Бахшҳо
16 дек 2011 09:17Иҷтимоӣ

Табобати гаронарзиши «ройгон»

20 сомонӣ барои як соли табобати ҳар сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Маблағе, ки аз ҳисоби буҷети ноҳияи Рӯдакӣ ба бахши тандурустӣ ҷудо шудааст, бар сари аҳолии ин ноҳия давоми соли 2011 ҳудуди 20 сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам пас аз дарёфти маълумот дар бораи буҷет ва шумораи аҳолии ноҳия равшан шуд.

Тавре Анварҷон Абдухолиқов, сардори шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ дод, ҳаҷми буҷети ноҳия дар соли ҷорӣ 51 миллион сомониро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 7 миллиону 974 ҳазору 260 сомонӣ ба бахши тандурустӣ ҷудо гаштааст. Бо назардошти он ки ҳар як инсон ҳуқуқи гирифтани табобатро дорад, бо ин мақсад давлат барои хизматрасонии ройгони тиббӣ аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо мекунад. Вале саволе ба миён меояд, ки маблағи барои тандурустӣ тахсискардаи давлат то куҷо метавонад талаботи аҳолиро нисбат ба гирифтани табобати ройгон қонеъ кунад ва барои дармони ҳар як шаҳрванд чӣ қадар пул ҷудо шудааст?

Тибқи омори ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар ноҳияи Рӯдакӣ 394 ҳазор нафар сокинон умр ба сар мебаранд. Агар маблағи ба соҳаи тандурустии ноҳия тахсисёфтаро, ки 7 974 260 сомонӣ аст, бар сари аҳолӣ тақсим кунем, маълум мешавад, ки барои табобати ҳар як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар як сол 20 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар ҳамин ҳол ба андешаи Аҳлиддини Салимпур, як сокини ноҳияи Рудакӣ ин маблағ хеле ночиз аст. Ба қавл ӯ одамон дар як сол даҳҳо маротиба корашон ба духтур меафтад, вале агар беморе бо 20 сомонӣ ба бемористон равад, намедонад, ки ин маблағро ба духтур диҳад, маблағи ташхисро супорад ё барои харидани дорӯворӣ сарф кунад. Зеро ба яке аз ин хизматрасониҳо харҷ кунад, ба дигаре намерасад.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон муоинаи духтур дар бемористонҳои давлатӣ ройгон аст. Аз ҳамсӯҳбатамон, Аҳлиддин пурсидем, ки ҳангоми вуруд ба бемористонҳо ӯро ройгон муоина кардаанд ё пулакӣ? Вай гуфт: "Дар ноҳия пизишкони ҳирфаӣ каманд, дар зимистон мушкили норасоии барқ эҳсос мегардад ва пойтахт ҳам ба мо хеле наздик аст. Аз ин рӯ асосан дар марказҳои тиббии Душанбе табобат мегирам. Вале инро бояд қабул кунем, ки феълан дар ҳеч беморхонаи Тоҷикистон табобати ройгон вуҷуд надорад. Агар саломатӣ даркор бошад, пул месупореду муолиҷа мекунед. Дар акси ҳол духтурон ба бемори бепул чандон аҳамият намедиҳанд".

Вақте маблағи барои соҳаи тандурустӣ тахсисёфта ночиз аст ва талаботи аҳолиро баҳри ройгон табобат гирифтан қаноатманд намесозад, пас мавзӯе ба миён меояд, ки ё маблағгузорӣ дар ин соҳаро аз ягон ҳисоб зиёд бояд кард ё комилан аз тибби давлатӣ даст кашид ва ба тибби хусусӣ рӯй овард. Аммо дар ин маврид назарҳо гуногунанд. Сардори шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Рӯдакӣ Анварҷон Абдухолиқов чунин мешуморад, ки на ҳамаи сокинон имконияти гирифтани табобати пулакиро доранд. Шароити мардумро ба назар гирифтан даркор аст. Бемористонҳои хусусӣ мавҷуданд, вале дар баробари онҳо бояд беморхонаҳои давлатӣ ҳам фаъолият дошта бошанд. Зеро дар сурати пурра хусусӣ шудан ҳатто мактаббачагоне, ки бемор шудаанд барои гирифтани як маълумотномаи пизишкӣ пул доданашон лозим меояд. Қисман пулакӣ кардани табобат мумкин аст, вале якбора ҳамаи беморхонаҳоро хусусӣ кардан ба манфиати кор нест, мегӯяд ӯ.

