Бахшҳо

Cиёвуш: Бузургонро на дар зиндагияшон қадр мекунем ва на баъд аз маргашон

Идомаи мусоҳибаи Қосими Бекмуҳаммад бо Сиёвуш  - шоири номии тоҷики муқими Қирғизистон

 


- Ба назарам на ҳунарпеша, балки тамошогар аст, ки тақаллуб ва самимиятро ташхис медиҳад ва ҳар касро, ҳамон гуна ки мегӯйӣ "дар ҷояш мешинонад".
- Мутаасифона, ба фикрам дар Тоҷикистон чунин нест. Мо чунин тамошогари огоҳ, ки ҳар як актёрро дар ҷояш биншонад ва бо коргардон баҳс кунад, бисёр кам дорем. Тоҷикистон ҳоло кишвари мустақил аст ва ба мушоҳидаҳои ман ин истиқлол дар ҳама гӯшаву канори ҳаёти мардум сар халонда ва бар ҳама арсаҳо ҳоким гардидааст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳатто ниҳодҳои мухталифи расмиву ғайрирасмии фарҳангӣ ва аз ҷумла театру синамо мустақил аз якдигар вуҷуд доранд, яке пеши дигаре таъаҳҳуде, вазифае бар дӯш намегирад.
Ва ҳамин тавр дунёи театр низ худ ба роҳи худ равона аст. Ман фикр намекунам, ки нақши тамошогар дар он ҷо ба он ҳадде бошад, ки назари худро дар бораи ин ё он спектакл гӯяд. Театр ин дунёест, ки дромнавис, коргадон, актёр ва тамошогар ҳама як хонаводаанд. Хонаводае бо номи "Театр". Ин як фарҳанги хонаводагист. Бегонаҳо он ҷо камтар роҳ доранд. На барои он, ки бегонаҳоро роҳ намедиҳанд, не. Он ҷо бегонаҳо, яъне онҳое, ки як спектаклро бештар аз як бозигӯшӣ, масхарабозӣ ва хӯшгузаронӣ намешиносанд, камтар ба он ҷо мераванд. Дунёе, ки масалан, дар дохили театри Лоҳутӣ ё театри опера ва балет мегузарад, мувозӣ ё худ параллел бо дунёест, ки дар Душанбе мегузарад.
- Пас Фаррухи Қосим ҳам "параллел" бо дунё зиндагӣ мекард?
- Не. Устод Фаррухи Қосим аз кам касоне буд, ки бо созиш бо дунё ба сар мебурд. Дар ҳоле, ки дунёи муҳиташ барояш он қадар ҳам созгор набуд. Албатта, маълум аст, ки чун ҳар шахсияти бузурги дигар дар олами худ, дар дунёи ботинӣ ва рӯҳонии худ баҳсу арбадаҳое бо даврони худ, бо атроф ва муҳити худ доштааст. Агар чунин намебуд, он осори пур аз исёну тӯфонро берун намедод. Аммо, агар дар ин мусоҳибаи мо истифода аз истиллоҳоти тассаввуф муҷоз бошад, ман мегуфтам, ки устод як сӯфии пайрави "нақшбандия" буд.
- Яъне, дар воқеъ, чунин рӯҳияе дошту аз он таълимот пайравӣ мекард? То он ҷойе ки маълум аст, он вақтҳо ин мазӯъот густариши имрӯзиро надоштанд. Зиёиён камтар ба масоили динӣ ва аз ҷумла ба тасаввуф фикр мекарданд.
- Устод дар ҳадде аз масоили динӣ огоҳ ва ба хусус маҷзуби тасаввуф, фалсафаи сӯфия ва рӯзгору осори сӯфиёни бузург буд, ки воқеан ҷойи ҳайрат дошт. Албатта, вай ин ҳамаро на дар мактабу донишкадаҳои Тоҷикистони шӯравӣ, балки ба таври худомӯзӣ касб карда буд. Ва ба эҳтимоли зиёд чизе ҳам аз ноҳияи хонавода будааст. Таълимоти "Нақшбандия" беш аз равишҳои дигар бо зиндагӣ ва кораш созгор буд. Ба ҳар ҳол, он қитъа аз зиндагии устод, ки ман камобеш аз он хабар доштам, ҳамеша пойбанди асли ҳикмати нақшбандия "даст ба кору дил ба ёр" буд.
Устод талош мекард он нақшеро, ки ҳунар ва ҳунарпеша дар Самарқанд ва Бухоро дошт, дар Душанбе эҳё кунад ва такмил намояд. Рӯҳияи устод рӯҳияи шаҳрӣ буд, ҳунари устод  ҳунари шаҳрӣ буд, шахсияти устод шахсияте шаҳрӣ буд. Устод Фаррух якумр муштоқи фарҳанги шаҳрӣ буд ва орзу дошт дар Душанбеи азизаш як фарҳанги хосаи ин шаҳр вуҷуд дошта бошад. Мегуфт, Душанбе бояд ба як намунае аз оштӣ ва созиши табиъии фарҳанги шарқ ва ғарб, қадим ва ҷадид табдил ёбад. Душанбе ҳамон вақт ҳам дар қиёс бо дигар пойтахтҳои Осиёи Миёна, аз қабили Тошканд, Алмаато ва ҳатто Бишкек аз хосиёт ва хисоли як шаҳр камтар бархурдор буд. Албатта, дар замони шӯравӣ ин шаҳр ба унвони пойтахти як ҷумҳурӣ аз ҳама он бартариҳое, ки бояд як пойтахт дошта бошад, бархурдор гардид. Вале дар воқеъ, ҳамон вақт ҳам он фарҳангеро, ки як пойтахт бояд дошта бошад, надошт. Устод Фаррухро ин мавзӯъ ҳамеша машғул ва маъюс медошт.

