Бахшҳо
03 фев 2012 07:56Сӯҳбати рӯз

Оқохони IV: Мухолифи секулоризмеам, ки дин ва ахлоқро аз ҷомеа берун мекашад

Шумо муваззафед бо ҳар касе, ки мардум интихоб мекунад ва то он вақте ки эҳтиром менамояд ҳамкорӣ кунед, ин он чизе аст, ки ман онро ахлоқи ҷаҳонӣ меномам.

 

Аз идора:

Чандест, ки танишҳои бесобиқа миёни донишмандон ва сиёсатмадорон дар мавриди созгории ислом ба низомҳои муосир ва донишҳоии кунунии дунё ба вуҷуд омада. Дар шароити нави муносиботи ҷаҳони ин таниш ва мухолифатҳо характери сиёсӣ ва систематикиро аз ҷониби пешвоҳои сиёсӣ касб кардаанд. Як чиз мушаххас аст, ки носозгории исломро бо низомҳо ва сиёсатҳои муосир пешвоёни сиёсӣ ва роҳбарони як қисм кишварҳо аз роҳи мутафаккирон ва донишмандонашон ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Аммо дар ин миён қурбонии ин танишҳо ва мухолифатҳо мардуми сайёра мешаванд ва рӯз то рӯз пароканиши нуқтаназарҳои хатарзо ва азҳамзудоянда мардуми сайра: мусалмонро аз номусалмон ҷудо мекунанд. Дар ин авохир дар заминаи мухолифати ҷомеаи ғарбӣ бо ҷомеаи исломӣ ва печида будани ҳадафҳои сиёсии Ғарб ба ҳадафҳои тамаддунияш мухолифатҳо ва танишҳоро зиёдтар гардонидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз терроризм, хушунат, худкомагӣ ва дигар аъмоли номақбулу ғайриинсонӣ дар асри навин ба номи ислом "мехкӯбӣ" мешавад. Ҳафтанома тасмим гирифт, ки дар ин баҳси тамаддунӣ як мусоҳибаи Шоҳзода Карим оқохони IV-ро аз шумораи 10 декабри соли 2006-и нашрияи "SPIEGEL", ки бар пайи як изҳороти пешвои масеҳиёни дунё Папа Бенидикти XVI сурат гирифтааст, бознашр намояд.

Карим Оқохони IV пешвои 20 миллион мусалмонони исмоилии ҷаҳон дар як суҳбати худ бо "Шпигел"-и олмонӣ асосҳои дини исломро ба баррасӣ гирифта,  баҳсеро атрофии изҳороти ахирини Папа дар мавриди ислом ва усулҳои ҷилавгирӣ аз як даргирии ҷаҳонӣ байини динҳо ва мазоҳиб ба миён гузошта буд.

(Анҷом, аввалаш дар шумораи қаблӣ)

SPIEGEL: Тавре дар гузашта собит шудааст, гуногунандешӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислом метавонанд  ба таври ҳамоҳанг вуҷуд дошта бошанд,  чаро имрӯз  чунин воқеият хеле кам иттифоқ меафтад?

Оқохон: Ман фикр мекунам ҳоло дар мо - дар олами ислом як вазъияти гуногунхел вуҷуд дорад. Дар олами ислом кишварҳои сарватаманд бо захираҳои бузург вуҷуд доранд, инчунин боз кишварҳои нави саонатӣ ва кишварҳои комилан қашшоқ низ вуҷуд доранд.

SPIEGEL: Амалкардҳои гуногуни демократӣ вуҷуд дорад ку.

Оқохон: Мардум дар бораи давлатҳое, ки мувофиқат намекунанд сухан мегӯянд. Ман гумон намекунам, ки давлат дучори номуваффақӣ мегардад, аммо мутмаинан  демократия метавонад номуваффақ шавад. Шикасти демократия хос барои олами ислом намебошад. Воқеан, ду сол пештар СММ дар Амрикои Ҷанубӣ таҳлили амиқи демократияро анҷом дод. Наздики 55 дар сади аҳолӣ дар давлатҳои Амрикои Ҷанубӣ гуфтанд, ки розиянд ба ҷойи ин ки дар демократияи номуносибу саропо коррупсия, ки вазъу шароити зиндагии онҳоро беҳтар намекунад, дар таҳти диктатураи падарсолорана (патернализм) зиндагӣ кунанд.

