Бахшҳо
29 дек 2011 08:18Муҳоҷир

То кай тоҷикон таъқиб мешаванд?

Баъди сару садоҳои зиёд дар мавриди боздошти халабони рус ва депорти муҳоҷирон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар кард ва интизор мерафт, ки шояд дар ин сафар Раҳмон бо Медведев масъалаи муҳоҷирони меҳнатиро мавриди муҳокима қарор диҳад.


Зеро ахиран бо сабаби ҳукм эълон шудан ба халабони рус мавзӯи муҳоҷират хеле ҳассосиятро ба миён гузошт. Аммо ин сафар то куҷо метавонад ба ҳалли мушкили муҳоҷирон мусоидат кунад, ҳанӯз саволи матраҳ аст.

Бидуни шак, муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳими Тоҷикистон башумор меравад. Зеро аз ҳисоби он миллионҳо нафар дар дохили кишвар нон мехуранд. Ва имрӯз, оромиву суботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз муҳоҷирони меҳнатӣ вобастагии зиёде дорад. Бо ин ҳол, ба ҷои ин ки ин қишри коргар қадрдонӣ шавад, ба онҳо таваҷҷӯҳ дида намешавд ва ин ба бузургтарин хатар барои миллат табдил шудааст, ки дар натиҷаи ин бетаваҷҷуҳӣ бо тобутҳо ҷасади падарону шавҳарону фарзандони бисёре аз ойилаҳои тоҷикистониёнро аз Русия меоваранд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки дар шароити кунунӣ ба сабаби фаъолият надоштани корхонаҳои бузурги саноатӣ, бекорӣ, ночизу нокифоя будани музди кору сатҳи даромад, сатҳи зиндагӣ, рушд кардани иқтисоди ниҳонӣ (сиёҳ), монополия ва умуман вазъияти бади иқтисоди мамлакат, мардуми мо чораи дигаре надоранд, ҷуз ҳиҷрат ба Русияву дигар кишварҳо. Дар ҳоли ҳозир, тибқи бархе маълумотҳо, муҳоҷирони мо ҳарсола 3 то 3,5 миллиард доллари амрикоӣ вориди кишвар мекунанд, ки ба гуфтаи коршиносон ин маблағ иқтисоди Тоҷикистонро ба гардиш медарорад. Гузашта аз ин, ҳосили дастранҷи муҳоҷирони мо мазоёи дигаре ҳам дорад, аз ҷумла боиси интиқоли зиёди асъор ба кишвар мегардад, арзаву тақозоро дар бозори молӣ ва пулию молиявӣ афзоиш медиҳад, мизони даромад ва тавоноии харидории ҷомеа ва сатҳи зиндагиро боло мебарад. Ҳамчунин муҳоҷирати қувваи коргарии мо барои Русия ҳам аз манфиъат холӣ нест. Зеро он нақши чашмрасе дар батанзимдарории бозори меҳнати ин кишвар дорад ва гуфтан ба маврид аст, ки унсури муҳиматрини бозори миллии ҳар кишвар ин бозори меҳнат мебошад.

Ҷои кор мешавад! Боз дар Русия?

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон моли содиротӣ вуҷуд надорад, танҳо пахтаву аломиниюм содирот мешаваду халос. Ба ҳамин хотир иқтисоди миллӣ рушд намекунад, зеро асоси рушди иқтисодӣ вобаста аз истеҳсолоти ватанӣ ва содироти бештар аст, ки имруз дар ҳолати карахтӣ қарор дорад. Аммо дар ин байн мо яке аз мамлакатҳои содиркунандаи қувваи коргарӣ ҳастем. Вале бо вуҷуди ин, ки мо қувваи коргарӣ содир мекунем, онҳоро ба таври бояду шояд ҳимояву дастгирӣ наменамоем. Бояд ба онҳо мадад расонд, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз табақаҳои мазлумтарини ҷомеаи мо ҳастанд ва доиман ҷонашон дар Русия дар хатар аст, вале бо вуҷуди ин, барои сарафрозу сарбаланд будан назди миллату наздикони худ, тамоми сахтиҳову хатароти муҳоҷиратро ба ҷон мехаранд. Ҳол он ки ҳимояи онон дар ҳолати ваҳиме қарор дорад ва вақти он расидааст то барои кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Фаррух Умаров таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бояд бо истифодаи дурусти захираҳои табиии кишвар ҷавононро ба кор дар ватан таъмин кард. ӯ мегуяд, аз сабаби он ки бештари муҳоҷирони моро ҷавонон ташкил медиҳанд, мо шароити бо кор таъминкунии онҳоро дар дохили кишвар дорем. Захираҳои табии зиёде дорем. Аз ҷиҳати захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷои дувум ва аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол мекунем. Дар сурати дар доираи манфиатҳои милливу давлатӣ, на гуруҳӣ истифода бурдани онҳо, муҳоҷирон метавонанд дар дохили кишвар бо кор таъмин гарданд. Вай аз ҷумла таъкид кард: "Таҷрибаи кишварҳои гуногун, ки ба маротиб аз ҷиҳати захираҳои стратегӣ энергетикӣ ва ё аз ҷиҳати масоҳат аз Тоҷикистон хурдтаранд, нишон медиҳад, ки ин давлатҳо на танҳо мардуми худро бо кор таъмин карданд, балки ба яке аз кишварарҳои пешрафтаи дунё ҳам табдил ёфтанд" - иброз дошт ӯ.