Душанбе Самарқанду Бухорои Фаррухи Қосим буд
- Гуфтӣ, ки Фаррухи Қосим мехост Самарқанду Бухороро дар симои Душанбе бубинад.
- Оре. Ва ҳатто бештар аз ин. Устод Фаррух мехост Душанберо ба он таърихи куҳан ва ҷовидонаи Иронзамин пайванд диҳад. Дар ин росто шояд устод каме идеалист буд. Ман намедонам. Наметавонам дар ин мавзӯъ қазоват кунам. Устод он вақт як дилгармии хос ба идеяҳои эҳёи сарзамини "Иронвич" ва "Хуросони Бузург" дошт, ки он замон кам-камак дар байни ҷавонони рушанфикри тоҷик пахш мешуд. Он вақтҳо дар соҳили дарёи Душанбе як ҳафриёте шурӯъ шуда буд. Ба назар мерасид, ҳафриёти ҷиддӣ ва икдоми идомадор буд, ки ҳатто бостоншиносоне аз Маскав низ омада буданд. Мегуфтанд, дар зери чанд қабати замин осори шаҳри қадиму бузург бо номи Аҳорунро кашф кардаанд.
Ман  наметавонам, эҳсосоти Фаррухро, ки он замон дар чеҳраи орому хирадмандаш зоҳир буд, тасвир кунам. Шояд лаҳзаи нирвонои адёни ҳиндӣ ҳамин аст. Шояд он лаҳзаи ҳулули сӯфиён ва ё шояд чизи дигар аз ин ҳолот аст. Вақте ки устод аз ҷараёни он ҳафриёт ва натоиҷе, ки ба даст хоҳад омад, сухан мегуфт, лаҳзаҳои саршори муҳаббат ва отифа буд. Чунин лаҳзаҳо дар сатҳи эҳсос дар зеҳни инсонҳо боқӣ мемонанд ва ин лаҳзаҳоро ҳаргиз  наметавон бо сухан ифода кард. Ман мегуфтам, ки он лаҳзаи висоли Фаррухи Қосим бо Душанбе буд. Бо ин шаҳри ормонҳояш. Ормонҳои падару модараш. Ормонҳои шояд, аҷдодаш. Ин лаҳзаи вуруди як Инсон ба Сарзамини Мавъуд буд…
Баъд аз ҳамон ковишҳо устод тасмим гирифт, ки театри навбунёдашро "Аҳорун" ном гузорад. Ва ин "Аҳорун" посухе буд бар ҳама он беадолатиҳо, ки нисбати Самарқанд ва Бухоро шудааст. Балки зиёда аз  ин. Ин посухе буд ба таърих дар ҷавоби он ҳама беадолатиҳо, ки нисбати мардуми тоҷик шуддааст. Театри "Аҳорун", дар воқеъ, посухи як Инсонест ба он ҳама суолҳои "аз куҷо омадаем ва ба куҷо хоҳем рафт?". Ин театри дар ҳаёти онрӯзии Тоҷикистон як падидаи фалсафӣ, иҷтимоъӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ буд, ки мутаассифона, дар баробари омили иқтисодӣ дошт надод, шикаст хурд.
- Таъсири омили иқтисодиро ба ин ҳад ҷиддӣ медонӣ?
- Оре. Мушкилоти моддии устод Фаррухи Қосим бо "Аҳорнуаш" ҳанӯз қабл аз фурӯпошии шӯравӣ вуҷуд дошт, вале ба он сахтие, ки баъд аз он айём мувоҷеҳ гардид, набуд. Дар остонаи фурӯпошӣ ва баъд аз он ин мушкил шадидтар шуд. Устод Фаррух бештар ғами "бачаҳояш"-ро мехурд.  Ёд дорӣ, ки мардум барои рӯзгузаронии худ ва хонаводаҳояшон рӯ ба тиҷорату муҳоҷирату мардикорӣ оварданд. Аммо афроди ҳунарпеша дар ин корҳо як каме "беистеъдод" ҳастанд. Тиҷорат чӣ, вақте ҳунарпешаҳо ҳатто наметавонанд пули моҳонаи худро "иқтисодӣ" истифода кунанд. Ва чӣ ҷойи сухан аз мардикорӣ, вақте ки онҳо, бино ба шӯхии машҳур, ҳатто мехеро наметавонанд барои пиҷаки худ дар девори хонаашон бикӯбанд.
Аммо рӯзгор коре ба ин назокатҳо надорад. Бачаҳои устод Фаррух азоб мекашиданд ва устод Фаррух барои онҳо азоб мекашид. Ман ҳоло намехоҳам дар хусуси он мушкилоти моддӣ, ки театри "Аҳорун" аз рӯзи нахусти ташкил шуданаш рӯбарӯ гардида буд, сухан гӯям. Ин мавзӯи бисёр ҳузновар ва хастакунанда хоҳад буд. Бигзор шогирдони устод дар ин мавзӯъ бинависанд, агар салоҳ медонанд. Яке аз омилҳои аслии шикасти "Аҳорун" ҳамин мавзӯи иқтисодӣ буд. Ин мушкил тамоми онҳоро дар тӯли ҳаёти эҷодӣ машғул медошт. Ҳатто шояд ҳам яке аз иллатҳои марги нобаҳангоми устод ҳамин мушкили иқтисодии театри "Аҳорун" буд. Худо худаш медонад. Ман намехоҳам дар ин хусус қазоват кунам. Аммо бархурди устод Фаррухи Қосим ба зиндагӣ дар асл бархурди фоҷеъӣ буд. Бардошти ӯ аз зиндагӣ, таърих ва ба вижа таърихи тоҷикону Тоҷикистон бардошти фаҷеъ буд. Шояд ҳамин рӯҳия буд, ки ҳамеша ба вай дар зиндагӣ ва дар эчодиёт кӯмак мекард. Тазод ва муқобилаи устод Фаррух бо театри мардумии тоҷик маҳз дар ҳамин бархурди ӯ ба зиндагӣ буд.

