Бахшҳо
23 дек 2011 05:48Гузориш

20 соли бе СССР дар хотири шумо чӣ нақше гузошта?

Мо дар замони Шӯравӣ бо орзуи касби истиқлол зиндагӣ мекардем ва дар даврони истиқлол ҳасрати айёми Шӯравиро мехурем...

Моҳи декабри соли 1991 кишвари абарқудрати дунё, ки СССР ном дошту аз шаш як ҳиссаи дунёро дарбар мегирифт, барҳам хӯрд. Зимнан, дар заминаи се ҷумҳурии мустақил (Русия, Беларус ва Укроин) ва баъдан 8 давлати дигари пасошӯравӣ созмоне бо номи ИДМ таъсис ёфт. Инак, аз он рӯзҳо 20 сол сипарӣ мешавад ва ба ин хотир "Озодагон" аз афроди кишвар пурсид:

Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоир

Боре шеъри кутоҳе эҷод карда будам, ки чунин буд:

"Сахтиҳои зиндагӣ маргро бароям ширин кардаанд!".

Агар ин мазмунро ба суоли шумо таъмим диҳем, авзои кунунӣ, тамоми хотироти айёми Шӯравиро дар назарам ширин кардаанд. Мо дар замони Шӯравӣ бо орзуи касби истиқлол зиндагӣ мекардем ва дар даврони истиқлол ҳасрати айёми Шӯравиро мехурем. Чаро ? Зеро мо дар замони истиқлол на танҳо ба ҳадафҳо ва ормонҳое, ки дар сар мепарваридем нарасидем, балки бархе имтиёзот, имконот ва ҳуқуқҳои аввалияи худро низ, ки қаблан аз онҳо бархурдор будем, аз даст додем. Мероси муштараки даврони Шӯравӣ, ки ҳаққи ҳамаи миллат буд, тавассути як гурӯҳи хурд бидуни дарназардошти манофеи аксарият хусусӣ шуд ва ҷомеаи пасошӯравии мо ба ду гурӯҳ: "болодаст" ва "фурӯдаст" ё худ ғаниву фақир тақсим гардид. Аз ҳама хатарноктар, дар кишвари мо қишри мутавассит (зиёиён-аҳли илму маърифат), ки зомини ҳифзи таъодул ва тавозун дар иҷтимои башарӣ маҳсуб мешавад аз байн рафт ва ба қишри фақири ҷомеа пайваст. Мизони дастрасии шаҳрвандони кишвар ба таҳсилот, дармон, илм, рифоҳи иҷтимоӣ, нафақа ва суғурта дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ҳоло орзӯи аксарияти мардум расидан ба ҳамон ҷойгоҳи қаблии хеш аст !

Ҳайдаршо Пирумшоев, профессор

Иттиҳоди шӯравӣ аз нигоҳи миллӣ худ ҳуввият дошт. Як иттиҳоди бузург буд ва дар он ҳамаи давлатҳо аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ баробарӣ доштанд. Иттиҳоди давлатҳои мустақил бошад то имрӯз ҳоло маълум нашудааст, ки чист? Ҳоло мо аз ИДМ ягон суде надидаем ва агар ҳамин хел идома ёбад ягон умеде нест. Дар он ҳар як давлат манфиатҳои худашро ҳимоя мекунад, манфиати умум сарфи назар мешавад. Ман гумон мекунам, ки бе СССР мо бисёр чизҳоро аз даст додем ва аз кадом самте назар кунем боз ҳоло ба дараҷаи он таъминоти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳанӯз нарасидаем ва барои расидан ҳам хеле вақт даркор аст. Аз шӯравӣ хотироти неке дар зеҳни ман нақш бастааст. Аввал ин, ки як фазои хеле васеъ дошт, ҳам фазои воқеии илмӣ ва ҳам фазои ягонагӣ буд. Маҳз дар ҳамон давра бачаҳои кӯҳистон, ки ҳеч дар гӯшаи хотир намеомад, ки таҳсилдида мегарданд, ба унвонҳои баланди илмӣ ноил гардиданд ва дар мактабҳои бисёр қавии илмӣ тарбия ёфтанд. Аз ҷумла, дар Маскав, Ленинград ва дигар шаҳрҳои бузург. Ҳозир мо аз ин ҷиҳат ҳам хеле маҳдуд шудаем.Он як ҷузъи таърихи мо буд ва аз он ҳаққи рӯй тофтанро надорем.

Аҳмадҷон Қӯқанов, духтур

Зиндагӣ дар замони шӯравӣ бо вуҷуди он ки камбудиҳо дошт, вале бо бештар будани хубиҳояш фарқ дошт. Паҳлӯи мусбаташ дар он буд, ки кор мекардем ва маоши кофӣ мегирифтем. Феълан табибон аз имкониятҳое, ки дар он давра доштанд, бархӯрдор нестанд. Тартибу интизоми кор ҳам дуруст ба роҳ монда шуд буд. Хизматрасонии тиббӣ сари вақт ва фаврӣ анҷом дода мешуд. Мутаассифона, ин чиз ҳозир нест. Бо вуҷуди он ки имрӯз технология пешрафта аст, аммо на ҳама ба он дастрасӣ доранд. Вале дар замони шӯравӣ тамоми мардум имконияти табобат гирифтанро доштанд ва таъминоти бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ низ хуб буд.

