Бахшҳо
06 фев 2012 12:06Гузориш

Ёров: Сайидмукаррам Абдулқодирзода розӣ аст, аммо…

Дар мурофиаи додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо ва райиси Шӯрои уламо, ки имрӯз соати 3 дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузашт, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки шахсан ӯ барои бекор кардани қарор нисбти оилаи Тӯраҷонзодҳо розӣ аст, аммо аъзои Шӯрои уламо розигӣ надоданд.

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» вакили мудофеи Тӯраҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод. Вай аз ҷумла гуфт: «Соати 15 мурофиа оғоз шуд ва райисикунанда пешакӣ огоҳ кард, ки имрӯз бо сабаби он ки ба тарафҳо мӯҳлати 10 рӯза оид ба созиш дода шуда буд, мурофиаи пурра оғоз намешавад. Баъдан, додгоҳ аз   Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсид, ки дар мӯҳлати 10 рӯз масъаларо чӣ гуна ҳал кардед. Саидмукаррам гуфт, ки шахсан ман барои бекор кардани қарори раёсати Шурои уламо ризо ҳастам, вале мутассифона, ҳарчанд, ки дигар аъзои Шӯрои уламоро занг задам ва оиди ин масъала пурсидам, онҳо розигӣ надоданд. Аз ин нигоҳ ман худам танҳо бе иҷозати Шӯрои уламо имкони бекор кардани қарорро надорам.

Дар ҷараёни мурофиа райиси Шӯрои уламо дархост пешниҳод кардааст, ки истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад. Ба боварии онҳо гап дар бори ҷиноят намерафтааст ва вақту соату дигар ҳолатҳои он муайян набудааст.

Аммо Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки дар қарори суде, ки бародарон- Тӯроҷонзодаҳоро ба суд дода буданд, аллакай муайян шуда аст, ки ҷиноят содир гаштааст ва вақту соат ҳамааш мушаххас омадааст.  Баъд суд мурофиаи додгоҳиро ба рӯзи чоршанбе, соати 10 муайян кард.

Мурофиа: Бе ҳузури рӯзноманигорон

Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин мурофиа рӯзноманигорон роҳ наёфтаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз сабаби он ки рӯзноманигорон дар мурофиаи судӣ ширкат карда натавонистанд, дар танаффус бо вакили дифоъ назди райис даромада ин масъаларо ба миён гузоштаанд. Райиси суд гуфтааст, ки ягон хел мамониат нест, касе мехоҳад, рӯзи чоршанбе то соати 10 ба толори суд омада, дар мурофиа ширкат кунад. Мурофиа ошкоро мегузарад.

Аз сабаби он ки масъалаи бекор кардани қарори райиси Шӯрои уламо дар мавриди муттаҳам кардани оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба мазҳаби шиа, ки инро раиси Шӯрои уламо ваъда дода буд, ба таъхир афтод, мавзӯи иҷозати хондани намози ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадия баррасӣ нашудаст. Дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта ҷониби даъвогар барои созиш се шарт гузошта буданд.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳоло танҳо баррасии таҳқиру тӯҳмат нисбати оилаи Тӯраҷонзодаҳо рафта истодаст. Иҷозати намози ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадия баъд аз бекор кардани қарори райиси Шӯрои уламо ба миён гузошта мешавад. Дар ҳоле, ки раиси Шурои уламо мегӯяд, ки ба бекор кардани қарор розӣ аст, аммо бе иҷозати намояндагони он наметавонад, минбаъд баррасии масъалаи таҳқиру тӯҳмат идома пайдо мекунад.

Фардо: Сулҳ ва ё идомаи мурофиа?

Раиси Шӯрои уламо гуфтааст, ки ба аъзои шуро занг задасту розигии намояндагони шуроро гирифта натавонистааст. Вале Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки аз руи маълумотҳое, ки доранд, бо як қатор аъзои Шӯрои уламо дар ин масъала умуман сӯҳбат доир нагаштааст ва ягон кӯшише ҳам нашудааст, ки ҳамин масъала аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ман фикр мекунам, чунин ҳолате буд, ки судро ба мӯҳлти 10 рӯз фиреб доданд ва боз мурофиаро ба қафо партофтанд, изҳор дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ин ҷаласа ҷаласи расмӣ набуд, давоми ба истилоҳ ҷаласаи оштӣ буд, мутаасифона, тарафи мухолиф ба суд эълон карданд, ки гуё аъзоҳои шӯрои уламо нахостанд, ҷамъ шаванд ва аз фикрашон ақиб гаштанӣ нестанд аз ҳамин хотир ҷаласаи шӯрои уламо баргузор нашуд: «Албатта, ман ба ин қавл бовар надорам, ки аксарашонро мо мешиносем, онҳо гуфта буданд, ки мо омодаем, ки дар ҷаласа гапҳоямонро гӯем, ба ҳар ҳол мо дар давоми мурофиаи судӣ талаб мекунем, ки аъзоҳои шӯрои уламоро даъват кунанд зеро мо медонем, ки ин баёния аз номи онҳо қалбакӣ сохта шудааст».

Ӯ афзуд, мутаасифона, шартҳои моро қабул накарданд, ман намедонам, барои чӣ 10 рӯз вақт гирифтанду шартҳоро қабул накарданд, ин тааҷубовар аст.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)