Фаҷеият дар муқобили масрахабозӣ
- Ин гуфтаҳоят каме тавзеҳ мехоҳад.
- Тавзеҳ медиҳам. Театри мардумӣ ё ба истилоҳи дигар "халқии" тоҷик дар асл як театри масхарабозист. Бино ба таҳқиқоти муаррихон ва ҳунаршиносони рус, намоишҳои кӯчагӣ, ки дар шаҳрҳои қадимии тоҷикнишин ва узбакнишин баргузор мешуд, бештар ҷанбаи шӯхӣ ва масхараҳои содае доштанд. Ман наметавонам бигӯям, ки ҳамеша чунин будааст. Эҳтимоли ғолиб бар ин аст, ки ин натиҷаи тасаллути муғул  бар тоҷик  аст. Маъмулан ҳар касе, ки дар сари қудрат аст, ҳамон кас  шаклу муҳтавои фарҳангро таъйин мекунад. Русҳо мегӯянд; "Тот кто платит, тот и заказывает музыку". Ҳокимони муғулу турк бино ба савқу завқ ва салиқаи таърихиашон ба ходимони ҳунарманди худ, ки бештар тоҷику ирониасл буданд, ҳамин масхарабозиро супориш мекарданд. Ин таърихи тӯлонӣ ва ғамангезест.
- Бархе ироншиносони ҷаҳон ва ба хусус пажуҳишгарони иронӣ баръакси инро мегӯянд. Муддаъӣ ҳастанд, ки фарҳанги иронӣ дар асл фарҳанги шод буда ва истилои муғул ин фарҳангу ин мардумро мубталои ғам кардааст.
- Дуруст аст. Ин ғаму рӯҳияи фаҷеъ чунон дар хуну пӯсту устухони қавмҳои иронӣ ҷо шудааст, ки то ҳанӯз наметавонанд аз он бадар оянд. Шояд ин уқда барои ҳамеша боқӣ бимонад.
Аммо чизҳоеро, ки ишора кардам, бо он ақидаҳо таноқуз надорад. Фарҳанги шод ва шодоб бо фарҳанг ва ахлоқи масхара бисёр фарқ мекунад. Он адабиёт, мусиқӣ ва он фалсафаи ғамангези бархе аз аҳли ирфону тасаввуф барои хотири ҳокимони муғул ва туркнажод эҷод нашудааст. Он натиҷаи супориш ва нозфурӯшии "сояҳои Худо дар замин" аз қабили султонмаҳмудҳо, амирарсолонҳо, темурлангҳо ва бойқароҳо набуд. Адабиёте, ки мо аз он даврон ба ёдгор дорем, "супориш"-и мардумонест, ки ба ҳукми таърих ҳамеша халлоқиву созандагӣ кардааст ва ҳамеша ақвоми дигар аз натоиҷи халлоқият  ва созандагиҳояш истифода ва худашро хору ҳақир доштааст.
Аммо имрӯз воқеият чунин аст, ки масалан як инсон, як рӯшанфикр мумкин аст дар асл бардошт ва бархурди ғамангез бо зиндагӣ ва воқеиёти атрофи худ дошта бошад, вале бо вуҷуди он метавонад аз одобу ахлоқи масхара пайравӣ намояд. Зеро ин одоб ҳаводор ва харидори зиёд дорад.
Исёни устод Фаррухи Қосим дар он буд, ки вай дар муқобили он масхарабозӣ фаҷеъияти худро қарор дод. Спектакли "Хонасӯзон"-ро ҳатман дар ёд дорӣ. Аз назари жанри театрӣ "Хонасӯзон" дар воқеъ як фарс буд. Фарс ҳамон "масхарабозӣ"- и худамон аст.  Вале устод Фаррух он фарсро он қадар саршори фаҷеъият ва драматизм карда буд, ки тамошогар намедонист бигиряд ё бихандад.
Аз ин назар устод Фаррух бештар ба театри Озарбойҷон наздик буд. Фарҳанги Озарбойҷон ва театри озарӣ, ки бештар ба фарҳанги эронӣ ва шиа такя дорад, саршор аз фаҷеъият ва драматизм аст. Синамои онҳо, мусиқӣ ва суруди онҳо чунин аст. Дур наравем, муҷассамаи Сино, ки озарбойҷониҳо дар Душанбе сохтаанд. Ман намедонам, ки муҷассамае ба ин зебойиву шаҳомат ва фаҷеъият дар дунё вуҷуд дошта бошад. Театри озарӣ дар воқеъ такя ба маросимҳои "Ошӯро" ва "Ҳусайния" дорад. Зимнан аз ёд набарем, ки дар Бухорои қадим низ суннате бо номи "Кини Сиёвуш" будааст. Мардуми Бухро он рӯз барои Сиёвуш, ки низ як персонажи фаҷеъи дигар дар таърихи Ирону Турон аст, гирди ҳам меомаданд ва азодорӣ мекарданд. Яъне мехоҳам бигӯям, ки ин фарҳанг барои тоҷикон бегона нест. "Юсуфи гумгашта боз ояд…"-и устод Фаррухи Қосим дар асл фарёди як шахси танҳо дар ҷомеа, фарёди танҳоии ӯ буд. ӯ пайваста тамошогарашро ба олами фаҷеъи худ мекашид.  