Ба ақидаи коршиносон барои муътадил гардонидани мавқеи муҳоҷират, беҳтар аст, ки муҳоҷирон дар дохили кишвар бо кор таъмин гарданд ва раванди ҳиҷрати онҳо сол ба сол коҳиш дода шавад. Барои ин ибтидо мебоист блоки иқтисодӣ тақвият карда шавад ва раванди муҳоҷират аз тарафи мақомоти дахлдор ҳатман таҳти назорат гирифта шавад. Ба қавли коршиносон, масъалаи ҳифзи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамроҳ бо дигар ҳадафҳои стратегии ҶТ ба монанди истиқлолияти энергетикӣ, бурунрафт аз бунбасти комуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, бояд батаври ҷиддӣ пайгирӣ шавад. Зеро он яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми кишвар аст.

Бо қабули санаду қарорҳо мушкил ҳал мешавад?

Бархе аз вакилони Парламент бар ин назаранд, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияву дигар кишварҳо бояд мутобиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Исмоил Талбаков вакили мардумӣ бар ин бовар аст, ки дар оянда бояд барои рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ чанд қоида ҳатмӣ гардад:

Донистани забони русӣ , донистани ягон касб (хиштчинӣ, кафшергарӣ), анҷоми хидмати ҳарбӣ, муташакилона рафтан, патент гирифтан ва мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштан. Зеро ба қавли ин коршинос имрӯз бисёре аз сиёсатмадорони рус тоҷиконро ҳамчун интиқолдиҳандаи бемориҳои сироятӣ мутаҳҳам мекунанд.

Бино ба гуфтаи Исмоил Таобаков, агар фарди муҳоҷир ин мадорикро доро набошад, барои худу барои Тоҷикистон мушкил эҷод мекунад. Аз ин рӯ, ин чанд омилро бояд ба нақша гирифт, зеро шароит талаб мекунад, ки дар оянда чунин санадҳо қабул карда шаванд ва бояд фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил карда шавад.

Таъмини амнияти муҳоҷирон хоб ё воқеият

Ҳама сола аз Русия садҳо тобут меояд ва чандин нафарро тоссарҳои фашист сар мебуранд ва Русия ба як майдони қатли муҳоҷирон аз ҷониби миллатгароён табдил ёфтааст. Саволе матраҳ мегардад, ки чаро муҳоҷирони мо дар Русия ҳамвора ҷонашон дар хатар аст ва амнияти ҷонӣ надоранд?

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки зиёд будани шумораи муҳоҷирон, эътиқодоти динии онҳо ва муносибатҳои сиёсӣ, аз муҳимтарин сабабҳои ноамнии тоҷикон дар он кишвар мебошад: "Шояд теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз дигар миллатҳо бештар бошад ва зиёд будани шумораи онҳо, заминаи ноамниву кушторашонро фароҳам меорад. Аз сӯи дигар, пойбандии муҳоҷирони мо ба ислом ҳам то ҳадде ба қатли онҳо метавонад сабаб гардад. Зеро дар кишваре, ки солҳои зиёд ҳокимонашон то андозае ситез бо динро падид овардаанд, наметавон интизор дошт, ки даст ба куштори муҳоҷирони диндори мо назананд", афзуд ӯ.