SPIEGEL: Аксарияти исмоилҳои Шумо дар ҳавзаҳои кишварҳое аз қабили Покистон, Афғонистон, Сурия ва Ирон зиндагӣ мекунанд, ки намешавад онҳоро кишварҳои демократии ормонӣ номид. Демократия чӣ кард, шикаст хӯрд?

Оқохон: Ман ҳамеша ба худам як суол медиҳам, ки оё мо метавонем  чанд фурми демократиеро таҳмил кунем, ки  ин фурмҳоро асоси кори ҳукуматҳо дар Амрикои Лотин, Африқо ва Шарқи Наздик қарор диҳем.

SPIEGEL: Ва чӣ фикр мекунед, посух чист?

Оқохон: Ман эътироф мекунам, ки дар як ҳолати ноумедӣ  зинадгӣ мекунам.  Чӣ маънӣ дорад дар ин нуқоти ҷаҳон гузаронидани як райъпурсӣ  миёни аҳолӣ, ки аслан хондан ва навиштан наметавонанд? Чи мантиқ дорад озмойиш (тест)-и  Қонуни асосӣ миёни мардуме ки фарқият байни низоми президентӣ ва салтанати машрута (монархияи конститусионӣ)-ро намедонанд? Интихоботҳо, Қонуни Асосӣ - ҳамаи инҳо заруранд, вале нокифояаанд. Ман фикр мекунам, ки мо бояд эътироф кунем, ки кишварҳо дорои таърихи мутафовит, фарҳанги иҷтимоии гуногун, ниёзмандиҳои мутафарриқ мебошанд ва ба ин манзур  мо бояд аз он чи ки ҳастем, бештар инъитофпазир бошем.

SPIEGEL: Демократия якпорча нест. Улгуи амрикоии демократия барои боқимондаи ҷаҳон нӯшдоруи ягона намебошад. Оё Ҷорҷ Буш метавонад вазъиятро бо усули махсуси худ бо барқарор кардани демократия дар шарқи Наздик шиддат бахшад? Оё ИМА ҳанӯз ҳам метавонад дар ҷанги Ироқ пирӯз шавад?

Оқохон: Ман дар мавриди  Ироқ хеле хеде нигарон ҳастам. Ҳамла ба Ироқ таъсир ба тамоми ҷаҳон аст, ки чунинаш то замони мо набуд. Ҳуҷум ба Ироқ тамоми неруҳоро дар олами ислом роҳонид, аз ҷумла муносибати арабҳоро бо ғайри арабҳо ва муносибати шиаҳоро бо сунъиҳо.

SPIEGEL: Шумо гуфтанийед, ки ин ҷанг пойгоҳи нави террористҳо ва инсонҳои ифротгарро эҷод кард?

Оқохон: Воқеан.  Ҷанг теъдоди зиёде аз мардумро дар олами ислом таҳрик дод, ки то ин замон онҳо дар даргириҳо иштирок надоштанд ва ба таври куллӣ ман фикр мекунам, ки онҳо намехоҳанд, ки чунин бошанд.

SPIEGEL: Шумо нуқтаназари профессор ва коршиноси амрикоӣ Валӣ Насрро, ки тавозуни қувваҳо дар олами мусалмонӣ таҷрибагирии як тағйироти қотеъе мебошад, ки шиаҳо метавонанд аз Бағдод то Бейрут як қувваи таъсиргузортар бошанд, ки дар оянда Шарқи Наздик вобаста аз ҷанг байни гурӯҳҳои мухталифи исломӣ бошад, ошкортар тавзеҳ медиҳед?

Оқохон: Вақте ҳуҷум ба Ироқ сурат гирифт ба мо гуфта мешуд, ки инҷо ду чиз мешавад: тағйири низом (режим) ва демократия. Хуб, кӣ вазъият дар Ироқро медонист, шумо инро чӣ гуна эҷод кардед, аммо ин чӣ маънӣ дорад?  Ин ба маънои бартарият(аксарият)-и шииаҳост, ки дар ғайри ин сурат наметавонистанд бошанд. Ҳар касе, ки баъди ин натиҷагирӣ мекунад, медонад, ки масъалаи баъдӣ  бартарияти шииаҳо дар Ироқ аст, барои он ки фикр кунем ин амал дар ин минтақа ба чӣ  хотир аст, дар олами ислом ба чӣ хотир аст ва ин барои муносибат бо Ғарб чӣ маънӣ дорад?  Ҳама чиз ба мисли рӯз равшан аст. Барои он ки бифаҳмед ин чӣ аст шарт нест, ки Шумо мусалмон ва ё олим бошед.

