Бахшҳо
02 дек 2011 05:57Иҷтимоӣ

Қарори президент ба Панҷакент дахл надорад?

Дар бархе аз деҳоти ин ноҳия ҳанӯз ба эҳтиёҷ­мандон замини наздиҳавлигӣ дода нашудааст.

Бо пеш омадани зарурате рӯзи панҷшанбе, 24-уми ноябр ба ноҳияи Панҷакент сафар кардам. Ҳаво хеле боронӣ буд ва дар ташвиш будам, ки мабодо роҳи ағба баста бошад. Вале новобаста аз вазъи ҳаво ронандаҳои зиёде дар истгоҳ интизори мусофирон буданд. Поёнтарин қимати роҳкиро аз Душанбе то Панҷакент барои як мусофир 120 сомонӣ буд ва ронандаҳо роҳи пулакиву нархи сӯзишворӣ ва вазъи ҳаворо баҳона карда, нархро пойин намеоварданд.

Сангрезаҳои роҳ ва милисаҳои бекулбаи БДА

Аз Душанбе то Варзоб майда-борон мерехт, вале дар баландтари роҳ барф меборид. Дар пастӣ роҳ тоза буд ва ҳеч асаре аз сангрезаву хоку лой ба назар намерасид, аммо ҳар қадар боло мебаромадем, ба сангпораҳои аз кӯҳ фаромада дучор меомадем. Ягон техника ё коргаре ба назар намерасид, ки роҳро тоза кунад.

Ширкати IRS дар гузашта бо милисаҳои роҳ баҳс дошт ва даъво мекард, ки ҳузури онҳо дар роҳ дигар лозим нест. Баъди ин изҳороти масъулини ширкати мазкур муддате милисаҳои роҳ нопадид шуданд, вале боз ду-се нафарӣ бидуни доштани ҳуҷраи  хосе дар роҳ, акнун бо мошинҳо дар ҳар куҷое пайдо мешаванд ва мошинҳои роҳгузарро нигоҳ медоранд. Шоҳиди он будам, ки баъди як дарвозаи пулчинӣ ду милисаи роҳ мошини моро нигоҳ доштанд. Аз чӣ бошад, ки масъулини ширкати мазкур худ даъво пеш оварданд, ки дигар ба милисаҳо иҷозати назоратро намедиҳанд, вале ҳоло дар паҳлӯи ҳам кор мекунанд.

Дохили нақби "Истиқлол" бошад мисли солҳои пеш пур аз об буд, лекин ҷо-ҷое ба чашм мерасид, ки коргарон машғули кор ҳастанд. Баъди гузаштани нақб шоҳиди он шудам, ки чӣ қадар лою хок ва санги кӯҳ сари роҳ мехобид ва касе набуд, ки онро тоза кунад. Ба худ мегуфтам, ки чаро ширкати пулчинак ба ваъдаи худ вафо намекунад? Охир масъулияти нигоҳдории роҳ ба ӯҳдаи ӯст, вале вазъи роҳ хароб аст. Баъзе ҷойҳои роҳ пур аз сангпора аст, ки ронанда ҳатман ба яке аз онҳо бармехурд. Боронгариҳои ахир аз афташ кӯҳҳои Айниро нарм карда буд, ки аз боло санг мепарид ва хатари ба мошин бархӯрдани он ҳар лаҳза вуҷуд дошт. Танҳо дар наздикии деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи борон хоки кӯҳ рӯи роҳ лағжида фаромада буд, як техникаро дидем, ки роҳро банд карда меистод. Аз мошин пиёда шудам ва мехостам наздик рафта сабаби тоза накардани роҳро пурсам, аммо ҳанӯз ба техника наздик нашуда, ҷипи хориҷии сиёҳро дидам, ки бо суръат ба самти роҳи баста ҳаракат мекард. Ронандаи техника низ дар ин лаҳза ба ҳаракат даромад ва бо як бел задан роҳро тоза карду ба ҷипи сиёҳ роҳ кушод. Шояд ягон "калоншаванда"-и ноҳия буд, ки ронандаи техника дар баробари дидани ӯ бо шитоб роҳро тоза кард. Ҳар қадар поён мерафтем сангрезаҳои роҳ низ бештар ба назар мерасиданд, аммо дигар техника ё коргароне, ки роҳро тоза кунанд, ҳузур надоштанд. Баъди назоратгоҳи БДА-и Айнӣ вазъи роҳ тамоман бад буд. Мошини мо аз дохили кӯли об, ки дар натиҷаи борон дар байни роҳ ҷамъ шуда буд, мегузашт. Тирезаҳои пешу паҳлӯи мошин пур аз лой мешуд.