Абдуқаюми Қаюмзод,журналист

Дар ҳоле, ки 20 соли бидуни СССР дар бештари расонаҳо ба як мавзӯи асосӣ табдил шудааст, дар асл аксари пурсидашудагон як навъ насталҷия ба СССР доранд. Албатта агар шароити имрӯза бо замони шӯравӣ муқоиса шавад, фикр мекунам аксарияти онҳое, ки дар замони СССР зиндагӣ кардаанд боз ҳам майли СССР хоҳанд дошт. Чун дар замони СССР дар ҳақиқат бисёре аз мушкилоту масъалаҳое, ки барои зиндагии ҳаррӯза пеш меомад, ҳал шуда буд. Мардум ҷои кор доштанд, маоши хуб доштанд ва барои дастрасӣ ба нону маҳсулоти аввалия, ки аз як тараф оддӣ ва аз сӯи дигар хеле муҳим аст, мушкилӣ вуҷуд надошт. Албатта дар СССР ҳам баъзе ноқисиҳо вуҷуд дошт, баъзе камбудиҳои ҷиддие ба мисли озодиҳои мазҳабӣ, озодии баёну гуногунандешӣ буданд. Аммо инҳо ҳама як мушкилиҳое ҳастанд, ки агар содда карда гӯем қабл аз ҳама "шиками сер" меистад. Он замон ба ҳар сурат шиками мардум сер буд ва барои дарёфти ғизову ғироми рӯзгор ба ин шакли дастаҷамъӣ ватанашонро тарк намекарданд. Аз сабаби он, ки замони шӯравӣ низоми то андозае пӯшида буд, тоталитарӣ мегуфтанд. Вале имрӯз мебинем, ки замони тоталитарӣ беҳтар будааст аз замони авторитарӣ. Замоне, ки роҳбарии сулолавӣ ҳукмфармост. Имрӯз оддитарин чизҳоеро, ки дар боло зикр кардем, мардум надоранд. Ҳозир дар шаҳри Душанбе танҳо кӯчаи марказӣ бо оби гарм таъмин аст. Бақияи мардуми шаҳри Душанбе муддати 15-20 сол мешавад, ки аз оби гарму газ маҳруманд. Дар замони истиқлол бисёр мушкилиҳоро барои мардум эҷод карданд. Аз ин хотир аксрияти мардум аз замони истиқлол он қадар шукргузор нестанд. Аз як тараф аз ҳар як хонавода тақрибан як-ду ё се-чор нафарӣ муддати 6-7 моҳ дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, дур аз падару модар ва зану фарзанд ва дар як вазъияти бисёр ҳам тоқатшикан кор мекунанду пул ба даст меоранд. Аз ҷониби дигар зиндагӣ дар дохили худи Тоҷикистон рӯз ба рӯз вазнинтар мешавад. Ба ҳамин хотир аз ду даҳсолаи истиқлол ҳарчанд як гурӯҳи кӯчаке шукргузорӣ мекунанд ва дар телевизион шукронаҳо мегӯянд, ки чунин ватани азизу маҳбуб доранд, вале мардуми оддӣ шукргузорӣ карда наметавонанд. Зеро он чи ки дар замони шӯравӣ доштанд, имрӯз надоранд. Аз ҳар лиҳоз ва ҳатто аз лиҳози равуо ба ҳамсоякишварҳо. Ҳоло мардум наметавонанд, ки ба шаҳрҳои қадимаи тоҷикӣ: Самарқанду Бухоро равуо дошта бошанд ва дучори мушкили ҷиддиянд.

Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Мутаассифона, дар давраи шӯравӣ кору фаъолият накардаам ва хотираҳои зиёд надорам. Мактаби миёнаро хатм кардам ва давлати шӯравӣ ҳам аз байн рафт. Агар ман худро дар он давра ҳамчун шахсият мешинохтам, муқоиса карда метавонистам. Дар замони истиқлол имкониятҳо барои ташаккул ёфтани наврасон ҳамчун шахсият бештар аст. Инро аз таҷрибаи худ медонам. Зеро дар замони шӯравӣ таҳсил кардам ва дар муқоиса феълан имкониятҳо барои рушди шахсият ва ҷаҳонбинии васеъ ба маротиб зиёдтар ба назар мерасад. Ҷиҳати хубиаш он буд, ки новобаста аз иқтидори иқтисодии ҳар як ҷумҳурии Иттиҳоди шӯравӣ тақсимоти амвол ё таъминкунӣ бо таҷҳизотҳо дар макотиби миёнаву олӣ аз марказ мутамарказонида мешуд. Ин ҳамчун ҷиҳати мусбат арзёбӣ мешавад. Вале баъзе хусусиятҳои миллиро дар он давра ба назар намегирифтанд.

Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Бозтоб"

Ман 18 сол дар замони шӯравӣ ва инак 20 сол дар замони истиқлол ба сар мебарам. Нав тавони фарқи баду некро пайдо кардам, ки ин сохт аз байн рафт. Бовуҷуд дар паи боди бозсозии горбачёвӣ ба матбуоти дигарандеш дастрасӣ пайдо кардаму тафовутро эҳсос менамудам. Шӯравӣ бо ҳама паҳлӯҳои манфие, ки дошт, мехост адолати иҷтимоиро таъмин кунад. Фикр мекунам ин адолат дар паи тарси мақомдорони ҷумҳуриҳо аз марказ пайдо мешуд. Яъне раҳбарони ҷумҳуриҳо аз тарси он, ки болои онҳо ба Маскав шикоят набаранд ва нисбаташон муҷозоте таъин нагардад, (дар муқоиса бо имрӯз, ки гуё аз муҷозоти як раиси ноҳияву шаҳр ва вилоят тарс доранд, чӣ расад ба вазиру раис он замон ҳатто раҳбарони ҷумҳуриҳоро ҷазо медоданду ба зиндон меандохтанд), талош доштанд аз дигарон камтар фарқ дошта бошанд ва ба мушкилоти мардум расидагии сареъ сурат мегирифт. Яъне метавон гуфт раҳбарони замони шӯравӣ дар муқоиса бо мақомдорони феълӣ масъулиятнокии бештар эҳсос мекарданд. Аммо тавре гуфтем, ин масъулият дар паи тарс пайдо шуда буду самимӣ набуд. Вале ҳоло мебинем, ки принсипи "худам шоҳу табъам вазир" гуё принсипи асосӣ шудааст. Ва хеле самимона! Фарқи дигар имкони дидани тавонмандии раҳбарон аст. Дар он замон ин имкон хеле маҳдуд буд. Зеро аз эшон кам чизе вобаста буд. Вале имрӯз дидани тавонмандии (дар шароити мо - нотавонии) раҳбарон хеле осон аст. Баъзеҳо бо шӯхӣ дар робита бо замони шӯравӣ мегӯянд, ки "коммунизмро пушти сар кардаему нафаҳмидем". Дар замони феълӣ инро ба шӯхии дигар метавон тарҷеҳ дод: "Биҳишт дидан дораду хурдан не!". Инро дар мисоли зиндагии биҳиштии баъзеҳо ва афсӯси бисёриҳо метавон хулоса кард. Акнун як бор хулоса кардед, ки чаро бисёрии раҳбарони худкома кӯшиш мекунанд ба ташкилотҳои интегратсионӣ бо тарсу ларз нигоҳ кунанд? Масалан Ислом Каримов чанде пеш дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва Авруосиё мисле сӯҳбат мекард, ки гӯё аз ӯ дида шахси ватандӯст дар ӯзбакистон набошад. Ҳоло бояд маълум кард, ки ӯву онҳо ҷоҳу ҷалолу сарвати аз роҳи ғайриқонунӣ андухтаашонро зиёдтар дӯст медоранд, ё ватанро? Ман ба адолатпешагии нисбии замони шӯравӣ то ҳанӯз носталҷӣ дораму онро имрӯз ҳам интизорам…

Абдураҳим Мирзомуродов, ронанда

Замони шӯравӣ чунин қоида вуҷуд дошт, ки барои як оила танҳо як мошин басанда аст. Аммо тамоми ронандаҳо қадр доштанд. Зеро соҳибони мошинҳои шахсӣ кори хуб доштанд ва рӯзашон ба мошин намонда буду ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятиро давлат дастгирӣ мекард. Барои онҳо маоши хуб медод. Аммо имрӯз ба ҳоли ронандаҳо раҳми одам меояд. Роҳ таъмир гардад, сӯзишворӣ ёфт намешавад ва сӯзишворӣ ёфт шавад, нархи он "осмонӣ" аст. Сӯзишорӣ харад барои таъмири мошин пул намеёбад ва таъмир кунад барои сӯзишворӣ маблағ нест. Ронандаҳои нақлиётҳои ҷамъиятӣ аз ин ҳам рӯзи бадтар доранд ва дигар обрӯи ронандаи замони шӯравиро боз пас гардонда наметавонанд. На маоши шоиста мегиранд ва на хизматрасонии дуруст доранд. Одамон дар дохили автобусҳо сару каллаҷанг мекунанд. Дохили автобусу тролейбусҳо тақрибан ба макони дуздиву ғоратгарии қаллобон табдил ёфтааст. Дар замони шӯравӣ чунин проблемаҳо тамоман вуҷуд надошт. Баробар шудан он тараф, мо ҳоло ба сатҳи хизматрасонии давраи шӯравӣ нарасидаем.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)