Маблағе, ки ба соҳаи тандурустӣ тахсис ёфтааст на танҳо барои табобати аҳолӣ нокифоя аст, балки баҳри пардохти моҳонаи духтурон низ ночиз ба назар мерасад. Қудратулло Сангов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ноҳия мегӯяд, ки маоши миёнаи духтурон 353 сомонӣ муайян шудааст ва дар шароити имрӯза ва нарху навои гарон барои рӯзгузаронӣ кофӣ нест.

Бархе аз коршиносон чунин андеша доранд, ки агар маблағгузории соҳаи тандурустиву маориф аз ҳисоби буҷет ночиз бошад, ё маблағгузориро аз дигар соҳаҳои аҳамияти камтар дошта зиёд бояд намуд ва ё аз маблағгузорӣ даст кашида, ин бахшҳоро хусусӣ кард.

Абдуҷаббор Ғаффоров, сардори шӯъбаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдори хусусӣ шудани бемористонҳост. ӯ мегӯяд, ки дар як сол 20 сомонӣ барои табобати як нафар нокифоя аст ва аз ду сар сокинон баҳри саломатии худ боз аз киса ҳам пул харҷ мекунанд. Ба андешаи ӯ агар имкони аз ягон манбаи дигари буҷетӣ зиёд кардани маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ набошад, пулакӣ шудани бемористонҳо беҳтар аст. Зеро пас аз пулакӣ шудан бемористонҳо худтаъминкунанда гашта, он маблағе, ки барои бахши тандурустӣ ҷудо мешуд, баҳри солимгардонии аҳолӣ ва пешгирӣ аз хуруҷи ҳар гуна бемориҳо равона мегардад.

Вале боз ҳам мавзӯи камбизоатии аҳолӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ домангири сокинон шудааст. Аз як сӯ барои табобат бе ин ҳам пул медиҳанд, вале аз ҷониби дигар нигаронанд, ки боз вазъ аз имрӯза бадтар нашавад. Сокини ин ноҳия, Аҳлиддин бар ин назар аст, ки дар сурати пулакӣ шудани табобат боварӣ нест, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад. Ба гуфтаи ӯ расман пул ситонидани духтурҳо боиси гаронтар шудани "курсӣ"-и тиббӣ мегардад ва кадрҳои хуб соҳиби кор шуда наметавонанд.

Ба эътимоди нафароне, ки аз тибби ройгон ҷонибдорӣ мекунанд, маблағи дар бахши тандурустӣ ҷудошуда он қадар кам нест. Коршинос Таваралӣ Ғаниев ба ин бовар аст, ки ҳудуди 30 дар сади аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе табобат мегиранд. Зеро ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия ба Душанбе пайвастааст. ӯ мегӯяд, новобаста аз он ки тибби хусусӣ рушд меёбад, вале ҳамеша як гурӯҳи аҳолӣ ба дастгирии давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ниёз хоҳанд дошт. Аз ин рӯ тибби давлатӣ бояд аз байн наравад. Аз ҳама вазифаи муҳими давлат таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, беҳдошти саломатӣ ва рушди маориф мебошад ва маблағи буҷет низ асосан ба ин соҳаҳо бояд сарф гардад. Мазмуни мавҷудияти давлат ҳам дар ин аст, ки табақаву гурӯҳҳои алоҳида дар танҳоӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои иҷтимоӣ намебароянд ва ба дастгирӣ ниёз доранд.

Ҳоло иддае аз шаҳрвандон ба хотири беҳбуд ёфтани бахши тандурустӣ тибби пулакиро ҷонибдорӣ мекунанд, вале гурӯҳи дигар бо назардошти сатҳи пасти зиндагии мардум мавҷудияти тибби давлатиро ҳатмӣ мешуморанд. Лекин муҳим нест, ки табобат ҳатман пулакӣ шавад, муҳим он аст, ки роҳе пайдо гардад, то таъминот дар ин бахш беҳбуд ёбад. Бо бардоштани ин проблема мақсади асосӣ ин аст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ беҳтар гардад ва ба беҳдошти саломатии шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Исфандиёр Халилов

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)