Барканории ду масъули замин мушкили мардумро ҳал накард!

Мушкили замин ва ба аҳолии ниёзманд додани он дар Панҷакент хеле печида шудааст. Ба мардум ягон иттилои дақиқ ва тадбирҳо барои ҳалли мушкил пешниҳод намегардад. Аз фармони президент дар бораи тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон ?ариб ду сол сипарӣ мешавад, аммо ҳанӯз кор кашол меёбад. Ахиран дар ҷаласаи вилоятӣ ду масъули ноҳияи Панҷакент оид ба тақсими замин аз вазифа сабӯкдӯш шуданд, вале вазъ то ҳол тағйир наёфтааст. Сокинони деҳаи Дашти Қозӣ мегӯянд, ки баъди ҳушдору огоҳии масъулони ноҳия аз ҷониби раиси вилоят Қоҳир Расулзода умедвор буданд, ки замин тақсим мешавад, лекин боз ҳамон хомӯшӣ ва боз ҳам "об дар даҳон" гирифтани масъулони ноҳия идома дорад ва ҳушдори мақомоти болоӣ ҳанӯз ягон натиҷае ба бор наовардааст. Дилшод, як нафар сокини ин деҳа мегӯяд, ки ду сол боз аз муҳоҷирати корӣ андаке пул ҷамъ карда меояд, ба умеде, ки замин диҳанд ва ӯ бо ин пул иморатро оғоз намояд. Зеро онҳо чор оила дар як ҳавлӣ истиқомат доранду аз рӯи фармони президент чун ниёзманд бояд соҳиби қитъаи замини назди ҳавлигӣ шаванд. Вале ҳеч беҳбудие нест ва масъулин "мӯҳри хомӯшӣ бар лаб" гузоштаанд.

Аз ҷумлаи чунин ниёзмандон дар ин деҳа хеле зиёд аст ва ба 160 нафар мерасад, дар ҳоле, ки дар рӯйхати тақсими замин ба ниёзмандон танҳо ҳудуди 110 нафар сабти ном шудаанд ва ба ягон нафари онҳо то имрӯз замин дода нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони деҳоти атроф дар бисёре аз деҳаҳои ноҳияи Панҷакент, аз ҷумла Вешист, Ворӯ ва бисёр деҳоти дигар низ ҳоло замин тақсим нашудааст. Вале сокинон умедворанд, ки ҳаққу ҳуқуқи конститутсониашон оид ба таъмини қитъаи замин ё замин барои манзил нақз нахоҳад шуд.