"Юсуфи гумгашта" - васиятномаи Фаррухи Қосим
- Зимнан, чун сӯҳбат ба мавзӯъи достони ҳазрати Юсуф (а) иртибот пайдо кард, зимни ёдоварӣ аз маҳбубияти бесобиқаи сериали иронии "Юсуф пайёмбар" дар миёни мардуми кишварамон, мехостам бипурсам, ки ба назарат  чӣ омиле боиси таваҷҷуҳи ҳамвораи аҳли ҳунар ва эҷод ба симои ҳазрати Юсуф шудааст?
- Наметавон як ё ду омилро ном бурд, зеро маҷмӯи омилҳо вуҷуд дорад. Бар иловаи ҳамаи хубиҳое, ки ин сураи муборакаи Қуръони маҷид дорад, шояд яке аз омилҳо мураттаб будани он аз назари вуқӯъи ҳодисаҳои тасвиршаванда бошад. Яъне дағал бигӯем, сюжети мураттабе дорад, ки кори масалан, достоннависонро осон мекунад. Саргузашти ҳазрати Юсуф дар воқеъ қарнҳо сарчашмаи илҳоми аҳли эҷод дар тамоми ҷаҳон будааст. Қиссаву достон, шеъру роман, намоишнома, филм он қадр фаровон аст, ки шояд танҳо зикри унвони онҳо чанд ҷилд китоб шавад. Талмеҳ бар сураи "Юсуф" дар шеъри классики тоҷик низ аз ҳар ҳадду андоза берун аст. Шахсан барои ман ҷолибтар аз ҳама ин аст, ки Худованд худ дар Қуръон ин сураро ба унвони "зеботарин қисса" ("аҳсанулқиссас") ёд кардааст.
Болотар гуфтам, ки устод Фаррух ҳамеша камбуди асари театрӣ дошт. Фонди адабии тоҷикро агар таҳқиқ кунем, инсофан асарҳои театрии хуб кам нест. Вале устод Фаррух ҳамеша эҳсоси камбуди маводу материал мекард. Худаш дар сӯҳбатҳои хусусӣ инро мегуфт. Ва ин ҷо буд, ки песаҳоеро аз классикаи ҷаҳонӣ пайдо мекард, онҳоро мутобиқ бо воқеъиятҳои Тоҷикистон тағйир медод, аз худаш изофа менамуд ва ба тамошогари тоҷик ироа месохт.