SPIEGEL: Ба фикри Шумо ин ки ҳукумати Буш ҷангро оғоз кард комилан ҷаҳолат ва содалавҳӣ буд. Оё ин ироаи демократия мебошад ё як тасмими стратегӣ дар мавриди ғасби ҳавзаҳои нафтӣ ва пойгоҳҳои низомист?

Оқохон: Кош метавонситам, ки ба ин суол посух бидиҳам.

SPIEGEL: Шумо бо пешвоёни мазҳабии Ироқ монади Оятуллоҳ Сиистонӣ ва ё пешвоёни мазҳабии Ирон тамос доред?

Оқохон: Мо бо шахсиятҳои муҳим дар ҳар ду кишвар  тамоси муқарарӣ дорем.

SPIEGEL: Чӣ бояд, кард, ки Шумо ба унвони як миёнҷӣ (миёнрав) ба минтақа биравед?

Оқохон: Ин амал дар ҳоли ҳозир яке аз увлавиятҳои мо намебошад. Имкон дорад, ки  мо шояд дар як рузи зебо барои бозсозӣ талош (иштирок) кунем.

SPIEGEL: Шумо чӣ гуна ҳамла ба Ироқро ба Афғонистон муқоиса мекунед, дар ҳоле, ки дар Афғонистон толибон бо ал-Қоида  дасти ба даст амал мекунанд…

Оқохон: …онҷо ман манзараи тамоман дигарро мебинам. Пеш аз ҳама низом (ҳукумат)-и Афғонистон он замон ба таври комил тақрибан мавриди нафрати мардум буд. Он ба ҳамон андозе барои суниҳо номатлуб буд, ки барои шиаҳо буд ва онро ман фақат аз назари зиндагии мутамаддин ба таври куллӣ ғайри қобили қабул медонам.

SPIEGEL: Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо муаммоҳо ва ҳолатҳои ҷиддӣ рӯбарӯст  ва ба назар мерасад, ки вазъият дар онҷо соат ба соат бадтар мешавад.  Мушкил чист? Ва Ғарб чӣ метавонад бикунад, ки вазъият босубботтар шавад?

Оқохон: Вазъияти амниятӣ дар воқеъ хеле нигаронкунанда аст  ва бадтар мешавад, хусусан дар ҷануби кишвар. Аксарияти пружаҳои мо  дар пойтахт ва шимоли кишвар аст, ки онҷо вазъият ҳарчанд, ки қонеъкунанда нест, аммо беҳтар аст. Мо онҷо метавонем, ки барқро аз тариқи Тоҷикистон таъмин кунем ва метавонем, ки онҷо хадамоти маъданиро фароҳам намоем. Мо барои ҷилавгирӣ аз хатар кӯшиш кунем, ки як қисм аз навоҳии хосе дар Афғонистон нисбати дигар манотиқ бозсозии сареътар шаванд. Агар чунин рушди руйдодҳо бо тақсимоти қавмӣ мутобиқат мекунад, пас Шумо онҷо як  мушкили дигар доред. Аммо мушкили асосӣ он аст, ки бештари мардум дар Афғонистон то ҳол беҳбудие дар зиндагии рӯзмара намебинанд.  Раванди барқарорсозӣ самимона ба назар намерасад. Мо дар эҷоди як фарҳанги умедбахш дар ин кишвар муваффақ нашудаем. Яке аз дарсҳои калидӣ, ки ман дар муддати ним асри кор дар кишварҳои дар ҳоли рушд омӯхтам, ин аст, ки ҷойгузин кардани умед ба ҷойи тарс, эҳтимолан яке муассиртарин тропплинҳои пешрафт бошад.

SPIEGEL: Раисҷумҳур Карзай дӯсти махсуси Шумо мебошад. Аксарияти мардум ӯро як пешвои заиф медонанд ва  як қисми дигар ӯро фақат "мири Кобул" медонанд, чароки ӯ наметавонад вазъиятро дар бештари қаламрави кишвар контрол намояд.

Оқохон: Мо бояд ҳамаи корро бикунем, то  ӯро ёрдам намоем. ӯ ягона умеди асосии мо мебошад. Ва ба ҷуз ин ӯ як пешвои интихобшуда аст ва ҳамчунин мо бояд бо порлумон низ кор кунем.