Сармо ва вазъи таъмини барқ

Шоми панҷшанбе ба деҳа расидам ва дӯсте ба хонааш даъват кард. Соати 5-и бегоҳ барқ фурӯзон шуд ва баъди ду соат хомӯш гашт. Аз байни меҳмонони даъватшуда муаллим Қодирӣ ба шӯъбаи танзими барқи ноҳия занг зада пурсид, ки сабаб дар чист, як масъули танзимгар ҷавоб дод, ки чунин реҷа аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик" муқаррар шудааст. Яъне бегоҳ ба деҳот ду соат барқ медиҳанд ва 1 соат хомӯш карда, баъдан боз ду соати дигар илова менамоянд. Ҳамин тариқ шом 4 соат ва субҳ 2 соат, дар маҷмӯъ 6 соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран як намояндаи шӯъбаи барқи ноҳияи Панҷакент тавассути телевизион эълом дошта буд, ки дар маҳалҳо таъмини 10 соат барқ муқаррар шудааст, аммо онҳо аз реҷа зиёдтар барқ медиҳанд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сӯхангӯи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки ба вилояти Суғд дар шабонарӯз 5,5 миллион киловатт соат нерӯи барқ дода мешавад ва онҳо аз рӯи талаботи ноҳияҳо барқро тақсим мекунанд. ӯ гуфт, ки агар барқи додашударо сокинон оқилона истифода баранд, таъминот низ меафзояд. Ба қавли ӯ агар як оила ба ҷои як печкаи барқӣ ду то истифода кунад, ба ҳамсояаш камтар мерасад. Аммо бо ин 4 соат барқе, ки шомгоҳ дода мешавад бисёре аз сокинон печкаи барқӣ ҳам пайваст намекунанд ва пайваст кардан ҳам кори беҳуда аст. Зеро дар шабҳои тӯлонӣ ва сармое, ки алҳол ҳукмфармост, печка дар 4 соат хонаро гарм намекунад ва агар гарм ҳам кунад баъди як соати хомӯшии барқ хона сард мегардад. Сокинони деҳот асосан аз ҳисоби ангишт ва ҳезум хонаро гарм медоранд. Вагарна ба умеди 4 соат барқ дар сармои зимистон одами солим бемор мешавад. Худ шоҳид будам, ки ҳангоми ду соат додани барқ ва боз як соат хомӯш кардану аз нав фурӯзон кардан сокинон ҳатто ғизои шомгоҳиро бемалол тановул карда наметавонанд. Ҳангоми хурдани таом барқ хомӯш мегардад ва рӯзи одамон боз ба чароғи бобоӣ мемонад. Бо чунин вазъ баъди ду-се соли дигар дар кӯҳ ҳезум ҳам намемонад ва одамон ба умеди барқи Роғун саломатии боқимонда аз меҳнати сангини муҳоҷиратро дар сардии зимистон аз даст медиҳанд.

Телевизион ҳам намегирад

Сокинони деҳаи Дашти Қозӣ мегӯянд, ки чанд моҳ боз тамошои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон номумкин гардидааст. "Сафина"-ву "Ҷаҳоннамо" дар ин ҷо пахш намешуд ва танҳо шабакаи аввал мегирифт, ки мардум аз тамошои он ҳам маҳрум шудаанд. Аз афташ мавҷдиҳандаи телевизион, ки дар кӯҳи назди деҳаи Шӯрча насб шудааст, кор намекунад. Ба гуфтаи Қутбиддин, як тан аз сокинони ин деҳа одамон бо истифода аз 4 соати фурӯзонии барқ мехоҳанд, ки аз хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон огоҳ гарданд, аммо мавҷи телевизион  нест ва дар асри иттилоот мардуми Панҷакент аз дунё бехабаранд.

Ин дар ҳолест, ки аз рӯи қонун мақомот вазифадоранд шароит барои дастрасӣ ба иттилоъро ба шаҳрвандон фароҳам кунанд. Аз ҷумла дар моддаи 5-и қонун дар бораи иттилоотонӣ омадааст: "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё кардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва дигар шартҳо мебошад, ки ба равнақу ривоҷи иттилоотонӣ мусоидат менамояд, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ҳангоми амалӣ гардонидани он ҳимоя мекунад. Самти асосии сиёсати давлат дар соҳаи иттилоотонӣ муҳайё кардани шароит барои ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талаботи ба иттилоот эҳтиёҷдоштаи шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон мебошад.

Танҳо шахсоне метавонанд шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистонро тамошо кунанд, ки соҳиби моҳвора ё антенни параболӣ бошанд. Аммо дар ин сурат имконият васеъ аст ва одамон бештар аз шабакаҳои хориҷӣ маълумот меёбанд. Аммо аксарияти сокинон, ки моҳвора надоранд, ҳафтае як маротиба аз хабарҳои кишвар тариқи нашрияҳо огоҳӣ пайдо мекунанд.