"Юсуфи гумгашта…" замоне рӯйи саҳна омад, ки ба далоили маълум дар ҷомеаи Тоҷикистон як ҷӯшу хурӯши фарҳангӣ, руҷӯъ ба ҳама падидаҳои миллӣ ва худҷӯиву худшиносиҳои миллӣ дар авҷ буд. Ман умуман "Юсуфи гумгашта.."-ро на танҳо беҳтарин асари Фаррухи Қосим, балки чизе болотар аз он мешиносам. Чизе мисли оне ки русҳо мегӯянд: "лебединая песня". Чизе мисли васиятнома. Ба Маҳмудҷони Воҳид бахшида шудани ин  асар низ иқдоми рамзӣ буд. Ишора ба яке дигар аз гумкардаҳои мост, ки шояд камтар ба қадраш расида будем. Ишора боз ба як марди шариф бо марги фаҷеъ ва мармуз.


- Ман диққат кардам, ту чанд бор аст, ки "асари устод Фаррухи Қосим" мегӯйӣ. Манзурат ҳамон намоиш аст ё…


- Манзурам танҳо намоиш нест. "Юсуф"-и устод Фаррухи Қосим бо он ки бар асоси достони "Юсуф ва Зулайхо"-и Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳия шудааст, танҳо он достон нест. Ҳатто метавон гуфт, ки он достон нест. Гирифтаҳое, иқтибосоҳои зиёд аз Қуръони карим, осори Румӣ, Ҳофиз ва дигар бузургони шеъри классик дорад, аммо дар асл асари худи устод Фаррух аст. Намоишномаи "Даҷҷол", "Шоҳ Фаридун" ва "Исфандиёр" низ асарҳои худи устод Фаррух ҳастанд. Наивштаҳои дигаре ҳам дорад. Устодро метавон яке аз барҷастатарин драматургҳои тоҷик эълон кард. Ман борҳо ба устод пешниҳод карда будам, ки иҷоза диҳад, то масъалаи узвияташро дар Иттифоқи адибони Тоҷикистон матраҳ созам, вале бо табассуми малеҳе, ки хоси ӯ буд, қатъан мухолифат менамуд. Ҳайф, ки ин корро накардем…


Фарҳанги тоҷик монеи истилои русҳо


- Ба ҳар сурат боз ҳам ҷойи шукр аст, ки Фаррухи Қосим дар зиндагӣ он шӯҳратеро, ки сазовор буд, ба даст овард. Театри "Аҳорун" ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод. Театри тоҷик камобеш дар саҳнаи ҷаҳонӣ худро матраҳ кард.