SPIEGEL:  Ҳатто агар ҷангсолорон ва аъзои собиқи Толибон  ба порлумони Афғонистон пешниҳод шуда бошанд?

Оқохон: Шумо ё натиҷаҳои демократияро қабул мекунед ё не. Дар ғайри ин ҳолат, пас шумо то ҳол аз демократияи мақбулу табъи дилатон (qualifying democracy) ҳарф мезадаед.

SPIEGEL: Ин ба он маъност, ки Ғарб бояд бо исломиёни тундрави Ҳаммос ҳам ҳамкорӣ кунад?

Оқохон: Шумо муваззафед бо ҳар касе, ки мардум интихоб мекунад ва то он вақте ки эҳтиром менамояд ҳамкорӣ кунед, ин он чизе аст, ки ман онро ахлоқи ҷаҳонӣ меномам. Аммо ҳоло ин дуруст аст, ки Ҳаммос дорои пешинаи низоъ мебошад.

SPIEGEL: ... террори ошкоро ...

Оқохон: ... аммо оё ин танҳо он замоне нест, ки ҳаракате, ки дорои чунин собиқа мебошад онро ба парламент табдил диҳем ва ҳатто дар ниҳоят масъули ҳукумат дар оянда бошад.  Иҷоза аст, ки ба унвони мисол дар бораи Ҷомо Кенятто ва ҳаракати Майу-Майуи он дар Кениё ва ё Кунгураи миллии Африқо дар Африқои Ҷанубӣ ба шумо ёдрас шавам. Ҳазфи омилҳои ифротгаройӣ ва ифротгароён метавонад, ки ба як дастури маъқул ва мантиқитари сиёсӣ биоварад. Ин тағйирот барои ман бештар яке чизҳои мақбул дар мавриди нажоди башарист.

SPIEGEL: Шумо президенти Сурия Башор Асадро хеле хуб медонед. Чанде пештар дар ҳузури ӯ дар Димишқ будед. Бо тафовут аз маъмурияти Амрикоӣ ва ҳукумати Олмон Шумо талош кардед, ки ӯро дар ҳалли  раванди сулҳ дар Шарқи Наздик шарик намоед.

Оқохон: Ман мехоҳам давлати Олмон ва кишварҳои дигари Аврупо ба қарор биёянд, ки аз Асад даъват кунанд, то дар раванди ин сулҳ ширкат намояд.  Раванди гузариш аз директионализми сиёсии даҳсола ин замон ба ҳаде муҳим аст, ки Шумо дар Олмони Шарқӣ  дида будед. Ман фикр мекунам, ки сабабҳои зиёде ҳастанд, ки бояд аз роҳи мо берун бираванд, барои ин ки Сурияро дар раванди гузариш аз гузашта ба оянда кӯмак намоянд.

SPIEGEL: Агар Шумо ба солҳои гузаштаи баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ назар андозед - ҷанги сард миёни Ғарб ва Шарқ, низои идеологӣ бо коммунизмро бубинед, метавонистед фикр кунед, ки ин низоъ як рузе ба низоъи миёни Ғарб ва исломиёни иртиҷоӣ табдил меёбад?

Оқохон: Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки аз биниш дар қолаби омӯза (консепсия)-и низоъи динӣ худдорӣ кунед. Ин он гуна низоъе, ки шумо мепиндоред, нест. Ҳеч кас ва ҳеч вақт наметавонад маро мутмаин созад, ки дини ислом, масеҳият, яҳудият, ки бо ҳам дар муборизаанд дар замони мо умумиятҳои зиёде дошта бошанд. Ана барои чӣ ман дар бораи ахлоқи ҷаҳоние ҳарф мезанам, ки ҳамаи моро муттаҳид менамояд. Маҳз барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки бо Калисои Католикӣ дар Португол ҳамкорӣ кунем. Барномаест, ки ба иммиганти ақалиятҳо равона шудааст.  Ман эҳсоси норизоятӣ аз ҷомеаро дарк мекунам, ки бисёре аз мусалмонҳои ҷавон эҳсос менамоянд ва фикр мекунанд, ки ҷомеаи ғарбӣ дар қасди ба ҳошия рондан ва саркӯб кардани онҳост.

