Бахшҳо
01 дек 2011 10:50Гузориш

Турсунзода дар Маскав 100 сола шуд

Чунин футуҳотро агар барои Эрон ҳаким Фирдавсӣ карда бошанд, барои тоҷикон танҳо Турсунзода чунин хидматеро анҷом додааст...

Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Маскав 100 солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон,   шоир ва ходими сиёсӣ Мирзо Турсунзода таҷлил гардид. Масъулини сафорат, бо ширкати бевоситаи сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба хотири гиромидошти Мирзо Турсунзода, маҳфили илмиву адабие ороста, барои ширкат дар ин маҳфил олимону адибони тоҷику рус, дӯстони устод Турсунзода ва дигар меҳмононро даъват намуда буданд. Ҷаноби Достиев маҳфили илму адабро ифтитоҳ карда, саҳми Мирзо Турсунзодаро дар ташаккули миллати  тоҷик, ривоҷу равнақи илму ирфони қарни ХХ бориз хонда гуфт: “Баъди Душанбе барои тоҷикон аз Маскав дида, маркази илму фарҳанги форсии ғание мавҷуд нест. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, то сари ин мизи маҳфил аз устод, ёду равони ӯро шод намоем”.

Ҳамчунин, сафорати Тоҷикистон дар Маскав шумораи махсуси нашрияи “Тоҷикони Маскав”-ро махсус ба зодрӯзи ин марди наҷиб бахшидааст, гуфт ҷаноби Достиев.

Баъдан, Владислав Иванович Музика, олими шинохтаи рус, зодаи Тоҷикистон, дӯсти наздики Мирзо Турсунзода аз номи фарзанди Мирзо Турсунзода Масъуд Турсунзода ба ҳозирин изҳори ташаккур карда, паёми шодбошии он касро расониданд. Оқои Музика  изҳор дошт, ки борҳо меҳмони хонадони устод Турсунзода будаанд ва аз ӯ дида одами хирадмандро то ҳанӯз вонахӯрдааст. “Чашмони Мирзо таҷассумгари симои миллати тоҷик буданд, боварии кас намеояд, ки дигар миллатҳо ҳам қодир бошанд, ки чунин мардони бузургро ба дунё оранд. Таъкидан мегӯям, ки то ҳанӯз ҳашамат ва бузургии шеъри Турсунзода, ҳамчун намунаи шеъри тоҷикӣ, пайвандгари шеъри классикиву муосири тоҷик ба пуррагӣ омӯхта нашудааст”,- илова кард Владислав Иванович.

Хотироти адабиётшинос Наталя Илинишна Пригарина, тарҷумони ашъори Турсунзода  Михаил Исаакович Синелников, Мирзо Додохонов, муовини сардабири маҷаллаи “Ирано-Славика”, Муҳаммад Эгамзод, сарвари медиахолдинги “Таҷинфо”, Шерафкан Бобоев ва дигарон хеле гуворову хотирмон буданд.

Футӯҳоти Фирдавсӣ ва Турсунзода

Ҳамчунин, қироати пораҳо аз ашъори устод Турсунзода аз сӯи шунавандагони Академияи дипломатии Маскав ва достони “Ҷони ширин” аз сӯи донишҷӯёни факулати забони тоҷикии Донишгоҳои забонҳои Маскав хотири ҳозиринро хеле болида гардонид.

Муҳсин Ҳайдарниё, масъулини Маркази эроншиносии Маскав, саҳми Турсунзодаро бо Фирдавсии бузург баробар карда, гуфт, “таърих нишон медиҳад, ки марзҳоро метавон шикаст ва ҳудудҳоро метавон тасхир кард, аммо фатҳи андеша, фатҳи ғоя, фатҳи адабиёт номумкин аст. Чунин футуҳотро агар барои Эрон ҳаким Фирдавсӣ карда бошанд, барои тоҷикон танҳо Турсунзода чунин хидматеро анҷом додааст”.Хотироти устод Шавкат Ниёзӣ дар хусуси давъат шудани Турсунзода аз сӯи шоҳони Афғонистону Эрон, пазироии сарвазири Эрон шоир Ҳувайдо бо қироати шеъри Турсунзода низ ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.

Устод Шавкат Ниёзӣ изҳор кард, ки “касе аз ман дида, дуои устод Турсунзодаро зиёд нагирифтааст ва маҳз ҷумлаи дастовардҳои худро ба устод Турсунзода марбут медонам”.

Ҳамчунин, докторанти Донишгоҳи Маскав Шокирҷон Ҳакимов иброз дошт, ки агар танҳо саҳми шоирии устод Турсунзодаро таҳлилу васф  кунем, пас метавон гуфт, ки саҳми ӯро ба таври комил наомӯхтаему васф накардаем. Турсунзода, ҳамчун сарвари як иттиҳоди ҷамъиятӣ- Иттифоқи нависандагон тавонист, ин гуна фаъолияти сиёсиву ҷамъиятиро роҳандозӣ намуда, дар ҳалли масоили сиёсӣ, кадрӣ ва дигар ҷодаҳо  саҳмгузор бошад. Таҷрибаи ин хирадманд боиси омӯзишу тарғиботи бештаре аст”, - афзуд Ш. Ҳакимов.

Маҳфили гиромидошти устод бо шеъру таронаҳои ҳунармандони тоҷики муқими Маскав боз ҳам ҷилои бештаре касб карда дар ёдҳо то дергоҳ боқӣ хоҳад монд.

Муҳаммад Рашод, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)