- Бале, ҷойи шукр аст. Аммо ин ҳама баъдҳо воқеъ гардид. Дар оғоз чизҳои дигар дар миён буд. Ман яке аз фестивалҳои театриро, ки замони шӯравӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ба ёд меорам. Яке аз спектаклҳои устод, чуноне ки мегӯянд, "фаворит"-и тамошогари тоҷик буд. Ҳамагон мутмаин буданд, ки ҳамон спектакл ҷойи аввалро хоҳад гирифт, роҳаш боз ва баъдан дар дигар театрҳои шӯравӣ иҷро хоҳад шуд. Аммо ду мунаққиди театрӣ, ки аз Маскав омада буданд, назарашон бар назари ҳамаи аҳли театри тоҷик ғолиб омад ва дар он озмун спектакле ғолиб шуд, ки шояд барои як театри маҳаллӣ хуб буд, аммо онро дар қиёс бо кори устод Фаррух намешуд ҳатто рақиб шинохт.
Ин кори мунаққидони рус аз ноогоҳӣ набуд, балки  баръакс, кори санҷида, аз қабл барномарезишуда ва ҳадафманде буд. Ин иқдом дар ҳошияи сиёсати онрӯзаи Русия буд, ки худро аллакай ҷудо аз Иттиҳоди Шӯравӣ медид. Як шарқшинос ва туркшиноси маъруфи рус аст бо номи Василий Радлов, ки дар асл ҷосуси маъмури императории Русия буд. Вай тақрибан саросари Осиёи Миёнаро қадам ба қадам гашта, таҳқиқ карда ва ҳама дидаву шунидаҳояшро мактуб кардааст. Он осоре, ки аз вай мунташир шудааст ва бояд бигӯям, ки ҳатман осори манташирношуда ҳам дорад, то ҳадде дақиқ аст, ки баъзан ҳатто шумораи гову гӯсфандҳои қишлоқҳои Бухорои Шарқиро навиштааст.
Ин шарқшинос дар ҷойе менависад (албатта, узр мехоҳам, ки ҳоло наметавонам гуфтаҳои ӯро айнан иқтибос орам), дар Осиёи Миёна  фарҳанги иронӣ-исломӣ бо фарҳанги ақвоми кӯчӣ ва бадавӣ дар ҳоли муқобила мебошад ва то вақте ин фарҳанги кӯчӣ ва бадавӣ зинда аст, бояд ба он ёрӣ кард, то аз густариши фарҳанги иронии исломӣ дар минтақа пешгирӣ шавад.
Тасаввур мекунӣ, инро як олими шарқшинос навиштааст! Ин навишта, дар воқеъ, як тавсияе барои ҳукумати шоҳии Русия буд. Он "шарқшиносҳо" хуб дарк карда буданд, ки фарҳанги исломӣ-иронӣ як омили ҷиддии муқобила бо истилои бегонагон дар минтақа аст ва аз ин ҷост, ки мехостанд пеши роҳи густариши онро бигиранд. Ба ҷояш фарҳанги сода ва безарари  ақвоми кӯчӣ ва бадавиро ривоҷ диҳанд.
Аз мавзӯъ дур рафтам, вале зикри ҳамон озмуни театрӣ маро ба ёди ин масъала андохт. Устод Фаррухи Қосим хеле ошиқи унвону ҷоиза ва мақомҳо набуд, вале он вақт хеле нороҳат ва шӯрида шуда буд. Бар хилофи хислати ҳамешагӣ болои саҳна рафт, як посухи хеле маҳкаму қатъӣ ба он мунаққидони маскавӣ гуфта буд.


