи обу энержии минтақа ва ҳуқуқи Тоҷикистонро дар ин росто ба баррасӣ гирифт. Хонум Клинтон гуфт, ки воқеан талаби ӯзбакистон дар мавриди анҷоми ташхиси техникӣ ба маврид мебошад, чун нерӯгоҳи "Роғун" дар солҳои 80-и асри 20 тарҳрезӣ шуда, ба эҳтимоли зиёд то ин замон он аз ҷиҳати техникӣ ҷавобгӯи меъёр набошад.
Бояд гуфт, аз баргузории ташхиси техникӣ ёдовар шудани хонум Клинтон метавонад гувоҳи он бошад, ки Амрико имрӯз ба ӯзбакистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардааст ва эҳтимол дар мавриди "Роғун" Вашингтону Тошканд бо ҳамдигар забон як кунанд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)