Бахшҳо

Мо ва ҷомеаи бемор

Як рӯз пеш бо шоире, ки ашъораш вирди забонҳост, вохӯрдам. Аз зимистону сардиҳои фасл сӯҳбат кардем.
Зимистоне, ки воқеан ба зимистон монанд аст. Зимнан, мусоҳибам гуфт, ки ба андешаи вай мавсими сол ҳам вобаста ба вазъи ҷамъият тағйир мехӯранд. ӯ аз Шӯравии собиқ мисол зад, ки вазъи иҷтимоии мардум беҳтар ва ҷомеаи солиме пой бар ҷо буд ва ҳар фасли сол ҳам ба ранги худ меомад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки авҷи бесарусомониҳо буд, на зимистон ба дай шабоҳат дошту на тирамоҳ ба пойиз. Шоир мегӯяд, вақте нашрияҳоро мехонӣ гумонат ин мешавад, ки дар ҷомеаи бесару сомоне ба сар мебарем, аммо зимистони имсола андешаеро тавлид мекунад, ки боз ҳама чиз ба ҷои худ расидааст. Ин андешаи мантиқӣ дар зеҳн саволеро ба вуҷуд овард, ки оё мо имрӯз воқеан дар ҷомеаи солим ба сар мебарем? Барои ҷавоб ба ин суол фурсати зиёде сарф нашуд, балки саволҳои зиёду посухҳои бешуморе навбатпойӣ карданд.

Танҳо як назари сар-сарӣ ба тамоми бахшҳо кофӣ буд, ки ман ба саволи худ ҷавоби мувофиқ пайдо бикунам. Бодгард (парус)-и заврақи андеша нахуст ҷониби амниятӣ миллӣ самт гирифт.
Ҳамасола мардуми ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон, хоса сокинони Шӯрообод аз дасти гурӯҳхои кочоқбар азият мекашанд. Онҳо бе пушт-пушт ба манзили мардум ворид шуда, чорвои онҳоро бо худ мебаранд. Аз ҳолатҳои гаравгонгирӣ ҳам на як бору ду бор гузориш шудааст. Ва монанди кинофилмҳо мақомот танҳо баъди рафтани онҳо ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванду боз ҳам мардуми бечораро истинтоқ мекунанд. Ҷои он ки аз марзбонҳо бипурсанд, чӣ гуна шуда, ки қочоқбар бо ғаниматҳои аз мардуми камбизоат гирифтааш он сӯ ва ин сӯи сарҳад мегузарад.
Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаби 22 августи соли 2010 ва то Афғонистон гурехтани чанд тани онҳо низ фикр накунам нишони ҷомеаи солим бошад.
Ҳамин гуна ба дунболи ин хабар оғози амалиёти зиди гурӯҳҳои террористӣ дар шарқи мамлакат, ки ҷони 25 сарбози ҷавонро гирифт. Ва аз ҳама муҳимаш ин ки дар ҳеч ҷомеаи солиме вазири дифоъ нашрияҳои мустақилро дар "пуштибонӣ аз терроризм" муттаҳам намекунад.
Ҳарчанд боз даҳҳо мисоли дигарро дар бахши амният метавон инҷо навишт, аммо бо ҳамин иктифо мекунему ба иқтисод чашм меандозем.


Назаре ба иқтисод


Дар ҷомеаи солими асри 21 беш аз 15 сол фасли сармо аксари мардуми кишвар ба шамъу чароғи бобоӣ ба сар мебарад? Дар ҷомеаи солими иқтисодӣ ҷои афзоиши корхонаҳои хурду миёнаву бузург касру кушку меҳмонхонаҳо қатор мешаванд? Ин чӣ ҷомеаи солим аст, вақте маоши миёна дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб поин аст.
Оё дар ҷомеаи солим маоши миёна 33 дар сад ва нарху наво наздики 60 фисад боло меравад?
Ва билохира дар ҷомеаи солими иқтисодӣ ягона роҳи пайвандгари ду минтақаи кишварро пулакӣ мекунанд?


"Бехабарӣ" ва солимии ҷомеъа


Мардум аз боздошт ва ҳабси фарзанди як мақоми аршади кишвар дар Русия танҳо бо гузашти се сол хабар меёбад ва ҳамон ҳам баъди он ки як табааи Русия, ки халабони як ширкати ҳавопаймоист бо ҳамкасби эстонии худ дар Қӯрғонтеппа бо ҳукми додгоҳ ба 8,5 соли ҳабс маҳкум мешавад. Он вақт сару садоҳо баланд шуд, ки Тоҷикистон мехоҳад, халабони рус Владимир Садовничийро бо Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, фарзанди раиси роҳи оҳани Тоҷикистон иваз намояд. Маҳз ҳамон вақт маълум гардид, ки Рустам Ҳукумов моҳи сентябри соли 2010 аз сӯи додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав нӯҳуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия сару садоҳоро дар мавриди пешниҳоди иваз кардани Садовничий ва Ҳукумов рад карданд.
Аммо баъд… Баъд Садовничий ва Руденко озод шуданд(!). Дар ҷомеаи солим, ки даъвои ҳуқуқбунёд буданаш ҳамарӯза аз тариқи дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат садо медиҳад, афроде, ки бо ҷурми нақзи қоидаҳои парвоз, қасди қочоқ ва убури ғайриқонунии марз муҷрим шинохта шудаанд, раҳо мешаванд?
Ва чӣ мегӯед, ки баъди чанде аз Маскав хабари раҳо шудани Рустам Ҳукумов расид.
Ба иттилои расида, мақомоти Русия Рустамро моҳи июни соли 2008 ҳамроҳ бо се тани дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Моҳи сентябри соли 2010 додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард. Шикояти Рустам Ҳукумов ва вакили дифои ӯ аз болои ин ҳукмро додгоҳи вилояти Маскав дар моҳи декабри ҳамон сол ба баррасӣ гирифт, вале он замон рад шуд.


Носолимӣ дар соли нав


Солҳост, ки аз ахлоқи пасти ҷавонон ҳарф мезананд. Аксари онҳоро дар беодобӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба калонсолон ва ҳатто камсаводиву бештари авқот бесаводӣ ҳам муттаҳам мекунанд. "Очаи зор"-у бибиву хола ва ҳафт пушти гузаштаи ҳамдигарро дашномҳои мошу биринҷӣ кардан ба амри маъмулие таблид шудааст.
Ва бигӯед, ки оё дар ҳеч ҷомеаи солиме ҷавонеро дар шаби таҷлил аз соли нав танҳо ба ин хотир, ки либоси "Бобои барфӣ" ба бар кардааст, кордборон мекунанд?
Ин феҳрастро дар яку ду саҳифа намешавад хотима дод, он чи кӣ мисол задам танҳо барои далел буд. Далели ин ки ҷомеаи мо то куҷо солим аст. Ва чандин чунин зимистони зимистонмонанду баҳори баҳормонанд ҳам наметавонад, ки вазъро тағйир бидиҳад.
Шояд назари шумо тамоман дигар бошад. Ин ҳақро ҳамаи шумо доред, ки бо мо ҳамфикр набошед…


Абдулазизи ВОСЕЪ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)