"Бачаҳои" Фаррухи Қосим


- Ва инак саволи охирин. Дар ин сӯҳбат борҳо "бачаҳои устод Фаррух", "шогирдони устод" гуфтӣ. Ин вожаҳоро дар матни мусоҳиба ба ҳамин шакл бигзорам?
- Бояд чӣ мегуфтам?


- Ман намегӯям, ки бояд мегуфтӣ. Аммо магар дар ин мавридҳо таъбирҳои дигар, аз қабили ҳунарпешагони театри фалон, актёрони театри фалон, труппа  ё  гурӯҳи театрии фалон намегӯянд?


- Не, бигзор ҳамин хел бошад. Ман фикр намекунам, ки бачаҳои "Аҳорун" аз ин таъбирҳо биранҷанд. Аввал ин, ки устод Фаррух худаш шахсан ба онҳо дар айёми донишҷӯйӣ дарс дода ва аз ҳамон вақт ният карда буд, ки бо онҳо як театреро бунёд хоҳад кард. Худаш инро ба ман гуфта буд. Бачаҳои театри "Аҳорун" дарсҳои устодро чун беҳтарин ва муфидтарин соатҳои ҳаёти донишҷӯии худ ёд мекунанд. Баъдҳо ҳам устод ҳамеша ҳангоми "читка"-и асарҳое, ки мехост ба саҳна биёрад, барояшон дарси, масалан, ирфону тасаввуф мегуфт. Он айём дигар касе таълими ирфону тасаввуф мекард? Шояд танҳо устодон Шарифҷони Ҳусейнзода ва Худойӣ Шариф дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистону чанд муллое дар деҳоти кишварамон.
Устод Фаррухи Қосим труппаи театри "Аҳорун"-ро аз овони наврасии онҳо таҳти сарпарастии худ гирифт ва то охири умраш бо онҳо буд. Ман гувоҳам: воқеан пайваста дар фикри онҳо буд ва ғами онҳоро на камтар аз бачаҳои худ мех?рд. Барои ҳамин мегӯям "бачаҳои устод", "шогирдони устод". Агар бо бачаҳои "Аҳорун" тамос бигирӣ, мебинӣ, ки онҳо бо дигар ҳунарпешаҳои театр ва синамои тоҷик фарқ доранд. Ҳар кадомашон як каме Есхил, як каме Суқрот, як каме Румӣ, як каме Хайём, як каме Молер, як каме Шекспирро дар худ доранд. Зеро онҳо устод Фаррухи Қосимро дар худ доранд. Ва агар воқеиятро гуфта бошам, ман худам ҳам аз шогирдони устод Фаррухи Қосим ҳастам ва аз ин ифтихор мекунам.


Душанбе-Бишкек-Душанбе

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)