Ағба маҳкам ва мардум дар муҳосираи иқтисодӣ

Дар як ҳафтаи охир дар ноҳияи Панҷакент нархи як халта орд аз 108 сомонӣ ба 120 сомонӣ расидааст. Зеро аз як сӯ марзи ӯзбекистон бо ин ноҳия баста аст ва аз ҷониби дигар, ағбаи Шаҳристон, ки асосан маҳсулоти озуқа аз ин роҳ ба Панҷакент ворид мегардад, тақрибан як моҳ шуд, ки бо сабаби барфи зиёд маҳкам мешавад. Ронандаҳо 5-6 рӯз ва ҳафтаҳо дар ағба мемонанд ва як рӯз ё чанд соате роҳ боз мешавад, ки бо гузаштани 10-15 камаз боз роҳ баста мешавад. Вақте, ки дар деҳа будам, як ронандаи камаз ба рафиқаш занг зада гуфт, ки 5 рӯз боз дар болои ағба хоб аст ва охирин бурдаи нонро истеъмол кард, дигар чизе барои хурдан надорад. Дар дигар кишварҳо агар як нафар ба фалокат дучор шавад, барои наҷоти ӯ чархбол мефиристанд ва дар ғами ӯ ҳастанд. Аммо дар ағбаҳои мо садҳо нафар байни тарма, яъне миёни маргу зиндагӣ, гуруснаву ташна ва сармохӯрда танҳо ба умеди Худо интизор мешаванд, вале касеро парвое нест.

Сокинони ноҳия мегӯянд, ки агар ду ҳафтаи дигар роҳи ағба баста шавад, мардум ба бӯҳрони озуқа гирифтор хоҳанд шуд. Аллакай дар мағозаҳо орд нест ва мардум ба хотири беорд намондан аз пайи захира кардан пеши дари мағозаҳо навбатпоӣ мекунанд. Аз сӯи дигар роҳи Хуҷанд-Душанбе обод шуд ва Панҷакенту як қисмати Айнӣ бо роҳи валангораш дар блокада монд. Зеро ронандаҳо маҳсулотро тариқи роҳи обод ба Душанбе мекашонанд ва ба сӯи Панҷакент камтар ҳаракат мекунанд.

Сармои зимистон мушкили мардумро даҳчанд кардааст. Бебарқӣ, баста будани роҳ ва норасоии озуқаворӣ, қимат шудани сӯзишвориву ангишт бо баҳонаи роҳ банд будан ва ба болои ин ҳама кашол ёфтани тақсими қитъаи замин мардумро аз шаффофияти фаъолияти мақомот дилсард кардааст. Ҳолати се чор оила дар як ҳавлӣ истиқомат карданашон зиёд ба чашм мерасад ва шароити иҷтимоӣ сангинтар шуда истодааст, ки ҳанӯз зимистон набаромада аксари сокинон пули аз муҳоҷират кор карда овардаашонро сарф мекунанду боз рӯ ба "хонаи дуввум", яъне Русия меоранд. Аммо то кай хонаи бегона ба тоҷикон суд мекунад? Муносибате, ки ахиран Русия нисбати муҳоҷирон раво дид, дар дили ҳама ваҳмро ҷой дод ва ҳатто дар хурдтарин деҳаҳои Тоҷикистон одамон онро муҳокима карда, изҳори нигаронӣ мекунанд.  Имрӯз мардум интизоранд, ки кай мақомот ҳаққу ҳуқуқи онҳоро медиҳад. қариб дар тамоми ҷумҳурӣ мардуми ниёзманд пас аз қарори президент соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд. Аммо намедонам сабаби супориши президентро нодида гирифтани масъулини ноҳияи Панҷакент дар чӣ бошад?

Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)