Бино ба гуфтаи ин коршинос, муносибатҳои сиёсӣ ҳам дар ин байн бетаъсир нестанд, чун дар сурати бавуҷуд омадани кашмакаш дар равобити сиёсӣ, хоҳ нохоҳ табаъоти манфии он ба муҳоҷирон мерасад ва ин дар ҳаводиси ахири руйдода байни Маскаву Душанбе мушоҳида шуд.

Бархе аз коршиносон набудани иттиҳоду якпорчагӣ ва маҳалгароиро омилҳое медонанд, ки заминаи ноамнии тоҷиконро фароҳам мекунанд. Фаррух Умаров таҳлилгари маркази таҳқиқоти стратегии назди президент, бар ин назар аст, ки ноамнӣ ба ғайр аз тоҷикон русҳоро ҳам таҳдид мекунад ва сатҳи ноамнӣ дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст: " набудани як мавқеъи ягона дар байни тоҷикон, боиси шиддат гирфитани ноамнии онҳо мегардад. Масалан, шумораи кушта шудагони тоҷик, нисбат ба мардуми чечен дар ҳолати афзунтаре қарор дорад, аммо бо ин вуҷуд, чеченҳо аз солҳои 1990 то имруз дар муқобили русҳо даст ба мубориза задаанд ва дар натиҷаи он, имруз чеченҳо чун дар байнашон иттиҳод вуҷуд дораду фарҳанги сиёсиашон дар қиёс бо тоҷикон хеле болотар аст, аз манофеъу ҳуқуқи худ дифоъ карда метавонанд.", - мегуяд ин коршинос ва меафзояд, ки мутаасифона ба сабаби огоҳ набудани тоҷикон аз роҳҳи мубориза барои ҳимояи манофеъи худ дар хориҷа ва ҷо доштани маҳалгароиву ноҳамоҳангиву тафрақа дар байни онҳо ва ташкилотҳову созмонҳои сиёсие, ки дар онҷо фаъолият мекунанд, ин мушкилот бавуҷуд омадааст.

Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков вакили Парламент мегуяд, ки имруз на фақат тоҷикону шаҳрвандони дигар кишварҳо, балки худи русҳо ҳам аз дасти скенхедҳову миллатгароёни рус дар амон нестанд ва ҷинятҳои онҳо умуман ҳамаи табақаҳои гуногунро дар бар мегирад ва ин нишон медиҳад, ки кишвари Руссия дар ҳолати криминалӣ ё ҷиноӣ қарор дорад.

Бархе аз шаҳрвандон нажодпарастии миллатгароёни русро омили ноамнӣ ва куштори тоҷикон медонанд. Бахтиёр Валиев, ки солҳои зиёде дар Маскав будааст, мегуяд, ки: "Дар он ҷо мо баъд аз торикии ҳаво дигар ба берун намебаромадем. Зеро дар он ҳангом скинхедҳо зиёданд. Мо вақтҳое шудааст, ки бо ҳамин нажодпарастони рус даргир шудаем ва хушбахтона ҷони солим ба дар бурдем. Аламовар он аст, ки пулиси онҷо мебинаду коре намекунад. Бояд ҳамеша эҳтиёт кард, чунки ин миллатгароён ба ҳеч тоҷике раҳм намекунанд".

Дар шароити ҳозира оё мо имкони таъмини амнияти муҳоҷирони кориро дорем? Сайидумар Ҳусайнӣ вакили МН мегӯяд, ки ин кор бисёр муҳиму душвор аст ва бо як сафари оддии корманди хадамоти муҳоҷират ҳалли ин қазия номумкин аст. Хадамоти муҳоҷират ба танҳоӣ коре карда наметавонад. Ин масъала бояд дар сатҳи мақомоти олирутбаи ҳукумат ва ё аз ҷониби шахсони аввали кишварҳо баррасӣ шавад. Онҳо ҳастанд, ки дар ин бора метавонанд ба тавофуқ расанд.

Иддае аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки дар таъмини амнияти муҳоҷирон ва дигар мушкилоти онҳо манофеи сиёсӣ монеа эҷод мекунад, аз сӯи дигар, азми ҷиддие аз тарафи мақомоти олирутбаи кишвар барои ҳалли ин масъалаҳо дида намешавад.

 

Сиёвуш Қосимзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)