SPIEGEL: Ҳукумати Олмон айнан як конфронсе бо ҳузури шахсиятҳо ва гурӯҳҳои гуногуни мусалмоне, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд ташкил кардааст. Чунин ҳамоишро шумо ба манфиат медонед ё он фақат худнамоист?

Оқохон: Мо метавонем бо роҳи чунин ҳамоишҳое, ки мардум аз динҳои гуногун бо ҳам машварат мекунанд ва ончиро, ки воқеан онҳоро таҳти таъсир қарор медиҳад, дарк мекунанд, ҷилавгирӣ аз суъи тафоҳумҳо кунем.  Баъди ин, шумо ҳангоме ки ҷурме содир мекунед  ва он чи метавонед анҷом диҳед, ин аст, ки сайъ кунед, то онро ба қафо боз гардонед. Ҳар касе, ки имони исломро медонад, барои мисол медонист, ки корикатураи пайғамбар чӣ қадар як таҳвини амиқ барои ҳамаи мусалмонҳост.

SPIEGEL: Боз ҳам, ҳамаи ин корҳоест, ки тавассути исломиёни тундрав мавриди озор қарор гирифт. Онҳо корикатурҳоеро ба миён оварданд, ки аз корикатурҳои аслӣ тавҳиномезтар буданд ва тӯдаҳоро таҳрик доданд.

Оқохон: Аммо ба ман гуфтанд, ки миёни муҳаррироне, ки матлаби мазкурро нашр намуданд баҳсҳое вуҷуд дорад, ки онҳо дар воқеъ медонистанд, ки чӣ кор мекунанд.  Онҳо як таваккалеро рӯйи даст гирифтанд ва боз касе вазифадор будааст, ки ба онҳо бигӯяд, ки ба ин вазъият биафтед? Ҳоло сухан дар бораи ҳусни ният (одобу рафтори муаддабона) меравад, ки комилан  мафҳуми дигар аст. Агар мо дар мавриди ҳусни ният дар ҷомеаи гуногунандешӣ ҳарф мезанем, пас шумо чӣ гуна метавонед онро ҳамчун мафҳуми мутамаддин густариш бидиҳед, вақте дар он  ҷаҳл аст.  Ва маҳз ба ҳамин далел ман ноумед мешавам, вақте мебинам, ки чунин вазъият давом мекунаду давом мекунаду давом мекунад.  Аз ин ҷост, ки ман наметавонам бовар кунам, ки ҳамаи ин баргирифта аз амали барқасдона нест.

SPIEGEL: Таҳрикомез, ғамангез ва хастакунанда мебошад. Аммо озодии матубот  яке аз арзишҳои барҷаста дар демократияи мо мебошад. Мо бояд мувозинати якеро дар муқобили дигаре таъмин намоем. Ва мо ғайримусулмонҳоро иҷоза медиҳем, ки то ҳато нуқтаназари асабоникунадаашонро изҳор намоянд.

Оқохон: Ман фикр мекунам, ки ҳоло шумо ба яке аз муаммоҳои аз ҳама муракабе, ки мо дорем ишора кардед ва ман посухашро намедонам. Ғарби саноатӣ бисёр секулоршуда аст. Ҷаҳони мусулмонӣ хеле кам секулорӣ шудааст ва бештар ба далели моҳияти имон ба исломе, ки шумо медонед ва ман медонам як пайванди дарунии  ба зиндагии ҳаррӯза дорад. Ва ин сенариест, ки мардум бояд бо хоҳиши худ дониста бошанд, ки хеле ва хеле бодиққат бояд буд.

SPIEGEL: Дар қисме аз суханрониҳои худ шумо аз Камол Отатурк дар заминаи мусбат ёдоварӣ кардаед. Туркия ба дунболи роҳи ӯ рафт ва бо аксарияти аҳолии мусалмон ҳоло аз камтарин кишварҳое аст, ки онҷо калисо аз давлат ҷудо мебошад.  Оё мехоҳед ки дигарон ҳам бо ҳамин роҳ бираванд?

Оқохон: Ман муқобили секулоризм ба унвони секулоризм нестам. Аммо ман муқобили он секулоризме ҳастам, ки дар он мафҳуми дин (эътиқод) ва ахлоқ ба содагӣ аз ҷомеа берун (нопадид) кашида мешаванд.

SPIEGEL: Аълоҳазрат аз Шумо барои ин мусоҳибаи муҳим ташаккур мекунем.

Мутарҷим:
Иршод СУЛАЙМОНӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)